Ваҳдати миллӣ ҳосили талошҳои Пешвои миллат аст ҳифзи он вазифаи ҷонии ҳар як фарди ҷомеа

№78 - 79 (3872 - 3873) 26.06.2018

national_library_dushanbe1Барои мардуми шарафманди тоҷик яке аз воқеаҳои фараҳбахши таърихӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки ба сарзамин сулҳу суботро ба армуғон овард.

Ва имрӯз, агар дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатиро ба ин неъмати бузург нисбат диҳем, хато намешавад. Зеро маҳз баъд аз таъмини сулҳу салоҳ чархи иқтисодии кишвар ҳам ба гардиш даромада, садҳо корхонаи нав ба фаъолият пардохт. Рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари адолатпарвар, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаббускори ҳалли масоили глобалии ҷаҳон шинохта шуд.

[000078]Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз ба сифати ҳуҷҷати нодире қадр мешавад, ки солҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Гузашта аз ин, таҷрибаи сулҳофарию ба эътидол овардани авзои даргир, ки бо фазли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттифоқ афтод, мавриди омӯзиши ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Борҳо Созмони Милали Муттаҳид ин таҷрибаи нодири таърихиро ба кишварҳои гирифтори даргирии дохилӣ ҳамчун дастур барои ба эътидол овардани вазъ тавсия кардааст, ки қобили ифтихор мебошад.

Маҳз ваҳдату ягонагӣ замина фароҳам овард, ки кишвар аз вартаи ҳалокат раҳо шуд ва ба қаламрави шоҳкориҳои азим ворид гардид. Агар замоне шаҳрвандони хориҷӣ ба далели вазъи амниятӣ аз сафар ба кишвари мо худдорӣ мекарданд, кунун онро дар минтақа мамлакати амнтарин барои сайру саёҳат медонанд ва ҳар сол сайёҳони зиёд ташриф меоранд. Агар дар гузашта бозтоби ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ дар расонаҳо Тоҷикистонро дар чашми мардуми олам як давлати ҷангзада муаррифӣ мекард, имрӯз ба ҷойгоҳи баланди он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор эҳтиром мегузоранд. Ин ҳама дастовард ҳосили талошҳои судманду боровари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ҳифзи онҳо вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст.

Тавре аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, баъд аз ҳазорсолаҳои сукут миллати тоҷик дубора истиқлолият, озодӣ ва зимоми давлатдориро ба даст овард, ки ба андешаи мо, замони амалисозии ормонҳои ҳазорсола фаро расид. Вале, сад афсӯс. Гурӯҳе аз нохалафони манфиатҷӯ ва душманони миллат ҷои заҳмату талош барои ободии сарзамини аҷдодӣ ба фурӯхтану қисмат кардани он ва рехтани хуни бародарону чок кардани чодари исмати модарону хоҳарони худ пардохтанд ва бадтар аз ин, тамоми аъмоли ношоистаи худро бо номи дини мубини ислом омезиш доданд.

Хушбахтона, ба бахти мо бо инояти Яздон абармарди шуҷову таърихии марҳилаи навини давлатдории тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба арсаи сиёсат ворид шуда, нахуст тарафҳои муқобилро ба ҳам овард ва аз ҳама муҳим айбҷӯӣ накарда, ҳамаро ба хотири ояндаи неки давлату миллат бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки тамоми масъулияти давлатдориву ватанхоҳӣ бо баҳои ҷон, бо заҳмати фаровон, дар муддати кӯтоҳ ба парокандагиву нобасомонӣ ва торикандешиву ҷаҳолатхоҳӣ хотима бахшида, ҷои он сарҷамъиву ваҳдатро ба армуғон овард, ки имрӯз ин шоҳкории Пешвои миллат мактаби омӯзиши кулли башар ва тимсоли барҷастаи ақлгароӣ ба муқобили ифротгаройист.

Дар бораи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълифоти зиёд чоп шудааст, ки ҳар кадом симои фарзанди фарзонаи миллат, абармарди муътабари олами сиёсат, меъмори сулҳ ва шахсияти хирадманду дурандешро бо усул, шева ва назокатҳои хос бозгӯйӣ намудаанд. Аслан хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ниёз ба бозгӯйӣ ва тарғибу ташвиқ надоранд. Зеро «чизе аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Ба ҳар сурат бори дигар ба хонанда ёдрас менамоем, ки оғози давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши кишвар аз як низом ба низоми дигар рост омад. Яъне, дар он айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикис­тон марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард. Ба бахти тоҷику тоҷикистониён Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонӣ дар ҷодаи сиёсат бо сарбаландӣ берун омад ва тамомияти давлату миллатро ҳифз кард. Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу заковати фавқулода, меҳру муҳаббати беандоза ба миллату Ватани хеш, дарки масъулият нисбат ба Истиқлолитяи давлатӣ, мустақилият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон, суханони таъсирбахш ва рафтори намунавӣ ба шаҳрвандони кишвар поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, роҳи пешрафтаи мардумро дар ҷодаи душворгузару пурфарозу нишеби таърихӣ мунаввар сохтааст.

Бо ифтихору қаноатмандӣ зикр бояд кард, ки маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот, ваҳдати миллӣ дар кишвар таъмину пойдор гардид, заминаҳои воқеӣ ва мустаҳкам баҳри бунёди пояҳои давлатдории муосир ва инкишофи бемайлони ҷомеа гузошта шуд, ки боиси падид омадани як давлати воҳид, рӯ ба инкишоф ва дар низоми байналмилалӣ соҳибмақом гардид. Ҳамчунин, таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкил давлати соҳибистиқлоламон муназзам рушд намуда истодааст ва пайванди ҷомеа бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Бидуни шакку шубҳа ва муболиғаву тамаллуқ метавон гуфт, ки маҳз дар давраи навини давлатдорӣ шаҳрвандони кишвар бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, баъди ҳазор сол боз аз сари нав баҳри пирӯзии Истиқлолияти давлатӣ Парчами Ватани азизамонро дар олам партавфишон намуданд, низоми давлатдориро дар кишвар устувор сохтанд, шохаҳои ҳокимиятро таҳким бахшиданд ва дар барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷомеаи адолатпарвар ба дастовардҳои беназир ноил гардида истодаанд. Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат рушди афзалиятноки саноат, хусусан, саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмили сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодӣ, такмили тартиби ҷобаҷогузории кадрҳо, дар асоси салоҳияти касбӣ баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти озуқавории кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ба раванди муттасил табдил ёфта, дар ин самт иқдомоти зиёде амалӣ шудаву шуда истодаанд. Агар гӯем, ки дар давлатдории ­Эмомалӣ Раҳмон тамоми аҳдофи созанда дар заминаи нияти нек ва азми қавӣ татбиқи худро ёфтанд, муболиға нахоҳад шуд. Ин дастовардҳо боис шуданд, ки дар ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд оянд. Мо бояд ба ин ҳама пешравӣ воқеъбинона баҳогузорӣ намоем ва таҳаввулот дар фарҳанги сиёсӣ, афкори ҷомеа, инчунин тағйироти куллӣ дар рӯҳия ва афкори оммаро, бешубҳа, ҳамчун омили нақши шахсияти ин абармард эътироф ва арҷгузорӣ намоем. Мутаассифона, баъзе нотавонбинону кӯрдилон ба қадри оромиву осудагии кишвар нарасида, ҷиҳати амалӣ намудани ниятҳои муғризона «кӯшиш» менамоянд. Хушбахтона, носипосон ба ниятҳои нопоки хеш ягон вақт нарасидаанд ва намерасанд.

Ба қавли Саъдӣ:

Чу розӣ шуд аз банда Яздони пок,

Гар инҳо нагарданд розӣ чӣ бок?

Аз ин рӯ, 26 октябри соли 2016 мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат ба фаъолияти 24-солаи Сардори давлат баҳои ҳуқуқӣ дода, бо эҳтироми хоса ба хизматҳои беназири Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» — ро қабул намуд. Онро 8 ноябри соли 2016 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуд ва 14 ноябри соли 2016 аз ҷониби Президенти мамлакат ба имзо расид.

Қонуни зикршуда аз ҷониби сокинони мамлакат ҷонибдорӣ ёфт, зеро он бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон қабул гардида, вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ муқаррар мекунад.

Илова бар ин, муайян мекунад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дун­явӣ ва иҷтимоӣ саҳми беназиру нақши арзанда дошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшидааст.

Мардона бояд эътироф намоем, ки дар замоне ки касе ба ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулӯгир карда буд, ­Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум эҳё намуд.

Ӯ ба қасами худ ҷиҳати таъмини сулҳи комил содиқ, ба ваъдааш устувор монд ва халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот дод.

Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи худогоҳӣ, хазинаи худшиносӣ ва ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстист, ки ба қадри он расидан, номи асосгузори онро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан мебошад.

Ҳадафи қонуни конститутсионии мазкур, тавре Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров қайд намуданд «ҳимояи корҳои неки оғозгардида, муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи сиёсати созанда, нигоҳдошти роҳи таърихии рушди Тоҷикистон ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ва тавсеаи таҷрибаи мусбати ватандорӣ буда, ба одитарин ва олитарин хислати инсонӣ — қадршиносӣ аз заҳмати фарзанди содиқу вафодори миллат Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад».

Мехоҳам махсус аз Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таҳти унвони «БИГЗОР СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОБАРҶО ВА ҶОВИДОН БОШАД» ёдовар шавам. Моҳиятан Муроҷиатнома далели возеҳи азми қавӣ ва нияти нек доштан маҳсуб мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои нахустини баимзорасии Созишнома ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани муқаррароти он чораҳои заруриро андешид.

Бо ташаббуси Сарвари давлат 26 сентябри соли 1999 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардида, дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид ва дар мамлакат Парламенти касбии иборат аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис ёфт.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи боздоштани ҷазои қатл» ва дигар санадҳоро қабул намуд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгаройӣ)», «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва монанди онҳо суботи сиёсиро дар кишвар таҳким бахшиданд.

Дар фазои озоду демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи парламенти кишвар, ки аз ҷониби намояндагони ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид, бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки халқи соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва эътимоди комил ба ояндаи нек дар онҳо иштирок намуданд.

Бинобар ин, аз имконияти мувофиқ истифода ­намуда, тамоми сокинони мамлакатро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, сиҳативу саломатӣ, умри дарози бобаракат ва бахту саодат орзумандам.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон