Зимистон омад, омодагӣ чӣ тавр?

№158-159 (3143-3144) 19.12.2013

Омодагӣ ба зимистон ва бе душворӣ гузаронидани фасли сармо яке аз масъалаҳое мебошад, ки зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки ҳанӯз миёнаҳои фасли тобистон аз тарафи Сардори давлат ба масъулин ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дастуру супоришҳо дода шуда буд. Инак, зимистон ҳам фаро расид ва оё ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ барои бе душворӣ гузаронидани ин фасл омодаанд? Бо мақсади пешниҳоди маълумот оиди омодагиҳои ташкилоту муассисаҳои соҳаи тардурустӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиат намудем.

Тавре корманди Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ Диловар Саидхоҷаев иттилоъ дод, барои гузаронидани тирамоҳу зимистон аз тарафи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 6197,2 тонна ангишт ва 7330,5 метри кубӣ ҳезум захира шудааст, ки мутаносибан 99,4 ва 98,7 фоизи нақша мебошад. Ғайр аз ин, муассисаҳои соҳаи мазкур дорои 986 адад генератори барқӣ буда, дар ҳолати зарурӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ҳаҷми зарурии маводи сӯзишворӣ низ барои ба кор даровардани генераторҳо захира шудааст.

Диловар Саидхоҷаев дар идома афзуд, ки  беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо печкаҳои барқӣ, печкаҳои аловӣ, чароғҳои керосинӣ, рӯйпӯши гарм ва  рахти хоб таъминанд. Тавре номбурда изҳор дошт, 54 муассисаи табобатию профилактикии шаҳри Душанбе соҳиби шаҳодатномаи тайёрӣ ба мавсими зимистон гардиданд.

Оиди дурустии факту рақамҳои аз ҷониби масъулини беморхонаҳои маҳаллӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар масъалаи тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ пешниҳодшуда бошад, мавсуф гуфт, ки раванди омодагӣ аз ҷониби комиссияи махсус назорат ва тафтиш карда мешавад.  Доир ба камбудиҳои дар самти тайёрӣ ба зимистон ҷойдошта бошад,  ҳамсуҳбатам афзуд, ки норасоиҳои дар рафти санҷиш ба назар расида ҷузъӣ буда, фавран бартараф карда мешаванд. Ин гуна камбудиҳо аслан ба монанди шишабандӣ накардани қисме аз тирезаҳо ва норасоии маводи хӯрока аст.

Диловар Саидхоҷаев дар идома изҳор дошт, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ ҷиҳати омодагии муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва дигар ташкилоту идораҳои Вазорати тандурустӣ   ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 ҷаласаи мушовараи вазорат баргузор гардида, оид ба камбудиҳои ҷойдошта ба сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳру вилоятҳо, марказҳои миллӣ, муассисаҳои ҷумҳуриявии муолиҷавию  профилактикӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимии тиббӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо вуҷуди қариб пурра омода будани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба зимистон, мебояд корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намуд, зеро дар беморхонаҳо одамон бо мақсади табобат гирифтан бистарӣ мешаванд ва утоқе, ки бо гармӣ таъмин нест, метавонад дарди дардмандро афзояд. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд бо захира кардани маводи лозимаи зимистонгузаронӣ корро як сӯ нагузошта, истифодаи самараноки сӯзишворӣ ва асбобҳои гармидиҳандаро дар муассисаҳо таъмин намоянд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»