Намоишгоҳ: омили рушди соҳибкорӣ

№36 (3182) 11.04.2014

Даҳаи аввали моҳи  апрели соли равон дар Маҷмаии давлатии «Кохи Борбад» бо ташаббуси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶДММ «Toj Expo» ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон Баҳор-2014 баргузор гардид.

Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ҳадафи  баргузории ин намоишгоҳро рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, пайдо намудани шарикони нав ва воридоти технологияву таҷҳизоти муосир арзёбӣ намуд. Номбурда минҷумла гуфт, ки коркарди ашёи хоми ватанӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ  яке аз ҳадафҳои дигари баргузории намоишгоҳ аст.

Ш. Саид бо итминони комил изҳор дошт, ки дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ масъулини ширкатҳои ватанӣ бо намояндагони ширкатҳои хориҷӣ ҳамкориашонро рушд дода, дар ин замина қарордоду созишномаҳои зиёд ба имзо мерасонанд.

Баъд раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдувалӣ Комилов  суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки чунин намоишгоҳҳо имконияти ширкатҳои дохилиро ба иштирокчиён бозгӯйӣ намуда, ба густариши доираи шарикон ва ҷалб намудани маблағгузориҳои хориҷӣ ба соҳаҳои сохтмон, маориф, тандурустӣ, гидроэнергетика ва дигар ҷодаҳои иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.

Муовини вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Рӯзиев ба таваҷҷуҳи ҷамъомадагон расонид, ки дар  намоишгоҳ маҳсулоти саноатии корхонаҳои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз ҷумла  маводи заргарӣ, сангҳои қиматбаҳову ҷилодор, саноати сабук, хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмон пешкаш гардидааст. Яъне, тамоми маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст, ки ба ин васила доираҳои тиҷоратии  дохилу хориҷ метавонанд ба он  мароқ зоҳир намуда, раванди интегратсиониро васеъ гардонанд.

Ба гуфти директори генералии ҶДММ «Тoj Expo» Маъруф Ҳамроев, дар намоишгоҳ зиёда аз 40 ширкати бонуфуз аз Франсия, Италия, Туркия, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, молу маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар гӯшаи намоишгоҳи  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бештар маҳсулоти саноати дастии нассоҷиву дӯзандагӣ, либосворӣ ва навъҳои гуногуни матоъҳои ранга ва ороишот, аз қабили рӯймол, ҷома, кӯлоҳ ба маъраз гузошта шуда буд.

Соҳибкори афғон Нисор Аҳмади Пайғом изҳор дошт, ки баргузории чунин намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар рушди муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон  такони тоза бахшида, дӯстии байни кишварҳоро наздиктар менамояд. Ӯ ба мутасаддиёни ин чорабинӣ арзи сипос намуд, ки онҳо имкон пайдо карданд маҳсулоташонро ба мардуми Тоҷикистон муаррифӣ намоянд.

Соҳибкор Баҳриддин Додоев аз сатҳи баланди ташкилии намоишгоҳи саноативу тиҷоратӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки дар қиёс ба солҳои пеш, ҷобаҷогузории гӯшаҳо беҳтару хубтар аст. Ӯ ба ҳайси як тоҷир ба масъулин пешниҳод намуд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо зиёдтар шавад ва мардум доир ба маҳсулоти ширкатҳои ватаниву хориҷӣ маълумоти бештар дарёфт намоянд.

Хайруллои  АБДУВАҲҲОБ,  «Садои мардум»