«Клиент» гирифтӣ, 20 сомонӣ деҳ!

№78 (3715) 01.07.2017

Чашмбандии масъулини ҶДММ «Маром» дар канори пойтахт

Бо зиёд шудани нақлиёт талабот ба таваққуфгоҳҳо меафзояд. Аз ин рӯ, дар шаҳрҳои кишвар шумораи таваққуфгоҳҳои пулакӣ афзудааст ва барои  як шабонарӯзи нигоҳдории нақлиёт ба онҳо аз 2 то 3 сомонӣ бояд пардохт кард. Дар баъзе шаҳрҳо қитъаҳои замини назди бозору беморхона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро ба таваққуфгоҳҳо табдил додаанд.

Сокини шаҳри Ваҳдат Парвизи Ҷовид зимни суҳбат гуфт, ки дар таваққуфгоҳи бозори «Хайр»-и шаҳр аз ронандагон 2 сомонӣ талаб мекунанд, аммо расид намедиҳанд. Масъулини таваққуфгоҳ вуруди такрории автомобилро ба инобат нагирифта, ҳар бори ворид шудан маблағи муайянкардаашонро талаб менамоянд.

Дар шаҳри Душанбе низ таваққуфгоҳҳое мавҷуданд, ки бидуни анҷом додани коре аз ронандагон 20 сомонӣ талаб менамоянд. Ронандагоне, ки ба самти вилояти Суғд мусофир мекашонанд, аз он нигаронанд, ки танҳо ба хотири аз истгоҳи маъруф бо номи «Сементзавод» (корхонаи сементбарорӣ) мизоҷ гирифтан бояд аз 10 то 20 сомонӣ маблағ супоранд.

Қобили зикр аст, ки дар самти Душанбе-Суғд ҶДММ «Маром» ба мусофиркашонӣ машғул аст. Он беш аз 80 нақлиётро дар ихтиёр ­дошта, дар шаш самт-Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Истаравшан, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Исфара ва Душанбе-Конибодом ба шаҳрвандон хизмат мерасонад.

Файзулло Ашӯров, ки чанд сол боз дар самти Душанбе-Истаравшан ба мусофиркашонӣ машғул аст, гуфт, ки солҳои қабл ҳаққи мусофир гирифтан дар истгоҳ аз 3 то 5 сомониро ташкил медод, вале имрӯз он ба 20 сомонӣ баробар шудааст.

Номбурда изҳор дошт, ки намедонад ин маблағро  нозирони ҷамъият бо кадом сабаб аз онҳо меситонанд.

Файзулло Ашӯров аз хобгоҳ, толорҳои варзишию саққобозӣ, ҳаммом, хонаи модару кӯдак ва дигар марказҳои хизматрасонӣ доштани ҶДММ «Маром» изҳори бехабарӣ карда гуфт, агар бошанд ҳам, аз онҳо боре истифода накардааст.

Бино ба гуфти ӯ, бо дарназардошти маблағи дар роҳ месупоридаашон (плазаҳои филиали ширкати «IRS» дар назар аст) харҷашон то ноҳияи Айнӣ зиёда аз 30 сомонӣ ва  то дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят бамаротиб бештар мешавад. Ширкати «IRS» бар ивази маблағе, ки мегирад, нигоҳдории роҳро амалӣ менамояд, аммо ҶДММ «Маром» бар ивази кадом хизматрасонӣ маблағ меситонад? Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки намояндагони ҷамъияти мазкур на танҳо аз аъзои худ, ки иддаои хизматрасонӣ ба онҳоро доранд, балки аз онҳое, ки бо автомобили шахсӣ ба шимоли кишвар сафар мекунанду аз «Сементзавод»  ягон нафарро савор менамоянд, маблағ мегиранд.

Коргузори ҶДММ «Маром» Ҷамшед Тошев гирифтани маблағи зикршударо аз ронандагон тасдиқ намуда, иброз дошт, ки барои муоинаи тиббии ронандагон, назорати техникии нақлиёти мусофирбар, истифодаи ройгони толорҳои варзишиву саққобозӣ, додани роҳхат барои фароғати ронандагони ҷамъият бо фарзандҳояшон гирифта мешавад. Вақте хоҳиш намудем, ки рӯйхати ронандагонеро, ки бо фарзандон аз ҷониби ҷамъият ба истироҳат фиристода шудаанд, ба мо пешниҳод намояд, гуфт, ки «ин маълумотро аз ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» гирифта метавонед.

Бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба масъала ба ҷамъияти номбурда муроҷиат намудем.

Директори иҷроия доир ба масъалаҳои техникӣ ва бехатарӣ дар роҳи ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар» Тош Тошев чунин посух дод:

- Аз ҳисоби маоши коргарони ҷамъият ҳар моҳ як фоиз ба фонди иттифоқи касаба мегузарад. Ронандагон аз рӯи маоши ҳадди ақал ҳар моҳ ду сомонӣ ба иттифоқи касаба ва се сомонӣ ба Ассотсиатсияи нақлиёти автомобилии мусофирбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупоранд. Вақте маблағ ҷамъ гардид, ҳар сол аз 100 то 150 нафарро ба маконҳои саёҳативу фароғатӣ мебарем. Аз ҶДММ «Маром» чанд маротибае, ки ба фароғат бурдем, аз ҳайати маъмурият буданд.

Аз суҳбат бо Тош Тошев маълум гардид, ки ҳаққи узвияти иттифоқи касабаро ронандагон месупоридаанду истироҳатро маъмурияти ҶДММ «Маром» мекардааст.

Сардори шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе Дилшод Қурбонов гуфт, ки агар барои пардохти 20 сомонӣ масъулини ҷамъият ба ронандагон расид диҳанд, гувоҳи он аст, ки маблағи талабкардашуда мувофиқи қонун сурат гирифтааст.

Номбурда изҳор дошт, ки танзими фаъолияти ҷамъият ба салоҳияти онҳо дохил намешавад ва бидуни арзу шикоят ё дархости шаҳрвандон наметавонанд сабабҳои аз ронандагон талаб намудани маблағро аз сӯи нозирони ҷамъият тафтиш намоянд.

Ронандагони ба шимоли кишвар сафаркунанда дар ҳоле аз 10 то 20 сомонӣ месупоранд, ки таксиҳои ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусофиркашанда 1-2 сомонӣ месупоранд. Масъулинро мебояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд.

 Хусрав Шоҳсаидов