Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

№107 (3901) 01.09.2018

2018-01-22tourism-pngТаҳти ин унвон 26 августи соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмун баргузор гардид, ки дар он аз 7 ҷамоати деҳот теъдоди зиёди ҳунармандони халқӣ бо аъзои оила фаъолона иштирок карда, самараи ҳунари худ — маҳсулоти гулдӯзиву қӯроқдӯзӣ, сандуқсозӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, пазандагӣ ва ғайраро ба тамошо гузоштанд.

Масъулони ҳадаф аз ташкил ва баргузор намудани озмунро, пеш аз ҳама, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти ҳунармандони моҳиру чирадаст, мусоидат ба инкишофи бонизоми намудҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ дар оилаҳо ва баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа арзёбӣ карданд.

М. Мақсудов,  «Садои мардум»