Истеҳсоли ангишт ба беш аз як миллион тонна расид

№133 (3613) 25.10.2016

уголњДар нуҳ моҳи соли равон (то 4 октябр) дар мамлакат истихроҷи ангишт ба 1 миллиону 46 ҳазору 724 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 291 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар ин кор  саҳми КФ Шахтаи «Фон-Яғноб» (516,6 ҳазор тонна), ҶДММ «Талко-Ресурс» (278,5 ҳазор тонна), Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик» (52 ҳазор тонна), КФ «КА «Зиддӣ» (46,7 ҳазор тонна), ҶДММ «Ширкати тиҷоратии Сайёд» (36,5 ҳазор тонна) ва ҶСК «Ангишт» (37,5 ҳазор тонна) назаррас мебошад.

- Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ бо ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 чораҳоро андешида истодааст. Айни ҳол дар корхонаҳои истеҳсоли ангишт 226 ҳазор тонна ангишт захира гардидааст ва муассисаву ташкилот, корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин аҳолӣ метавонанд аз онҳо харидорӣ  намуда, ба зимистон омода шаванд, — гуфт сардори Раёсати саноати ангишти вазорати номбурда Баҳриддин Абдураҳимов.

 Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»