Рамзи ваҳдати миллат

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

Дарё мегирист,

Само мегирист, 

қуллаҳо мегиристанд,

Буттаҳо мегиристанд,

Сангҳо мегиристанд…

Дунё барои миллати заҷркашидаи тоҷик танг омад. Дигар дар лабони мардуми сарсахт ханда набуд, шодӣ ба хонааш намеомад, саодат ангушт ба дарвозааш намекӯфт. Табассум лабҳоро тарк гуфта буд, тифлон хандаро аз ёд бурданд. Абри идбор болои кишварро пӯшид ва аз дидаҳо борони яъсу ноумедӣ мерехт. Миллати соҳибтамаддун пора-пора шуда, ба ҷомаи гадой мушобеҳ гашт. Дигар ба оянда умед намонда буд. Қобил Ҳобилро кушт ва Рустам ханҷарашро ба синаи Сӯҳроб халонд. Аз гардани буридаи Сиёвуш ҳанӯз хун мерехт. Бегона наъраи шодӣ мезад, ба ҳоли зори тоҷик механдид, талош мекард, ки дарди ӯ бештар хурӯҷ ва аждаҳои дамон мардуми сарсахтро балъамаду зиндамондаҳоро ғулому хокдони бобоии эшонро бо ҳама сарват тасарруф кунад…

Кампири Асила шаб хоб дид: борони шадид борид ва баъди борон аз як гӯшаи осмон тиру камон болои кишвар фуруд омад. Он шаб тиру камон шабеҳи Рахши Рустам буд. Аз болои он ҷавони болобаланд, ҳушманд, паҳлавонпайкар ва зебое поин шуд, рӯ ҷониби кишвари сӯхта оварду саҷда кард. Хоки тафсида ва сиёҳшударо бӯсиду ба дида молид…

Кампир субҳи барвақт таҳорат кард ва ду ракъат намози шукрона хонд. Ба ягона духтараш рӯ овард.

- Гуландоми ҷон, муждагонӣ деҳ, оне ки имшаб ба тахти салтанат нишаст, фиристодаи Худованд аст, — гуфт ва хоби дидаашро ба фарзандаш нақл кард…

Ҳанӯз касе дар дунё хабар надошт, ки чӣ таҳаввулот аст. Ҳанӯз яъс дили пурандуҳи мардумро тарк накарда буд. Неруи барқ набуд, телефону телевизор дуруст кор намекард. Пардаи зулмот ҳама ҷоро пӯшонда буд. Тарс шоҳ буду ноумедӣ вазир… Тоҷики гуреза дар кишвари бегона ҷон меканд. Ва аз дуриҳо нолаи пур аз сӯзи онҳо гӯши фалакро кар мекард:

Дарёи калон меравӣ, як дам ист,

Дар шаҳри шумо ғариба пурсидан нест.

Дар шаҳри шумо ғариб агар кушта шавад,

Дар пояи тобути ғариб мотам нест.

Шоирони ҷигарсӯхтаи миллати заҷркашида дар кӯчаҳои сӯхтаву холии шаҳрҳои мулки мотамзада бо чашми гирён мечархиданду бо сад алам мехонданд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?

Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор,

Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?

Баъдтар аз шаҳри бостонии Хуҷанд-Терози ҷаҳон хабар омад, хабари хуш, умедворкунанда. Он ҷо вакилону бузургон роҳи наҷоти миллату давлатро ҷустанд. Шахсе лозим буд, ки кишвар ва миллатро наҷот диҳад. Ҳеҷ кас бори масъулиятро ба дӯш гирифтан намехост. Бовар надош­танд, ки чунин имконият даст медиҳад. Бовар надоштанд, ки аз як мулки сӯхта ва давлати дар вартаи нобудӣ қарордошта метавон мамлакат ва давлат сохт…

Ҷавони дар русто тарбиятгирифта ҷасурона ба майдон қадам гузошт. Қадамаш устувор буд ва ба ояндаи миллат ва кишвари сӯхта умед дошт. Ӯ рисолати худро дарк карда буд. Ӯ ҷонфидои миллат — ­Эмомалӣ Раҳмон буд…

Ҳоло ки рӯ ба рӯйи мусаввараи ӯ қарор гирифтаам, чашмони хирадмандаш, ки пур аз дард мебошанд, ба нуқтаи номаълум дӯхта шудаанд. Дар умқи чашмони ӯ дарк менамоям ғаму дарди беинтиҳоро… аламу ранҷ…

Аз пешонаи паҳну зебояш нур мерезад ва атрофу акнофро рӯшан менамояд. Мусаввара дар ангора ба як пайкараи бузург мубаддал мегардад. Қомати ӯ аз қуллаҳои баланди кӯҳистон болотар меравад. Сар ба осмонҳо мекашад ва нури чеҳраи мунаввараш саропои кишварро рӯшан месозад. Ва он нури созанда ба ҳар ҷое мерасад, вайронаҳо обод мешаванд, шикастаҳо ба ҳам меоянд, даридаҳо руфӯ мешаванд. Шаҳрҳои калону хурд бунёд мегарданд. Мардуми пароканда ба ҳам меоянд. Ва аз дуриҳо мешунавам овози кампири Асиларо.

Ин муҷассамаи наҷоти миллат аст!

Ин муҷассамаи бунёди давлат аст!

Ин муҷассамаи нумӯи кишвар аст!

Ин муҷассамаи Ваҳдати миллат аст!

- Хоби дидаам рост баромад, эй мардум!

Ӯ ҳамон ҷавони зебо ва аз худ гузашта аст, ки имрӯз ба рамзи Ваҳдати миллат табдил ёфтааст.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»