ЛАХШ. Таъсиси «Самар» талафёбии пашмро аз байн бурд

№23 (3973) 28.02.2019

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ ҳамчун кишвари аграрӣ ашёи хоми ватаниро бо нархи арзон ба дигар ҷумҳуриҳо содирот мекард, зеро рушди соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад набуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар перомуни ба давлати саноатӣ-аграрӣ табдил додани мамлакат чунин ибрози андеша намуданд:

«Бо дарназардошти тағйирёбии вазъу талаботи бозори ҷаҳонӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди маҳсулоти он то ҳадди ниҳоӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин мебошад.

Хотиррасон менамоям, ки пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад».

Чун дар кишвар чорводорӣ аз соҳаҳои асосӣ ба шумор меравад, метавон аз маҳсулоти бадастовардаи он чанд корхонаи саноатӣ ташкил кард. Чорводорон дар даврони шӯравӣ аз истеҳсоли пашм даромади хуб ба даст меоварданд. Давлат ин маҳсулотро на танҳо аз хоҷагиҳои давлатӣ, балки аз аҳолӣ низ харидорӣ мекард. Ба ивази як килограмм пашм 5 сӯм пардохт мешуд, ки пули кам набуд. Дар шаҳру ноҳияҳо нуқтаи пашмқабулкунӣ мавҷуд буду маҳсулоти қабулнамударо баъди ба навъҳо ҷудо кардану тойбандӣ ба шаҳри Душанбе мефирис­тоданд. Дар шаҳри Марви Ҷумҳурии Туркманистон корхонаи шустагарии пашм фаъолият дошт ва маҳсулоти ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба он фиристода мешуд.

Мудири шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов муътақид аст, ки агар корхонаи шустагарии пашм ташкил шавад, нахустин маҳсулоте, ки ба даст меояд, равғани молидании «лаолин» аст. Он табобатист, ки аз бадани гӯсфанд ихроҷ шуда, дар таркиби пашм қарор мегирад. Ҳангоми дар ҳавзҳои шустагарӣ партофтани пашм равған ихроҷ мешавад. Ҳамчунин, аз пашм намад, қолин, палос ва сарулибоси босифат истеҳсол менамоянд. Барои мисол, ҷӯроби пашмие, ки ҳунармандони тоҷик мебофтанд, то ҳол қимат гум накардааст. Намуди пашми маҳиннах дар саноати нақлиёти ҳавоӣ истифода мегардад.

Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода иброз дошт, ки охири соли гузашта бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории соҳибкор Исломиддин Худойдодов — роҳбари Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Самар», корхонаи коркарди пашм таъсис ёфт ва 5 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Тибқи нақша дар оянда фаъолияти корхона васеъ мегардад ва шумораи коргарон низ афзоиш меёбад.

Ассотсиатсияе, ки корхонаи коркарди пашмро таъсис додааст, асосан ба кишоварзӣ машғул мебошад. Ба ҳайати он 26 хоҷагии деҳқонӣ шомил мебошад, ки ба онҳо 157 гектар замини корами обӣ вобаста аст. Дар тавозуни ассотсиатсия трактори МТЗ, ду техникаи картошкашинонӣ, техникаи картошкаканӣ, таҷҳизоти алафдаравӣ ва як дастгоҳи силосхобонӣ мавҷуд мебошад. Аз сабаби набудани корхонаи коркарди пашм ҳар сол дар ноҳияи Лахш аз 250 то 300 тонна пашм талаф меёфт. Айни ҳол корхона 1 кило пашмро бо нархи аз 1 то 2 сомонӣ харида, коркард мекунад. Иқтидори он дар як соат коркарди 18 — 20 кило пашм аст.

Дар корхона таҷҳизоти рӯзгор, аз қабили намад, пойафзоли хонагӣ, дастпӯшаку кулоҳ, ҷӯроб, кӯрпачаи болои курсӣ, афзоли асп ва маҳсулоти дигар омода карда мешавад. Кормандон аз 850 то 1000 сомонӣ маош мегиранд.

- Итминони комил дорем, ки дар давоми як-ду соли оянда корхонаи мазкур бо харидории дастгоҳҳои замонавӣ фаъолиятро васеъ менамояд ва шумораи коргарони он низ афзоиш меёбад. Имкон дорад, ки дар назди корхона коргоҳи шустагарӣ низ бунёд гардад, — гуфт Файзулло Баротзода.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»