Муомилаи хуби табиб – беҳтарин даво

№34 (3984) 30.03.2019

фаафАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро мавриди таҳлил қарор дода, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ дастуру супориш медиҳанд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 омадааст, се соли оянда дар кишвар 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд мешавад.

Дар вилояти Суғд даҳҳо маркази ташхисию табобатии хусусӣ фаъолият мекунанд, ки бо имконоти техникиву табобат, кадрҳои соҳибихтисос ва муошират бо эҳтиёҷмандон, бо муассисаҳои табобатии давлатӣ рақобати солимро ба вуҷуд овардаанд. Дар шаҳри Истаравшан 14 муассисаи табобатии хусусӣ, ба монанди «АВИС», «Имрон», «Шифо», «Шифои комил», «Ар-Розӣ», «Мамлакат», «Додобоев», «Мадад» фаъолият доранд.

Чанде қабл ба Маркази ташхисию табобатии «Ар-Розӣ» корафтода шудаму имконияту хизматрасонии он таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб кард.

Маркази номбурда бино ба гуфти директори он Муродҷон Обидов, асосан ба ҷарроҳии ковокии шикам, амрози занона, рагҳои хунгард, чурабурӣ  ва ташхису табобати амрози дарунӣ мувофиқ гардонида шудааст. Он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳром Миркаримов, ки табиби силшинос аст, бунёд гардида, соли 2012 ифтитоҳ гардид.

Беморхона дорои 30 кат буда, шуъбаҳои амрози занона, ҷарроҳӣ,  бемориҳои пой ва таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили физиотерапия, нурҳои лазерӣ, плазмофарези табобатӣ, УЗИ, ФГС (дастгоҳи муоинаи меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта), таҳлилгоҳи лабораторӣ фаъолияти қобили мулоҳиза  доранд.

Зимни дар он ҷо қарор доштанам маълум гардид, ки аксари беморон аз деҳоти дурдаст ва шаҳру навоҳии атрофи Истаравшан мебошанд. Барои мисол, Муҳаммадзокир Ҷумъабоеви 60-сола, ки бо бемории атеросклероз бистарӣ буд, сокини деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич аст. Таи 10-12 соли охир ба ин беморӣ гирифтор шуда, борҳо табобат гирифтааст, вале бенатиҷа. Иқрор шуд, ки дар «Ар-Розӣ» дардаш хеле сабук шуд. Гулрухсор Бобоева аз деҳаи Далёни Поён, ки бо амрози  занона ҷарроҳӣ шудааст, мегӯяд, ки духтурон ва ҳамшираҳо бисёр меҳрубон буда, беморон дар сатҳи хубу сифати баланд табобат мешаванд.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон бо беморон изҳори нигаронӣ намуданд. Дар робита ба ин, зарур ва ногузир аст, ки табибон тахассуси худро такмил диҳанд, аз таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ бархӯрдор шаванд, масъулиятро дар мавриди табобати беморон эҳсос намоянд. Дар маҷмӯъ, беҳтарин даво барои бемор муомилаи хуби табиб аст, — мегӯяд Муродҷон Обидов.

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»