Имзои созишнома ба хотири рушди иқтисодию иҷтимоӣ

№ 17.12.2021

WhatsApp Image 2021-12-16 at 16.37.50 (3)16 декабри соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҳиндустон ва Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум дар бораи кумакҳои бебозгашти Ҳиндустон барои амалисозии «Барномаи татбиқи лоиҳаҳои таъсири баланд дар Ҷамоатҳо (HICDP) дар Тоҷикистон» ба имзо расид. Онро аз ҷониби Тоҷикистон вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Ҳиндустон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ имзо намуданд.

Чунин созишнома то ин дам бо чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ низ ба имзо расид. Тибқи ин ёддошти тафоҳум, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳоеро пешниҳод мекунад, ки арзиши онҳо то 16,94 миллион сомонӣ (1,5 миллион доллари ИМА) бошад.

Инчунин, лоиҳаҳо бояд асосан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии некуаҳволӣ, тавонмандсозии занон, ҳифзи кӯдакон ва осон кардани ҳаёти ҷамъиятӣ, бахусус тавассути эҷоди инфрасохтор дар соҳаи маориф, тандурустӣ, таълими касбӣ, кишоварзӣ ва агросаноатӣ, обёрӣ, энергияи барқароршаванда, энергетика, тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия равона шуда бошанд. Ҳукумати Ҳиндустон ба чунин лоиҳаҳо грант пешниҳод мекунад.

HICDP ба беҳтар шудани сифати зиндагонии мардуми Тоҷикистон бевосита ёрӣ мерасонад, ки ин саъю кӯшиши Ҳиндустонро ба беҳбудӣ ва гул-гулшукуфии бародарону хоҳарони тоҷик нишон медиҳад.

Алҳол Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамчунин, марҳилаи якуми лоиҳаи шоҳроҳи 8-хатта аз маҳаллаи Чортут то гардиши Айнӣ дар Душанберо амалӣ мекунад, ки арзиши он тақрибан 17,54 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин ҳам як лоиҳаи кумаки грантӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 35 дарсади корҳо ба анҷом расида, 65 дарсади боқимонда бояд то моҳи октябри соли 2022 анҷом дода шаванд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»