Шаҳсутунҳои хонадони оли малик

№34 (3984) 30.03.2019

0-02-06-5aa7246001cac5bff948f91b4dcc30e2246da3b20f1ebadeb4b1fd78efd3b8a0_fb3e5f4bДар китобе хонда будам, ки фарде факур ва хирадварз фармудааст: «Инсон тасодуфан хуб буда наметавонад». Ҷумлаест пурмаъно ва рамзе дар он нуҳуфта, ки хонандаи андешамандро водор ба таҳқиқи маънӣ ва чунучарои зиёд менамояд. Агар кушкеву манзиле чашмгиру муҳташам бо дару девори мунаққаше ороставу пероста мебинем, боястӣ бипурсем: кадом устои мумтозе тарҳи онро андохтааст? Аҳсант ба дастони эъҷозкори ӯ!

Инсон ё инсонҳои хубу шоиста низ моно ба ҳамон манзил, ба ҳамон қаср ё кушки зарандуданд. Хубу шоиста, яъне зебоӣ, хирадмандӣ, накукорӣ ва роҳатрасонии онҳо ба ҳамзоти хеш ва ҷомеа дар аксар маврид, тасодуфан пеш намеояд: реша дар умқи замини борвар, дар гавҳари асли ниёконаш дорад.

Ман Маликмансур Раҳматов зимни суҳбат ба мавзӯи зикршудаи боло рӯ овардем. Бештар таърихи ҳудудан садсолаи гузаштагонашро варақгардон кард. Бо хоҳиши банда аз умри бобаракат ва хизмати нимасра дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ низ ҳарф зад. Гуфт, ки дар остонаи 80-и умр қарор дорад ва беш аз панҷоҳ соли ҳаёташ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон сипарӣ гаштааст. Ӯ дар ташкили Артиши миллӣ, ба вижа дар истиқрори қӯшунҳои он дар мавзеи бисёр муҳими мамлакат, нуқтаи ниҳоии саргаҳи Зарафшон вазифаи масъуле бар дӯш дошт.

Пас аз хатми муқаддимаи гуфтор бо ӯ ба суолҳои зер рӯ овардам.

- Ҷасорат ва ватандӯстии шумову фарзандону бародаронатонро ниҳоят қавӣ ва побарҷо эҳсос менамоям. Вақти он расидааст, ки ёде аз гузаштагон намоед, то рӯҳи онҳо шод ва оинаи ибрате барои имрӯзиён гардад.

- Падарам Маликраҳмат, фарзанди Муллоқурбон, бобобузургонамонро Маликиён ё Маликзодаҳо мегуфтаанд дар Падаск, дар Кӯҳистони Масчоҳ ва ҳатто берун аз он. Дусад сол боз номи неки хонадон вирди забони халқ буду ҳаст. Асноду ҳуҷҷати аз падар меросмонда аз ашроф, аҳли илму ҳилм ва соҳиби замину чорво ва боғу роғ будани бобокалонҳоям башорат медиҳанд. Падар шуғли тоҷирӣ ҳам доштанд. Дар саховат ва ёрмандӣ ба бекасу бечорагон пулу молро ҳаргиз дареғ надоштаанд, аммо ҳама фоҷиае, ки ба сари қиблагоҳ ва хонадон омаду моро мусофиру овора сохт, марбут ба солҳои нангини сию ҳафту чили асри гузашта аст.

Бобохон Ҳамдамов ҳамон солҳо мансабҳои хеле баланди ҷумҳуриро ба уҳда дошт. Ниҳоят одил, ҷасур ва оқил буд. Ба воситаи наздиконаш ба падар хабар мерасонад ва огаҳ мекунад: «Маликраҳмат, номи шумо дар рӯйхати кулакҳо афтодааст. Аздусар, молу мулкатонро яксара мусодира мекунанд, аммо дар фикри ҷони хеш ва фарзандонатон бошед.

Падар ба гӯшае аз вилояти Самарқанд рӯ меоранд.

- Чаро ба ҷои дигар нею ба вилояти Самарқанд?

- Падар дар ҷавонӣ, дар яке аз мадрасаҳои ҳамон шаҳр таҳсил карда буданд ва ошноиву муҳаббат ба он марзу бумро доштанд. То таскин ёфтани шиддати зулму тааддӣ ва бадарғасозии мардум қиблагоҳ чанд бор аз Самарқанд ба зодгоҳ рафтанд.

Билохира, бо аҳли хонавода дубора ба ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд рӯ меоранд. Он ҷо ҳабдаҳ сол дар масҷиди Тоҷикбисот, ки сиву ду ҳазор аҳолӣ дошт, имоматӣ мекунанду соли 1952 вафот.

- Чӣ дороӣ доштанд қиблагоҳатон?

-  Молу дороӣ ҳама мерос аз бобову бобокалонҳо буд. Масалан, тибқи нишондоди васиқаҳо бо 282 сар гӯсфанд, чанд сар аспу гов, чордаҳ гектар заминро мусодира карданд. Боз ҳам сипос Худо ва сарнавиштро, ки аксар аҳли авлод ва шахсан худам илми олӣ ба даст овардем. Хеле ҷаҳонгардӣ кардам, нафъам ба халқу миллат расид.

- Дар куҷо чӣ вазифаҳоро ба уҳда доштед?

- Аввал дар Магадан, дар Шарқи Дур – бахши шимолу шарқии Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати сарбозӣ (флоти баҳрӣ) ба ҷо овардам. Сипас, дар Магадан, дар коргоҳҳои моҳидориву коркарди моҳӣ коргар будам. Билохира, сарнавишт маро ба Тоҷикистон овард. Дар ноҳияи Восеъ ба кори ҳизбию давлатӣ пардохтам: симмати инструктори ҳизби ноҳияро ба уҳда доштам ва ҳамзамон бо иҷрои ин вазифа дар бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсилро идома додам. Дар умури ҳизбиву давлатӣ мақоми камина зина ба зина боло рафт. Дар Восеъ муншии Дастгоҳи котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳия будам.

- То ҷое ки огоҳам, дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ низ ифои вазифа кардаед…

- Донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, ба зодгоҳ, ки эҳтиёҷи шадиде ба кадрҳои соҳибихтисос дошт, баргаштам. Дар ноҳияи Масчоҳ аз соли 1970 то соли 1984 судя будам. Дар поёни ҳамон сол Додситони кулли ИҶШС аз тариқи гузариш маро додситони шаҳри Олмалики Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин намуд. Ҳудудан даҳ сол дар вазифаҳои зикршуда дар Олмалиқ ва Бекободи ҷумҳурии ҳамсоя фаъолият доштам.

Аз замоне ки худро шинохтаам, риштаи ҷонам ба домани кишвари гиромиям Тоҷикистон сахт пайванд аст. Бо тавсияи роҳбарияти Вазорати адлия ба Масчоҳ омадам. Ёвари аршади додситони ноҳия таъин гардидам. Дар Кӯҳистони Масчоҳ баъдтар додситон шудам. Соли дуҳазорум бознишаста шудам ва ҳоло давлати пирӣ меронам.

- Огоҳам, ки пайвандони Шумо, аз замони қабл аз Инқилоби Октябр, баъдан дар вақти ҳукумати Шӯравӣ ва имрӯз ҳам ба нури ақлу илм дар хидмати халқу ҷомеа қарор доштаанд.

- Дар оғози суҳбат ишора ба он дош­там, ки дар имтидоди се аср номи аҳлу авлоди Маликиҳо дар Падаск ва берун аз он дурахшидааст: бо дасту панҷаи расо дар деҳқониву боғдорӣ, молу ҳол парвардан, тиҷорат, илм андӯхтан дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро. Дар оғози солҳои сию чили асри гузашта барои хонадони мо, чуноне қаблан ишора намудам, парешоние пеш омад, аммо оҳиставу пайваста душвориҳо паси сар шуданд. Солҳои шасту ҳафтоди қарни сипаришуда тағои ман Искандаров Бурҳон Атоевич дар Душанбе аввалин директори техникуми ҳуқуқшиносӣ буданд ва пасон вазифаи ҷонишини вазири адлияи ҷумҳуриро ба уҳда доштанд. Он кас узви Суди Олӣ ва раиси Суди шаҳри Душанбе ҳам буданд. Мо, чанд тан насли нисбатан ҷавонтар аз тағоямон Муллобурҳон, аз ходими намоёни давлатӣ Ашӯров Ашӯр Ашӯрович дарси зиндагӣ ва сабақи муқаддаси хизмат ба Ватанро омӯхтем. Баробар бо тағо, амаки донишмандамон Саидмурод Мирзоев аввал дар ноҳияи Восеъ, сипас дар шаҳри Қӯрғонтеппа то поёни умр 35 сол раиси суд буданд.

- Оромгоҳи Саидмурод Мирзоев дар куҷост? Фарзандону пайвандонашро насими зиндагии парешонбози рӯзгор ба куҷо бурд?

- Ман он касро аз рӯйи ихлосу муҳаббат амак мегуфтам. Дар асл Саидмурод писарамак, устод ва мураббии ниҳоят меҳрубони ман ва чанд нафар аз хешу бегонагон буданд. Ҷавҳари инсонии ҳар шахс муҳаббат будааст, ки ин неъматро Худованд ба он кас бештар аз дигарон ато кард. Номи падарашон  Мирзомурод буд.

Худатон фикр кунед; чӣ тавр метавон аз хотир баровард падари Саидмурод – Мирзомуродову фоҷиаи нангини ба сарашон омадаро. Он кас дар солҳои аввали ҳукумати нав дар яке аз деҳаҳои болооби Зарафшон милитсионер буданд. Душманони ҳукумати нав он касро дар як шаби тору тираи пурнаҳс ба қатл мерасонанд ва ҷасадашонро зери сангу хок гӯр мекунанд, ҷиноятро мехоҳанд хокпӯш кунанд.

Саидмурод дар сесолагӣ ятим монд. Бобои модарии он кас раиси ҷамоати деҳоти «Водиф», шахси обрӯманду огоҳ аз илми наву куҳна, модару кӯдакро муддате зери қанот мегиранд, тарбият мекунанд. Пас аз қатли падар, модари Саидмуродро, ки зане босавод ва ниҳоят ҷасуру оқила будааст, раиси ҷамоати деҳоти «Палдорак» таъин мекунанд.

Саидмурод ҷавони доно, аълохон ва дар корубори зиндагӣ гиро будааст.  Аммо марҳилаи асосии камолоти илмӣ ва маънавии Саидмурод Мирзоев муродиф ба айёми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, таҳсил дар Техникуми ҳуқуқшиносии шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) ва пас аз хатми ин ниҳод раиси Суди ноҳияи Восеъ таъин шуданашон аст, ки ин ба солҳои шастуми асри гузашта рост меояд. Хушбахтона, дар Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) як хиёбони озодаву пурвусъат номи амакам Саидмурод Мирзоевро дорад.

- Афзун ба хислатҳои олияшон, аз рӯйи шунидаҳоям Саидмурод ниҳоят фурӯтан ва ҳамдаму ҳамнафас бо ашхоси одӣ, кишоварзу коргар, кашфдӯзу сартарош ва амсоли онҳо будаанд

- Ҳамин ҷасорату рӯинтанӣ ва ҳақталошӣ дар кор барояшон боре муҷиби дарди сар гардид: барои он ки дар идораи Суди шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) коргузориро ба забони тоҷикӣ ба роҳ монданд, барои он ки ниҳоят сахтгир ва одил буданд, байни Саидмурод Мирзоев ва чанд тан хусумат сар зад. Моҷароро то боло – то даргоҳи ҳукумати вақти ҷумҳурӣ (Комитети ҳизби коммунист) кашонданд. Калонҳо дар тараддуди муҳокимаи қатъӣ ва ҷазо додани раиси суд афтоданд. Мирзоеви мубориз фавран ба Маскав парвоз карданд ва пучу беасос будани туҳмату дасисаҳоро дар Вазорати адлияи Иттиҳоди Шӯравӣ исбот намуда, бо сари баланд ба Душанбе баргаштанд. Ҳатто дар ҳамин бора хабарнигори рӯзномаи «Известия» Юрий Сурков мақолае бо номи «Гуштингирӣ» ба нашр расонид.

- Аз рӯйи шунидам, дар бисёре аз гӯшаҳои Масчоҳ пайвандонатон хеле паҳн шудаанд…

- Ман ҳам аз ҳамин хусус мехостам ду-се ҷумла гӯям. Теъдоде аз фарзандону пайвандони хонаводаи Маликиён, аз сароғози Зарафшон то поёноби ин диёр, бо ину он сабаб муқими деҳаҳои Мад­рушкат, Роғ, Палдорак, Эсиз, Пастиғаву Ҳадишаҳру Ревомутк, Худгифҳои Болову Офтобу Соя шуданд.

Робитаи хешутабориро, сарфи назар аз муҳоҷират ба Дилварзин ва дигар маконҳо, мо, набераҳои Маликиён заррае қатъ накардаем. Дар ҳама шодиву ғам ба остонаи манзили дӯст қадам мемонем. Меҳр дар чашм аст, бародар, муҳаббат – муҳаббат меофаринад.

Дар ҳамин ҷо бояд бигӯям, ки дар миёни хурду калони маликзодагон амакам Саидмурод мисли гавҳар медурахшид. Дар Қӯрғонтеппа, аз макони зисташон, аз одитарин инсонҳо, то соҳибмансабони номии Душанбеву Кӯлобу Хуҷанд, ҳатто Маскаву дигар шаҳрҳои Россия бисёр дӯстони ҷонӣ доштанд. Чандин муқаддасоти инсонӣ амакро ёр буд, ки ду-сето аз он инъомҳои илоҳиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард: сурату сирати ниҳоят зебо, муҳаббат ба инсон, фурӯтании бамавқеъ ва ба худашон хос. Масалан, дар Қӯрғонтеппа, дар хиёбони хилвате чун ҳамроҳашон қадам мезадам, аз пешорӯ ягон мӯйсафеди ошно пайдо мешуд, бо лаби пурханда дар оғӯш мефишурданд, аз таҳти дил ҳолу аҳволашро мепурсиданд. Медонед, боре ҳангоми расидан ба остонаи манзилашон ба ман рӯй оварда гуфтанд: «Маликмансур, ҳамин ҳолу аҳволпурсии яклаҳзаина бо одамони одӣ, медонӣ, чӣ қадар шодӣ, қувват ва дилгармӣ ба зиндагиям мебахшад! Ана, акнун давоми шодиҳоро бо янгаату фарзандон ва фарзанди азизе чун шумову дигар меҳмонон тақдим мекунем. Одам ба одам – зинда! Ҳамин тавр не?…».

Суҳбаторо Мирзо Шукурзода