Рушди чорводорӣ зиндагии мардумро беҳтар кард

№95 (4045) 06.08.2019

DSC_7553Деҳаи Ҳасанбегӣ дар деҳоти ба номи Сайидмуъмин Раҳимови ноҳияи Темурмалик ҷойгир аст. Аҳолии он 1615 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 812 нафараш зан мебошанд. Масоҳати умумии деҳа 1000 гектар буда, аз он 400 гектар чарогоҳ ва 600 гектар замини  корами лалмӣ аст. Саршумори чорвои сокинони деҳа ба 4523 сар мерасад.

Раиси Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Ҳасанбегӣ» Абдуғаффор Тешаев иброз намуд, ки солҳои  пеш дар фасли тобистон ва аввали тирамоҳ, бинобар норасоии об, мушкилии  зиёд пеш меомад. Дар маркази деҳа ҳавзи гилине  буд, ки ба манбаи микробҳо табдил ёфта, мардум аз ноилоҷӣ оби онро ба чорво медоданд. Агар борон мешуд, сокинон оби новадонро дар зарфҳо ҷамъ намуда, истифода мебурданд.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) фаъолият мекунад, дар ҷойи ҳавзи гилин ҳавзи калони бетонӣ сохта шуд. Баъдан ба Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Ҳасанбегӣ» трактори тамғаи МТЗ-82/1, ядак (тележка), испор ва алафдараваки ротории тракторӣ ва барои барқарорсозии ҳолати табиии чарогоҳ симтӯру пояҳо дастрас шуд. То ин дам аз сабаби нарасидани техника ва мошинолоти кишоварзӣ сокинони деҳа кишт ва коркарди зироатҳои хӯроки чорворо сари вақт ба анҷом расонида наметавонистанд.

- Пас аз дастрас намудани техникаву таҷҳизот таъмину захираи хӯроки чорвои сокинони деҳа беҳ гардида, ба тариқи ҳашар дар канори ҳавзи бетонии дар доираи лоиҳа сохташуда ҳавзи дигар бунёд карданд. Ҳаҷми умумии  оби дар ҳавзҳо захирашуда 400 тоннаро ташкил медиҳад, — мегӯяд Абдуғаффор Тешаев.

Аҳли деҳа мақсад доранд, ки бо  беҳтар  шудани вазъи иқтисодӣ бо роҳи ҳашар боз як ҳавзи бетонии дигар созанд. Он гоҳ захираи об тамоми сол барои чорво мерасад. Бо мақсади таъмини аҳолии деҳа бо оби ошомиданӣ аз масофаи 2 километр тавассути лӯлаҳо оби чашма оварда шуд.

Муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷаев иброз дошт, ки Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Ҳасанбегӣ» барои пешбурди фаъолият бо васоити корӣ, аз ҷумла, мизу курсӣ, ҷевони ҳуҷҷатнигоҳдорӣ, компютер, принтер ва навигатор таъмин шуд.

Дар доираи маблағгузории грантии марҳилаи дуюми лоиҳа ин гуна кумак ба Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Қазоқ» низ расонида шуд. Яке аз чорабиниҳои муҳими соҳаи чорводорӣ безараргардонӣ ҳангоми ба чарогоҳи тобистона рафтану бозгаштани чорво мебошад. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани он маблағи зиёд зарур буда, на ҳама хоҷагиҳо имкони бунёди  инфрасохтори  онро доранд. Аз ҷумла, дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара чунин иншоот мавҷуд набуд. Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар деҳаи Остонаи деҳоти мазкур ҳавзи калони шустушӯю безараргардонии чорво сохта шуд. Дар ҳамкорӣ бо МД «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорвои дигар хоҷагиҳо низ бо  пардохти маблағи  муайян дар ин ҳавзҳо шустушӯй мешаванд.

Ҳамоҳангсози лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Тӯрақул Муродов  иброз дошт, ки барои ҳавзи шустушӯи чорво аз масофаи 8 километр об оварда, тибқи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ инфрасохтори зарурӣ сохта шуд. Ба Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони «Остона» низ трактори тамғаи МТЗ-82/1, тойбанд, испор ва алафдарави тракторӣ дастрас шуд.

Ба гуфти сармутахассиси лоиҳа дар ноҳияи Данғара Хушбахт Ҳасанов, аз маб­лағи барои шустушӯй ва безараргардонии чорво ғуншуда роҳҳои чорвогузар таъмир шуда истодааст. Бо ёрии техникаи мавҷуда дар баъзе аз мавзеъҳо  роҳро сангфарш мекунанд. Дар нақша аст, ки оянда дар наздикии дарёи Оби Тоҳир, ки аз канори  деҳа  мегузарад, ҷойи дамгирии чорво созанд. Бо ин мақсад майдонеро интихоб карда, дар атрофи он беду сафедор  шинониданд.

Ба чорводорони ҳамсоядеҳаи Оламафрӯз низ дар доираи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» трактору испор, қуттии махсуси  сарфакунандаи об (Waterbox) ва дигар таҷҳизот дастрас шуд. Дар маҷмӯъ, амалишавии лоиҳа ба рушди соҳаи чорводорӣ дар минтақаҳои зерҳадаф мусоидат карда, боиси некуаҳволии сокинони деҳот гардид.

Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ