Чанд рӯз пеш Изҳороти расмии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҷеъ ба ҳодисаҳои охири дар кишвар баамаломада дар воситаҳои ахбори омма хондем.
Занону модарони вилояти Суғд аз амали террористие, ки моҳи сентябри соли равон рух дод, хеле мутаассиранд.
Ин гуна ашхос пешрафт ва ободии кишвари соҳибистиқлоламонро чашми дидан надоранд, аммо мардуми огоҳу бедори тоҷик, ки рӯзҳои сахтро аз сар гузаронидааст, ҳаргиз фирефтаи амалҳои сӯзандаи онҳо намегардад, ба қадри сулҳу ваҳдат мерасад ва ҳамеша оромию осудагӣ ва сиёсати сулҳовару созандаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ мекунад.
Мардуми Тоҷикистони азиз, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд, аз пойдории сулҳу ваҳдат ва аз дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузор аст.
Сулҳ асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии мардуми сарзамини он мебошад. Ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии Давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зиндаи олам эҳсос мешавад. Сулҳ ин офтоби рахшон, баҳори пуробуранг, табиати пур аз роз, замини мубораку пурбор, одамони мушфиқу меҳрубон аст. Сулҳ чунин маънӣ дорад, ки дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора аст.
Аз ин рӯ, мо занон ва модарони Суғдзамин, изҳор менамоем, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ҳифзи Ватанамон ҷаҳду талош менамоем ва намегузорем, ки нохалафе Тоҷикистони азизамонро ноором сохта, ашки чашми модарони тоҷикро бори дигар бирезад. Вазифаи ҳар яки мо, занону модарон, аз он иборат аст, ки насли наврасро аз таъсири манфиву хатарноки ҳар гуна равияву ҳаракатҳои бегона эмин нигоҳ дорем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, ифтихор аз арзишҳову фарҳанги миллӣ тарбия намоем.
Ин аст рисолати асосии модари тоҷик, давлат ва ҷомеа!
Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд