Маҳсулоти ғайристандартиро нобуд карданд

№81-82 (3066-3067) 01.07.2013

Чанде пеш дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикстандарт» маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта, ки истеъмоли он ба саломатии инсон зарар дорад, несту нобуд карда шуд. Тавре аз маркази матбуоти мақомоти  мазкур иттилоъ доданд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шаҳрвандон садҳо аризаи шикоятӣ оид ба паст будани сифати маҳсулоти аз бозорҳо дастраснамуда ба Агентии «Тоҷикстандарт» ворид гардидааст. Аз тарафи мутахассисони Агентӣ аризаҳои шикоятӣ баррасӣ гардида, бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои амалӣ андешида шудааст ва ҳамаи аризаҳои воридгардида ҳалли худро ёфтанд. Бино ба гуфти масъули маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» Мурод Ашӯров, дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисон 85 ҳолати маҳсулоти  гуногуни хӯроквории муҳлати истеъмолаш гузашта ва ғайристандартӣ ба миқдори умумии 120 тонна ошкор ва аз муомилот гирифта шуд. Баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар нуқтаҳои савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯроквории муҳлати истеъмолашон гузашта ва пастсифату ғайристандартӣ дарёфт ва мусодира гардид. Маҳсулоти пастсифату муҳлати истеъмолаш гузашта дар маҷмуъ наздик ба 10 000 килограммро ташкил медиҳад, ки аз он 1000 килограммаш маҳсулоти қаннодӣ, 8000 литр нӯшокиҳои ғайримашруботӣ, 60 декалитр нӯшокиҳои спиртӣ, 500 килограмм консерва ва 1020 кг қанди ирис  мебошад.

Маҳсулоти боздоштшуда бар асоси ташхиси озмоишгоҳи Агентии «Тоҷикстандарт» ғайристандартӣ дониста, аз рӯйи тартиби коркарди партовҳо ва нобуд кардани маҳсулоти хӯрокворие, ки ба талаботи регламентҳои техникӣ мутобиқ нестанд, бо дастури комиссияи салоҳиятдор нобуд карда шуд. Як қисми маҳсулоти ғайристандартӣ, тибқи муқаррарот ва хулосаи комиссия, ба сифати хӯроки чорво ба «Боғи ҳайвонот»-и шаҳри Душанбе интиқол гардид.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,  «Садои мардум»