ЯК РӮЗИ ХОТИРМОН ПИРОНСОЛОНУ МАЪЮБОН ДАР ОСОРХОНА

№ 09.06.2016

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ бошандагони Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Роҳбарият ва аҳли кормандони осорхона онҳоро ройгон хизматрасонӣ намуданд.

Корманди Осорхона Фарида Юсуфҷонова меҳмононро ҳангоми тамошои экспозитсияи толорҳои намоишии осорхона роҳнамоӣ кард. Ба меҳмонон беш аз ҳама сайри толорҳои намоишии шуъбаи таърихи қадим, қадимтарин ва асрҳои миёна, инчунин толори «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» писанд омад.

Шаҳло Абдуллоева,

корманди калони илмии

 Осорхонаи миллии Тоҷикистон