Қонун ва иҷрои он

ВАРЗОБ. ТАБДИЛИ 33 МАСҶИД БА МАРКАЗҲОИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ

№68 (3548) 26.05.2016

Ба мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳама зинаи мақомоти иҷрои­яи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохторҳои алоҳида таъсис шуданд, ки вазифаи онҳо назорати доимии риояи меъёрҳои муқарраргардида мебошад.

 Дар ноҳияи Варзоб ба ғайр аз бахши махсус оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисае, ки ҳар кадом беш аз 30 нафар корманд доранд, комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ ташкил шудааст.

Натиҷаи чунин корҳои муташаккилона аст, ки дар ҳудуди ноҳия хароҷоти маъракаҳо торафт кам шуда истодааст. Чунончӣ, соли гузашта дар маҷмӯъ 912 маъракаи хонаводагӣ ба қайд гирифта, дар онҳо 49 сар моли калон ва 410 сар моли майда забҳ шуд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бошад, барои гузаронидани 139 чорабинии оилавӣ (тӯйҳои арӯсиву домодӣ, хатнасур, маросимҳои дафн) 86 сар чорво забҳ шудааст.

Яке аз сабабҳои камхарҷ гардидани тӯю маъракаҳо дар он аст, ки аксар хатнасурҳо якҷо бо тӯйҳои арӯсию домодӣ гузаронида мешаванд.

Қобили қайд аст, ки ҳар сол дар арафаи таҷлили ҷашну идҳои миллӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд кумаки моддӣ расонида мешавад. Соли гузашта дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ба оилаҳои камбизоат, маъюбон ва собиқадорони ҷангу меҳнат 3262 сомонӣ кумаки моддӣ расонида, хатнасури хайриявии 39 нафар кӯдаки оилаҳои камбизоат доир гардид.

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад. Чунончӣ, тайи ду соли охир фаъолияти 33 масҷиде, ки ғайрирасмӣ амал мекарданд, манъ ва онҳо ба марказҳои фарҳангию фароғатӣ табдил дода шуданд. Айни замон дар ҳудуди ноҳия ду масҷиди ҷомеъ ва 62 масҷиди панҷвақта амал мекунад.

Ходимони дин низ якҷо бо сохторҳои марбута дар чорабиниҳои ҳаётан муҳими рӯз, аз қабили пешгирии ҷинояткорӣ, ифротгаройӣ, омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, эҳтироми сару либоси миллӣ, роҳ надодан ба исрофкорӣ ва ғайра дар байни мардум ҳамеша кор мебаранд.

Умуман, фаъолияти кормандони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ки роҳбарии онро мутахассиси масъулиятшинос И. Шарипов бар уҳда дорад, самараи хуб додааст. Бо вуҷуди ин ҳама, афроде пайдо мешаванд, ки ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд.

Сокини деҳаи ба номи  Раҳмон Абдуллоеви деҳоти «Чорбоғ» Азиз Шоев ҳангоми гузаронидани тӯи хонадоршавии писараш хилофи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал карда, дар як рӯз ду маротиба, яъне ҳам субҳ ва ҳам бегоҳ зиёфати серодам оростааст. Чунин қонуншиканӣ аз ҷониби истиқоматкунандаи деҳаи мазкур Эргаш Тағоев низ содир гардид.

Шаҳрванд Насим Исоев, сокини деҳаи Лучоб деҳоти «Лучоб» дар маъракаи хатнасури фарзандаш беш аз 90 нафар меҳмон даъват карда, бо ин амалаш талаботи моддаи 9 қонуни мазкурро вайрон кардааст.

Кормандони истироҳатгоҳи «Жасмин» тӯи домодию арӯсии фарзанди шаҳрванд Азиз Ҳакимовро баргузор намуда, дар он ҳузури тақрибан 200 нафар меҳмонро иҷозат додаанд. Илова бар ин, гурӯҳи ҳунарӣ таҳти роҳбарии сароянда Остон Азизов бе бастани шартномаи тарафайн ба соҳибмаърака хизмат расонидааст.

Нисбати қоидавайронкунандагон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз ҷониби суди ноҳияи Варзоб  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Саттор УМАРОВ, 

«Садои мардум»