Агар хомӯш биншинем, гуноҳ аст

Таваллуд бояд бо дарназардошти шароит роҳандозӣ шавад

№141 (3935) 22.11.2018

СерфарзандиБисёр оилаҳо дар ҷумҳурӣ хушбахтиро дар тавлиди тифли зиёд медонанд. Тавлиди бармаҳали кӯдакро «доди Худо» гуфта, ба шароити вазнин ва вазъи иқтисодӣ худ аҳамият намедиҳанд. Андеша намекунанд, ки таваллуди пай дар пайи тифл ба саломатии зан ва кӯдак таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Нодира Авезоваи 24 — сола аз нафаронест, ки бе фосилаи муайян тифл ба дунё меораду аз мушкилот шиква мекунад. Номбурда аллакай соҳиби 5 фарзанд аст. Ба иқрори худаш зуд-зуд таваллуд кардан осон нест, аммо шавҳараш ӯро барои ин кор маҷбур мекардааст. Ин зан, ки дар ҷое кор намекунад, дар мавриди зиёну бармаҳал таваллуд намудани тифл маълумот надорад. Ӯ ҳатто фосилаи байни таваллуд ва роҳҳои пешгирии ҳомиладориро намедонад. Гарчанде зиндагии оилавиаш дар сатҳи паст қарор дорад, бо вуҷуди доштани панҷ фарзанд тасмим гирифтааст, ки тифли навбатиро ба дунё орад. Тавре аз суханони ӯ маълум гашт, шавҳараш барои беҳ намудани вазъи иқтисодии хонавода ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаасту тарбияи кӯдакон бар дӯши ӯст.

- Баъди таваллуди кӯдаки сеюм хеле асабӣ шудам. Гоҳе онҳоро ҳақорат мекунаму мезанам, зеро дар танҳоӣ тарбия намудани кӯдакон ва кору бори хонаро ба ҷо овардан хеле мушкил аст. Шавҳарам мегӯяд, ки вақте ҳомила шудӣ, ҳатман бояд таваллуд кунӣ, вагарна исқоти ҳамл гуноҳи азим аст. Ҳамеша дар хона таваллуд мекунам ва аз маслиҳати духтурон низ бенасибам, — гуфт ҳамсуҳбатам.

Коршиносон бар он ақидаанд, ки 25 дарсади занон дар Тоҷикистон фосилаи байни таваллудро риоя намекунанд. Духтури амрози занона Наргис Лачкарова зикр кард, ки бештари занон ба хотири таваллуди писар фосиларо риоя намекунанд.  Ҳол он ки аз нигоҳи тиб баъди таваллуд зан бояд то се сол ҳомиладориро пешгирӣ намояд.

- Мутаассифона, дар бештари маврид занон ин суханонро саҳл гирифта, амали худро такрор мекунанд. Аз ин рӯ, аксари онҳо ба амрози занона гирифтор мешаванд, ки солиёни зиёд табобат мегиранд, — афзуд номбурда.

Ҷомеашинос Мавҷуда Комилова сабаби асосии ин амали занонро ба маълумот надоштан рабт медиҳад. — Аз рӯи фарҳанги ҷамъият аксарияти ҷавондухтарон ба муассисаҳои махсусе, ки оид ба ҳамин мавзӯъ кор мебаранд, муроҷиат намекунанд. Мушкили дигар дониши кам доштани занон дар мавриди муносибати маҳрамона мебошад. Падару модар дар ин маврид пеш аз издивоҷ бо фарзандон суҳбат намекунанд, ки оқибат ба хонавайронӣ, дилсардӣ, хушунат ва ғайра оварда мерасонад. Мутахассисон исбот намудаанд, ки аз тавлиди зиёди атфол равони занон коста мешавад, — афзуд номбурда. — Мардон низ ба ин масъала бояд ҷиддӣ муносибат намоянд, то фарзанди ботарбияву ҳамсари солим дошта бошанд.

Аммо равоншинос Маҳмуд Кабиров таваллуди зиёди кӯдакро ба манфиати зан ва давлат медонад. Кабиров назар дорад, ки зан дер пир мешавад ва равони зан аз ҳомиладорӣ фоида мебинад, чунки ҳомиладорӣ меҳрро мефизояд. Вале фосила бояд риоя шавад.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозааш бекорӣ, муҳоҷирати зиёд ва фақрро маҳз ба афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистон рабт додааст. Дар гузориши ин ниҳод тавсия шудааст, ки «ҳукуматро зарур аст, аз роҳи пешгирии никоҳи бармаҳал ва густариши истифодаи маводи пешгирикунандаи ҳамл афзоиши аҳолиро ба танзим дарорад».

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҳушдор додаанд, ки дар сурати босуръат зиёд шудани аҳолӣ дар Тоҷикистон мушкили бекорӣ доман паҳн намуда, фишори иҷтимоӣ меафзояд, хароҷоти давлат барои соҳаҳои тандурустӣ ва маориф даҳчанд боло меравад.

Пас андеша бояд кард, ки барои тавлиди тифли бардам модар бояд рӯҳану ҷисман солим бошад. Барои пешгирӣ намудани ин мушкилот бояд барнома ва видеороликҳои телевизионӣ таҳия карда, ба падарон ва модарони имрӯзу оянда фаҳмонд, ки бо дарназардошти шароит ва вазъи саломатӣ фарзанд ба дунё оранд.

Манзумаи ФИРӮЗ, рӯзноманигор