Уфуқҳои ҳамкорӣ

Марҳилаи нави ҳамкориҳои соҳибкорони тоҷику франсуз

№61 (3362) 28.04.2015

Ин раванд, ки дар заминаи баргузории Анҷумани нахустини соҳибкорони Тоҷикистону Франсия  шурӯъ гардид, дурнамои нек дорад

Вақте даъватаномаи иштирок дар Анҷумани нахустини соҳибкорони Тоҷикистону Франсияро дастрас кардам, ҳисси хушнудӣ вуҷудамро фаро гирифт. Зеро Франсия аз кишварҳои пешрафта ва дар арсаи байналмилалӣ таъсиргузор маҳсуб меёбад ва  тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо ин давлати абарқудрат ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта аз ҳама ҷиҳат барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муфид аст.

Биноан, нахустин тасмиме, ки пеш аз ширкат дар ин чорабинӣ гирифтам, ҷамъоварии маълумот оид ба таърихи муносиботи Тоҷикистону Франсия буд. Дар ин зимн иттилоъ гирифтам, ки муносибати дипломатӣ миёни ин кишварҳо соли 1992 шурӯъ гардида, соли 2001 Франсия дар ҷумҳурии мо сафоратхонаи худро ифтитоҳ намудааст.

Як сол пас, соли 2002, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Франсия Созишномаи байниҳукуматӣ, ки ба тавсеаи муносиботи иқтисодӣ рабт дошт, ба имзо расида буд. Ҳоло муносиботи ҳасанаи Тоҷикистону Франсия дар асоси 11 ҳуҷҷати байниҳукуматӣ   ҷараён дошта,  ин раванд  ба шарофати ҳусни таваҷҷҷуҳ  ва ҳавасмандии тарафайн таври муназзам рушд ёфта истодааст. Айни замон гардиши мол  миёни давлатҳои мавриди назар 8,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил  дода, шурӯъ аз соли 2007 инҷониб, аз Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 16,3 миллион доллари ИМА сармоя ворид шудааст. Пайгирии масъала маълум намуд, ки асосан  аз кишвари мо ба Франсия алюминий содир  ва аз Франсия ба ҷумҳурии мо маҳсулоти хӯрокворӣ ворид мегардад. Теъдоди корхонаҳои муштарак, ки аз ҷониби соҳибкорони франсуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, айни замон фаъолияти пурмаҳсул доранд, ҳашт ададро ташкил медиҳанд. Фаъолияти ин ширкатҳо дар самтҳои тиҷорат, сохтмон ва хизматрасонӣ ҷараён дошта, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст. Намунаи беҳтарини  ин ҳамкориҳо фаъолияти ширкати бонуфузи «Тотал» мебошад, ки айни ҳол тасмими кашфу  истихроҷи нафту газро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.

Замоне, ки  ба макони баргузории чорабинӣ – толори муҳташами Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расидам, қисмати аъзами соҳибкорони муваффақи кишвар он ҷо буданд. Ин омил шояд дар назари аввал саҳлу сода намояд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ чунин набуду нест. Нафарони огоҳ хуб медонанд, ки барои соҳибкорони воқеан ҳам муваффақ ҳар дақиқа  ғанимат ва қимат аст. Аз ин нуктаи назар, иштироки чунин нафаронро метавон далели возеҳи баланд будани сатҳи чорабинӣ, муҳимият  ва таваҷҷуҳбарангез  будани он арзёбӣ намуд.

Анҷуман бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим шурӯъ гардид. Мавсуф баргузории чорабинии фавқуззикрро хеле муҳим ва саривақтӣ  номида, изҳори умед намуд, ки он ба рушди муносиботи соҳибкорони кишварҳо такони ҷиддӣ мегардад. Дар идома зикр шуд, ки чанде пештар Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардида, чандин конвенсияҳои байналмилалиро, ки ба рушди соҳибкорӣ нигаронида шудаанд, ба тасвиб расонидааст. Дар ин росто, якчанд қонуни нав ва стратегияву барномаҳои соҳавӣ қабул гардида, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода шуданд.

Қодири Қосим нишондиҳандаҳои кунунии раванди сармоягузорӣ ва ҳаҷми гардиши молро миёни давлатҳо нокифоя арзёбӣ намуда, ба он назар аст, ки барои бамаротиб зиёд намудани онҳо замина ва имконот фароҳам аст. Мавсуф аз саҳми босазои ширкати франсузӣ дар бунёди терминали нави ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ёдовар шуда, минҷумла гуфт, ки он давоми 20 моҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд сохта шуд ва алъон фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дорад.Дар ин росто, иқдоми ширкати «Ашан –Шивер», ки бунёди нахустин гиппермаркетро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 41 миллион сомонӣ сармоягузорӣ намудааст, намунаи ибрат номида шуд. Сипас, Сафири Фавқулода ва Мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе  Леруа суханронӣ намуда, ҳамоиши мазкурро дар ривоҷи муносибатҳо судманд арзёбӣ кард.

Аз суханронии роҳбари ҳайати ҷониби Франсия, муовини директори генералии ширкати бонуфузи «МЭДЭФ» Филип Готиер  бармеояд, ки воқеан ҳам, соҳибкорони франсуз ҳавасманди роҳандозии муносибот бо соҳибкорони тоҷик мебошанд. Дар раванди анҷуман аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият ва захираҳои кишварамон дар заминаи далелу арқоми асоснок ва наворҳои ҷолиб муаррифӣ карда шуд. Минбаъд, соҳибкорон низ ба сухан баромада, андешаҳояшонро  ироа намуданд.

Дар фарҷом, соҳибкорони франсуз, ки зиёда аз бист  ширкати бонуфузро намояндагӣ менамуданд, бо ҳамтоёни тоҷики худ оид ба роҳандозии муносибатҳои барои тарафайн судманд мубодилаи афкор намуданд. Ба андешаи инҷониб, баргузории чорабинии фавқуззикр воқеаи хеле муҳим маҳсуб ёфта, барои вуруди бештари сармоя ва болотар рафтани  мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳое, ки ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мегузаронанд, кумаки амалӣ мерасонад.

Далер Мерганов, «Садои мардум»