Луқма

«Лаҷом»-и ба ном савдогаронро бояд кашид

№148 (3785) 14.12.2017

Вақте ки аз гузаргоҳи пурталотуми бозори «Корвон» мегузаред, савдогарҳои зиёде садо мебароранд: - Тилло мехарем, тилло!

Саволе ба миён меояд, ки оё онҳо бо ягон субъекти соҳибкорӣ, аз ҷумла бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои дар ин самт фаъолият доштан шартнома доранд?

Пеш аз он ки онҳо бо соҳибкорӣ машғул шаванд, бояд дар Раёсати андоз ва Нозироти давлатии иёргирии ­назди Вазорати молия ба қайд гирифта шаванд. Агар чунин ҳуҷҷати кор дошта бошанд ҳам, набояд фаъолиятро дар кӯча ба роҳ монанд.

Кори он савдогарони кӯчагиро дар нуқтаҳои хариди маснуоти заргарӣ як кас ба анҷом расонида метавонад, ки аз он на одамон халал мебинанду на қонун вайрон мешавад.

Як замон долларфурӯшони зиёд дар кӯчаҳо садо баланд карда, ба «тиҷорат» машғул буданд. Хушбахтона, ин бесарусомонӣ ба низом даромад.

Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи тартибот дар ҷойҳои муқаррарнашуда савдои кӯчагиро манъ кардааст. Ниҳодҳои дахлдорро лозим аст, ки ҷиҳати аз байн бурдани ин бесарусомонӣ фаъолиятро тавсеа бахшанд.

Ташкили рейдҳои муштарак низ аз манфиат холӣ нест.

 Абдухолиқи МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»