Новобаста аз номусоидии обу ҳаво кишти зироатҳои баҳорӣ сари вақт гузаронида шуда, дар арафаи анҷомёбист. Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то 30 майи соли 2016 дар майдони 219744 гектар кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст, ки 94 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 499 гектар зиёд мебошад.
Аз майдони умумии кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ 121961 гектари онро зироатҳои ғалладонагӣ, аз ҷумла 10058 гектар шолӣ, 11173 гектар ҷуворимакка барои дон ва 17828 гектари дигарро кишти картошка ташкил менамояд.
Дар майдони 28915 гектар сабзавот кишт шудааст, ки баробари 100 фоизи дурнамо мебошад. То имрӯз дар майдони 4456 гектар помидор, 1657 гектар бодиринг, 836 гектар карам, 3165 гектар сабзӣ, 14588 гектар пиёз ва 4213 гектар дигар навъи сабзавот кишт карда шудааст.
Майдони кишти пахта бошад, 166751 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7109 гектар зиёд мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»