Корнамоиву диловариҳои ҳамватанон дар саҳифаҳои таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Яке аз онҳо Муҳаммадӣ Ҳамроев аст.
Ӯ 10 сентябри соли 1925 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира шаҳри Ваҳдат) таваллуд шудааст. Волидонаш чорводор буданд. Солҳои 1936 — 1941 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Орҷоникидзеобод таҳсил ва як сол дар мактаби ҳафтсолаи ноҳияи Қизил Мазор ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст.
Соли 1942 Муҳаммадӣ Ҳамроевро барои таҳсил ба Омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Катта-Қӯрғони Ӯзбекистон фиристоданд. Соли 1943 ӯро командири взвод таъин намуданд. Моҳи ноябри ҳамон сол ба фронт рафт. Он ҷо низ роҳбарии взвод дар полки тирандозиро ба дӯш дошт.
Соли 1945, ҳангоми набард бо душман, аз пояш сахт захмӣ шуд, аммо то поёни ҷанг лейтенант Муҳаммадӣ Ҳамроев дар фронт буд.
- Сабақҳои талхе, ки ҷанги хонумонсӯз ба сари инсоният овард, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд, — мегӯяд М. Ҳамроев. — Ҳамаи ин моро водор месозад, ки сулҳу оромиро ҳифз кунем, ба қадри он расем ва насли ҷавонро дар рӯҳияи сулҳу субот, ватанпарастиву башардӯстӣ тарбия намоем.
Пас аз бозгашт ба Ватан Муҳаммадӣ Ҳамроев сарварии яке аз мактабҳои миёнаро ба зимма дошт. Аммо эҳсоси кунҷковӣ, меҳру рағбат ба илм ӯро ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Сталинобод бурд. Соли 1951 онро бомуваффақият хатм намуд ва бо ин ҳам қонеъ нашуда, то соли 1955 дар аспирантураи донишкада таҳсил кард. Солҳои баъдӣ дар донишгоҳҳои Тирмизу Сталинободу Тошканд ва Қӯрғонтеппа ба шогирдон дарс мегуфт. Рисолаҳои номзадӣ ва докториашро солҳои 60-70-уми асри гузашта ҳимоя кард ва ба ҳайси профессори донишгоҳ фаъолият дошт.
Барои заҳмату ҷоннисориҳо Муҳаммадӣ Ҳамроев бо орденҳои «Ҷанги Ватанӣ»-и дараҷаи 1, «Ситораи сурх» ва ҳашт медал қадрдонӣ шудааст.
Муҳаммадӣ Ҳамроев ҳоло дар иҳотаи фарзандону набераҳо давлати пирӣ меронад. Ба онҳо аз рӯзҳои сахти ҷанг ҳикоя карда, ба гиромидошти сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвар ҳидоят менамояд.
Бо гузашти солҳо арзиши муборизаҳои абармардони майдони ҷанг дар қалбҳо боз ҳам бештар ва барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад.
Сангимурод ИЗЗАТОВ, омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар, Камолиддин Муҳиддинов, подполковник