Дар мавзӯи муҳим

Навад номгӯй дорувории пастсифат чӣ тавр ба бозори дохилӣ роҳ ёфт?

№145 (3939) 01.12.2018

1e69c8a3-0628-44e1-bcc5-3da89e41967e_670x0_resizeҚонунгузории ҷумҳурӣ барои ворид намудани дорувории пастсифат ва қочоқи он ҷазои сахт — аз 35 то 70 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз 2 то 5 сол ҳабс муқаррар кардааст. Ҳамчунин, дар сурати аз истеъмоли доруи пастсифат зарар дидани бемор, фурӯшандаи доруро аз 5 то 8 соли ҳабс таҳдид мекунад. 

Пӯшида нест, ки дар аксар маврид доруҳои пастсифату муҳлатгузашта ба тариқи қочоқ ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд.

Солҳои охир ин масъала сару садоҳои зиёд ба бор овард ва ҳатто Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз воридоти дорувории пастсифат, муҳлати истифодаашон гузашта, бо роҳи қочоқ ба ҷумҳурӣ воридгардида ва аз ташхис нагузашта изҳори нигаронӣ карда буданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита қайд намуданд: «Дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, аз иҷозатнома маҳрум карда, барои чунин амал ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад».

- Имрӯз шумораи дорухонаҳо, аз ҷумлаи  муассисаҳои «сердаромад» ба шумор мераванд, — афзудааст Маҳмадалӣ Давлатов — сардори Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фарматсевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Соли ҷорӣ зиёда аз 90 номгӯйи маводи доруворие, ки ҷавобгӯйи талабот набуд, аз фурӯш бозпас гирифта шуд. Танҳо дар давоми моҳи сентябр аз муассисаҳои профилактикӣ 57 номгӯй дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, ба миқдори 1513 адад, 32 номгӯйи маводи дорувории бе сертификати мутобиқат ба миқдори 421 адад дар асоси санад аз фурӯш боздошта шуд. Зикр гардид, ки аз ҷониби шуъбаҳои назоратии Сарраёсат низ санҷиш гузаронида, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар асоси 17 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 31 750 сомонӣ ҷарима шуданд.

Номбурда илова намуд, ки моҳи сентяб­ри соли ҷорӣ 21 423 кг маводи доруворӣ, тиббӣ, ороишӣ, гигиенӣ ва ғизои кӯдакон, ки ба талабот ҷавобгӯй набуданд, бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуданд.

Маҳмадалӣ Давлатов ба ин назар аст, ки ба ҷумҳурӣ ба тариқи қочоқ ворид гардидани маводи доруворӣ ва бе ташхис дар муассисаҳо ба фурӯш баровардани он дорои чанд сабаб аст, ки якеаш баланд будани андоз аз арзиши иловашуда мебошад. Ҳол он ки ин намуди андоз дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя вуҷуд надорад.

- Ҳар як маводи доруворие, ки ба тариқи расмӣ ба сарҳади  гумрукии мо ворид мешавад, намунаи он барои ташхис ба Хадамот пешниҳод мегардад. Баъди дар ташхисгоҳ дида баромадан ва ҷавобгӯ будан ба талабот ба онҳо сертификати мутобиқат дода, аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмияти гумрукӣ дароварда мешавад, — гуфт ӯ.

Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар давоми соли равон 7 ҳолати воридоти ғайриқонунии доруворӣ ва маводи тиббӣ ба қайд гирифта шудааст. Оид ба ин ҳолатҳо 2 парвандаи ҷиноятӣ ва 5 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудаанд.

Манбаъ менависад, ки кормандони Хадамоти гумрук аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи қарорҳои суд ба маблағи 6 ҳазору 551 сомонӣ ҷарима таъин намуда, ба маблағи 6 ҳазору 620 сомонӣ доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро мусодира карданд.

Дорусоз Зармина Мастибекова, ки зиёда аз 10 сол таҷрибаи корӣ дорад, харидоронро низ дар беаҳамият будан ва талаб накардани варақаи иҷозати фурӯш ва маълумот гирифтан дар мавриди муҳлати дору аз фурӯшандаи дорухона гунаҳкор медонад. Ӯ изҳор дошт, ки агар шахс ҳангоми хариди дору ба муҳлати он диққат диҳад, шояд кормандони чунин даргоҳҳо низ ҷиддитар фаъолият намоянд.

Воқеан ҳам, шаҳрвандонро мебояд, ки дар вақти харидории дору ҳатман сертификати онро талаб кунанд. Дар ҳолати пешниҳод накардани сертификати дору, таъсир накардани дору ба бемор, доруи муҳлати истифодааш гузаштаро мушоҳида кардан мизоҷон метавонанд ба телефони боварии хадамоти зикршуда — 235 77 15 муроҷиат намоянд.

Манзумаи ФИРӮЗ, рӯзноманигор