Раҳмонқул Атоев: «Дурустии роҳи интихоб­намудаи вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро вақт низ муайян кард»

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

DSC00408Соли равон сокинони мамлакат 26 — умин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, дари сулҳу оромӣ ва тараққиёту шукуфоиро барои мардуми Тоҷикистон боз кард, таҷлил менамоянд. Онро барҳақ «Иҷлосияи наҷоти миллат» номидаанд. Яке аз иштирокчиёни он, депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикис­тон, ­даъвати ХII (солҳои 1990 -1995), узви Шӯрои ҷумҳуриҳои Шӯрои Олии ИҶШС, даъвати I (солҳои 1991- 1992 ) ва вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­даъвати I (солҳои 1995-2000), полковники мус­таъфии соҳаи амният Раҳмонқул Атоев буд, ки хабарнигорамон бо ӯ суҳбат орост.

- Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон чӣ хотиротеро пеши назари шумо ҷилвагар месозад?

- Пеш аз ҳама, шароити вазнини Душанбе, навбатҳои дурудароз барои нон, гаравгонгириҳо, куштор ва қонуншиканиҳоро… Бисёр ҳамватанон ночор касбу кор, хонаву дарро партофта, барои наҷоти пайвандон тарки диёр намуданд. Дар ҳар гӯшаи шаҳр гурӯҳҳои силоҳбадаст дучор меомаданд, ки ба кадом сохтор тобеъ буданашонро муайян кардан имконнопазир буд. Ин ҳолат мардумро ба таҳлука меандохт. Ҳама интизор буданд, ки кай сохторҳои давлатӣ барқарор мегарданду зиндагӣ ба низом медарояд.

- Аз баргузории Иҷлосияи ­таърихӣ кай ва дар куҷо огаҳӣ ёфтед?

- Аввалҳои соли 1992, баъди анҷоми кор дар Шӯрои ҷумҳуриҳои Шӯрои Олии ИҶШС, аз Москва баргаштему маро даъват карда, сардори шуъбаи КБД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таъин намуданд. Акбар Мирзоев — намояндаи Ҳукумати муросои миллӣ аз ман хоҳиш намуд, ки тартиботро дар шаҳр нигоҳ дошта, ба харобкорӣ роҳ надиҳам. Бетартибиҳо ба он ҷо низ расида буданд. Ҳар рӯз шоҳид будам, ки одамон гурӯҳ — гурӯҳ тарки Ватан мекарданд. Хушбахтона, сарҳад ором буд. Ҳамроҳи депутат аз шаҳри Турсунзода Хуҷааҳмад Хидиралиев хабари баргузории иҷлосияро фаҳмида, аз шодӣ чӣ кор карданро намедонистем. Дар ҳақиқат, баргузории иҷлосия зарур буд, вале аввал гуфта буданд, ки он дар пойтахт доир мешавад. Чун дар Хуҷанд баргузор шудани онро шунидем, маслиҳат кардем, ки тавассути Ӯзбекистон ба он ҷо равем.

8 ноябр бо мошини хизматӣ ба роҳ баромадем. Даҳшати ҷангро дар Ӯзбекистон низ бо чашми сар дидем. Дар сари роҳ чанд оилаи гуреза чордеворе бардошта, зери осмони кушод, бе бому дару тиреза зиндагӣ мекарданд. Мардеро дучор омадем, ки қариб 40 духтараки аз 7- 8 то 14 — 15-соларо аз водии Вахш ба як мошин бор карда гурезондааст…

Дар Ӯзбекис­тон кормандони амният ва Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳар сари қадам моро боз­дошта, ҳуҷҷат тафтиш мекарданд. Азоби зиёд кашидему ба Қасри Арбоб расидем.

- Шахсан шумо аз иҷлосия чӣ умед доштед?

- Умед зиёд буд. Он замон Ҳукумати муросои миллӣ, бо вуҷуди он ки аз ҳисоби вакилону шахсиятҳои шинох­та ташкил шуд, ҷумҳуриро идора карда наметавонист. Дар ҳар мавзеъ қувваҳое буданд, ки ҳукуматро эътироф намекарданд. Аз ин рӯ, зарурат пеш омад, ки як ҷо ҷамъ омада, маслиҳат кунем, бо такя ба анъана ва хиради аҷдодӣ ҳукумате барпо намоем, ки пеши ҷангро гирифта тавонад, гурезаҳоро баргардонад ва зиндагии осоиштаи мардумро таъмин кунад.

- Шиносоии шумо бо Пешвои миллат пеш аз баргузории иҷлосияи ­таърихӣ чӣ гуна буд?

- Муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дар давраи депутатӣ ҳамчун шахси донишманд,адолатпарвар, қавииродаву нотарс, ба ваъдаи худ устувор мешинохтем ва эҳтиром доштем. Пас аз Раиси Шӯрои Олӣ таъин шуданашон якбора чанд хислати дигарашон аён гашт ва боварӣ ҳосил намудем, ки дар интихоб хато накардаем.

Дар баромади нахустинашон таъкид намуданд, ки бояд ҳар чӣ зудтар Раёсати Шӯрои Олиро ташкил намоем ва баъд бо маслиҳат Ҳукумат­ро таъсис диҳем.

Оромиву осоиштагӣ, бахту саодати мардум ҳама ба шарофати роҳест, ки Пешвои миллат дар Иҷлосияи таърихӣ пеш гирифта, имрӯз идома медиҳанд.

Бинобар ин, аз сулҳу осоиш баҳра бурда, бояд дар роҳи муайянкардаи Пешвои миллат бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд собитқадам бошем.

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»