Зикри хайр

Умре, ки ним асраш сарфи илми кишоварзӣ гардид

№85 (3879) 10.07.2018

Бобо Сангинов Б.КаримзодаБобо Сангинов. Ин ном дар кишвар маълуму машҳур аст ва ӯро берун аз Тоҷикистон низ ҳамчун олими варзидаи соҳаи кишоварзӣ, селексионери барҷаста мешиносанд. Номбурда 50 соли умри бобаракати хешро сарфи илми кишоварзӣ намуд.

Қадамҳои аввалини ӯ дар ҷодаи илм устувор буд. Фикру андешаҳои назариявӣ ва хулосаҳои илмии муҳаққиқи ҷавонро хуш истиқбол менамуданд ва баҳри дар ҳаёт татбиқ намудан имконият фароҳам оварданд.

Аз ибтидои соли 1958 Бобо Сангинов фаъолияти меҳнатиро ба кори илмию тадқиқотии селексияи пахтаю пахтакорӣ пайваст ва ба комёбӣ ноил гашт. Солҳои 1959-1962 дар аспирантура таҳсил карда, рисолаи номзадӣ ҳимоя кард ва худро ҳамчун давомдиҳандаи мактаби илмии академик В. П. Красичиков муаррифӣ намуд. Сипас, аз ходими калони илмӣ то ба академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АИКТ, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Федератсияи Россия, муовини мудири шуъбаи селексия ва тухмипарварии пахта, директори стансияи  таҷрибавии кишоварзии Вахш (ҳоло филиали ИИИ «Зироаткор»-и АИКТ), ноиби президент, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон расид.

Дар натиҷаи фаъолияти бисёрсола Бобо Сангинов тавонист навъҳои серҳосили пешпазаку ба касалӣ тобовар ва дорои сифати баланди пахтаро, ба монанди 5595-В, 6465-В, 6249-В, 8386-В, 8375-В ихтироъ намояд. Илова бар ин, як қатор навъҳои беҳамтои пахтаи маҳиннах ва миёнанахро кашф намуда, солҳои минбаъда дар натиҷаи ҳамкорӣ бо генетикҳо, физиологҳо, фитопатологҳо, агрохимикҳо ва мутахассисони саноати бофандагӣ навъҳои 9326-В ва 8809-В бо нахи типи дуюмро, ки ба касалиҳои вилти фузариозӣ ва пӯсиши сиёҳи реша тобовар аст, ихтироъ намуд. Навъҳои юнучқаи  В-233, В-300 ва В-416, ҷави В-116, В-128, соргои В-10, В-129, берсими Хатлон-3 ва дигар зироатҳо аз ихтирооти Бобо Сангинов буда, муаллифи зиёда аз 250 асари илмӣ 19 кашфиёту ихтироъкорӣ мебошад. Дар ҳамкорӣ бо олимони Институти илмӣ-тадқиқотии растанишиносии ба номи И. Вавилови шаҳри Санкт-Петербург «Феҳристи маҷмӯи (коллексия) пахтаи маҳиннахи ҷаҳон»-ро тартиб дод.

Номбурда на танҳо селексионер, балки ташкилотчии варзида буд. Ҳангоми дар  вазифаи директори Стансияи таҷрибавии кишоварзии Вахш (оянда филиали Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Зироаткор»-и АИКТ ба номи академик А. Н. Махсумов) фаъолият намудан як зумра олимони ҷавон зери роҳбарии вай тадқиқоти зиёди илмӣ карданд.

Солҳои 1994 — 2005 Бобо Сангинов ҳамчун президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои ривоҷу равнақи илми кишоварзӣ саҳм гузоштааст. Дар ин давра Маркази ҷумҳуриявии механиконии кишоварзӣ, Маркази илмӣ дар вилояти Суғд, пойгоҳҳои илмии соҳаи кишоварзӣ дар ВМКБ таъсис дода шуд. Қаҳрамони матлаб илми Тоҷикистонро дар хориҷа низ муаррифӣ мекард. Вай зимни сафарҳои корӣ дар Ҳиндустон, Миср, Шветсия, ИМА, Венесуела, дар ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ бо гузоришҳои илмӣ баромад кардааст.

Барои хизматҳои шоиста ва арзишнок ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, унвони Агрономи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб  гардид. Вай инчунин бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Дӯстии халқҳо» ва «Нишони Фахрӣ», Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон, медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқии  ИҶШС сарфароз шудааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки ин олими намоён соли 2004 дар  қатори шаш олиму ходими ҷамъиятии давлатҳои иштирокчии ЭКО бо мукофоти Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) қадрдонӣ гардид.

Музаффар Муқаддасовкорманди Институти хокшиносии АИ кишоварзии Тоҷикистон,

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»