Чанде қабл Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро дар таҳрири нав қабул кард. Дар он, аз ҷумла муқаррар шудааст, ки қуттӣ ё бастаҳои маҳсулоти тамокуе, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, минбаъд бояд дар бораи зарари истифодаи онҳо навиштаҷоти огоҳкунанда дошта бошанд. Ин гуна навиштаҷот на танҳо дар қуттиҳои сигарет, балки дар бастаҳои тамоку барои чилимкашӣ низ бояд мавҷуд бошад.
Дар банди 6 моддаи 5 ин қонун омадааст: «Маълумоти дар борпечи истеъмолии маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим ва нос дарҷгардида, набояд ҳар гуна истилоҳот, тавсифҳо, нишонаҳо, рамзҳо ва дигар аломатҳоро, ки бевосита ё бавосита оид ба камзарар будани маҳсулоти тамоку нисбат ба дигар маҳсулоти тамоку таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд меорад, дар бар гирад. Маълумоти зикргардида бояд чунин калимаҳо ё ибораҳоро, ба мисли «дорои миқдори ками қатрон», «сабук», «хеле сабук», «камтаъсир», «экстра», «ултра», ҳамчунин калимаҳо, нишонаҳо ва рамзҳое, ки маҳсулоти тамокуро бо маҳсулоти хӯрокворӣ (иловагиҳои ғизоӣ) шабоҳат медиҳанд ё бевосита ё бавосита вобаста ба таъми маҳсулоти хӯроквориро (иловагиҳои ғизоӣ) доштани маҳсулоти тамоку таассуроти бардурӯғ ба вуҷуд меоранд, дар бар нагирад. Маълумоте, ки дар борбасти истеъмолии маҳсулоти тамоку дарҷ гардидааст, набояд дорои акси маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, гиёҳҳои шифобахш, инчунин калимаҳо ё ибораҳое бошад, ки бевосита ё бавосита маҳсулоти тамокуро бо маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ ё гиёҳҳои шифобахш шабоҳат медиҳанд».
Дар қонуни зикршуда истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, дар дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ, дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, буфет), осоишгоҳ ва иншооте, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангию фароғатӣ гузаронда мешаванд, меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо, ҳама намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, истгоҳҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизонидашуда, бино ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ, майдончаҳои кӯдакон, нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ манъ карда шудааст.
Истифодаи қалён (калян) ё чилим низ аз ҷумлаи одатҳои бад аст, ки чун дигар маҳсулоти аз тамоку истеҳсолшаванда ба ҷамъият, хосатан ба солимии насли наврас, ки ояндаи миллат аз онҳо вобаста аст, зарари ҷиддӣ мерасонад. Дар маълумотҳои таърихӣ омадааст, ки қалён дар Ҳиндустон пайдо шуда, аввал ба кишварҳои ҳамсоя ва баъд ба ғарб, аз он ҷо ба кишварҳои Халиҷи Форсу империяи Усмонӣ паҳн гардидааст.
Тақрибан даҳ сол мешавад, ки дар Тоҷикистон низ қалёнро истифода мекунанд. Вале то ҳанӯз мақомоти дахлдори кишвар омори дақиқи истифодабарандагони қалён ва қалёнхонаҳоро надоранд. Ҳол он ки ҳаводорони он сол то сол меафзояд. Ҳарчанд ки солҳои охир воситаҳои ахбори омма зарару паёмадҳои бади чилимро дар матлабҳо дарҷ карда бошанд ҳам, пеши роҳи истифодаи онро гирифта натавонистанд. Қисме аз ҷавонон аз он ки қалён истифода мебаранд, як навъ фахр ҳам мекунанд. Инро аз аксҳои ҷавонон, ки ҳангоми дуд додани қалён дар саҳифаҳои интернетӣ гузоштаанд, ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Мутаассифона, духтарон низ аз он истифода мебаранд. Тибқи мушоҳидаҳо, қалёнхонаҳо аслан баъд аз нисфирӯзӣ ва бештар шом фаъол мешаванд. Қаҳвахонаҳое, ки дар Душанбе ба қалёнфурӯшӣ машғуланд, 40 навъи онро омода сохта, пешкаши мизоҷон мекунанд, ки аксаран аз тамокуи сабук ва меваҳои хушккардаи гуногун таҳия мешаванд. Дар шаҳри Душанбе барои истифодаи як маротибаи қалён мебояд аз 60 то 200-300 сомонӣ пардохт намуд.
Дӯстдорони қалён бар ин назаранд, ки он мисли носу сигор ба саломатӣ зарар намерасонад ва инсонро ба худ вобаста намекунад. Аммо сокини шаҳри Душанбе Муродбахши Баҳромзода, ки дар қалёнкашӣ таҷриба дорад, зимни суҳбат гуфт: «Ҳар нафаре, ки як маротиба аз он истифода бурдааст, дигарбора низ майли кашиданашро мекунад».
- Ҳоло ман кӯшиш дорам, то дигар аз қалён истифода накунам, чунки зарари онро эҳсос намудам. Аз таҷрибаи шахсӣ гуфта метавонам, ки агар қалёнро ҳар рӯз истифода баред, бе ягон шак зарараш аз сигор зиёдтар мерасад. Зеро, агар барои кашидани як сигор 3-4 дақиқа вақт сарф шавад, пас истифодаи якдафъаинаи қалён аз 1 то 4 соат давом мекунад, — изҳор дошт номбурда.
Воқеан ҳам, агар ба маводи таркиби қалён диққат диҳем, маълум мегардад, ки зарари он аз носу сигор кам нест. Фарқи қалён аз носу сигор дар он аст, ки дар дохили зарфи он, дар баробари тамоку якчанд навъ гиёҳу маводи хушбӯкунанда ҳамроҳ мекунанд, ки истифодабарандаро бештар ҷалб менамоянд. Дар зарфи қалён барои нарм ва хунук кардан, полудан ва мазагирии дуди тамоку об ва спирт ҳамроҳ мекунанд. Дар зарфи обдор бошад, як найча (трубка) пайваст шудааст, ки тавассути он дуд ба зери об рафта, ба воситаи қубури дигар ба сатҳи об ва пас аз он ба даҳон меравад. Кори полудан, яъне софкуниро аслан об иҷро мекунад.
Олимони амрикоӣ муайян кардаанд, ки дуди қалён дорои миқдори зиёди маводи зараровар аст ва об наметавонад онро безарар гардонад. Ин гуфтаро олимони Маркази саратоншиносии Олмон низ тасдиқ кардаанд. Дар Тоҷикистон ҳам зарар доштани қалёнро ба саломатӣ тасдиқ менамоянд. Дар робита ба ин, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои шуш Ҳакимахон Аҳмадова чунин изҳор дошт: «Ҳар гуна дуде, ки ба воситаи сӯзонидан ба вуҷуд меояд, ба саломатӣ безарар буда наметавонад.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки истифодаи муштараки чанд нафар аз як зарфи қалён хатари паҳншавии бемориҳои сироятиро бештар мекунад, зеро ҳангоми як маротиба кашидани қалён 30 миллиграмм дуд ба шуши инсон фурӯ меравад. Ин дар ҳолест, ки дар пастсифаттарин сигор чунин нишондод 2 миллиграмм аст. Ҳангоми истифодаи қалён ба шуши инсон бо дуд на танҳо никотин, балки дигар моддаҳо, ба мисли бензапирен, антрасен, формалдегидҳо, асеталдегид, кролеин, бензол, оксиди нитроген, металҳои вазнин (арсен, хром, сурб) ва оксиди карбон низ ворид мешаванд, ки ба саломатӣ зарари ҷиддӣ дорад. Бо сабаби он ки аз дастгоҳи қалёнкашӣ чанд нафар истифода мебаранд, сар задани бемориҳои тавассути луоби даҳон сироятшаванда аз эҳтимол дур нест. Дар маҷмӯъ, истифодаи қалён ба бемориҳои саратони шуш, дилу рагҳо, саратони лабҳо, бемориҳои сироятии сил, герпес ва гепатит гирифтор мекунад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»