Чанд вақт аст, ки аз тариқи радио ва телевизион ровии хушсадо Субҳон Ҷалил зимни тарғибу ташвиқ имконоти туристии кишварро ситоиш намуда, ҳамватанонро даъват менамояд, ки аз гӯшаҳои зебоманзар истифода баранд. Дар маҷмӯъ, иқдоми мазкур, ки аз ҷониби сохтори дахлдор амалӣ шуда истодааст, қобили дастгирӣ буда, минбаъд тавсеа бахшидани он зарур мебошад. Вале масъулин оё медониста бошанд, ки боздид аз минтақаҳои сайёҳии кишвар барои аксар ҳамватанон мушкил аст? Ин сабабҳои зиёд дорад, ки асосиаш арзиши гарони хизматрасонӣ аст.
Барои мисол, фароғат дар минтақаҳои истироҳатӣ ва сайёҳии Варзоб, ки чанд километр дуртар аз пойтахти мамлакат ҷойгир мебошанд, барои ҳама имконпазир нест. Аввалан, нархи дандоншикани иҷора, хизматрасонӣ ва таоми пешниҳодшаванда ба имконоти аксар сокинони мамлакат созгор нест. Зеро барои миёнаҳолона истироҳат намудани 3 — 4 нафар дар ин ҷой 500 — 800 сомонӣ зарур аст, ки ба он арзиши кат, истифодаи ҳавзи шиноварӣ ва номгӯйи дигари хизматрасонӣ шомиланд. Сониян, нархи ҳама таоми дар ин ҷо пешниҳодшаванда осмонӣ буда, касро ба андеша мебарад, ки шояд моҳибирёни онҳо аз «моҳии тилло» омода шуда бошад? Тибқи қонунгузорӣ арзиши молу маҳсулот ва хизматрасониҳо меъёри муайян бояд дошта бошанд, риоя ва танзими ин раванд ваколати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб мебошад. Шояд чунин нархҳои осмонӣ барои масъулини ин ниҳод вобаста ба даромад қобили қабул бошад. Вале фаромӯш набояд кард, ки қонунгузорӣ ва меъёрҳои дигар, аз қабили сабади истеъмолӣ, чунин нархгузориро ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза намедиҳад. Мутмаинам, ки агар туризми дохилӣ рушд ёбад, дар пасманзари он тамоюли афзоишро касб намудани вуруди сайёҳони хориҷӣ падидаи маъмул хоҳад буд. Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ августи соли 1999 ноҳияи Варзоб минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон гардид. Ҳамчунин, ноябри соли 2000-ум «Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб» тасдиқ шуд, ки аҳдофи он ба иқдоми Ҳукумати мамлакат бобати минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон шудани ноҳия рабт дорад. Мутаассифона, гузашти беш аз 16 сол собит намуд, ки татбиқи барномаи зикршуда ба ҳар ду пой мелангад ва сатҳу сифати хизматрасонии нуқтаҳои истироҳатӣ, ки зиёда аз 400 адад мебошанд, ниҳоят паст аст. Баробари гаронии нарх, набудани мутахассисони касбӣ, ҷавобгӯйи талабот набудани муомилаву муошират, вазъи ногувори санитарӣ ва ғайра аз мушкилоти мавҷуда аст. Чунин ба назар мерасад, ки соҳибкорони Варзоб дар раванди фаъолият аз рӯи шиори «худам шоҳу табъам вазир» амал мекунанд. Ин аст, ки талаботи қонунгузорӣ ва имконоти шаҳрвандон барояшон як дирам арзиш надорад.
Мушоҳида мешавад, ки дар ноҳия талабот ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ»-ро, ки 10 майи соли 2002 қабул шудааст, низ сарфи назар мекунанд. Тибқи қонуни зикршуда ҳудудҳои ҳамшафати роҳ, ки дорои шароитҳои махсуси истифодабарии замин мебошанд, барои таҷдид, васеъкунӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, вобаста ба тараққии ояндаи он ва ҷойгиркунии иншооти роҳдорӣ пешбинӣ шудаанд. Аз талаботи зикршуда бармеояд, ки инкишофи минбаъдаи инфрасохторҳои роҳ ва истифодаи самараноку дарозмуддати он бе ҳудудҳои ҳамшафати роҳ имконнопазир аст.
Тибқи банди 24-и қоидаҳои фавқуззикр «иморату иншоотҳое, ки бо вайрон намудани талабот дар ҳудуди ҳамшафати роҳ сохта шудаанд, бо тартиби муқарраргардида сохтмонҳои худсарона ҳисобида шуда, нисбати шахсони онҳоро бунёдкарда чора дида мешавад».
Новобаста аз ин, дар ду паҳлуи роҳи автомобилгарди ноҳия мисли «замбурӯғҳои пас аз борон» нуқтаҳои ғайриқонунии шустушӯйи мошинҳо пайдо шуда, фаъолияти «пурмаҳсул» доранд. Сарфи назар аз он ки дар ин нуқтаҳо хизматрасонӣ дар сатҳи бениҳоят паст пешниҳод мешавад, соҳибони ба истилоҳ «мойка»-ҳо барои шустани автомобилҳои сабукрав аз 15 то 20 сомонӣ талаб мекунанд. Баъзе ба ном соҳибкорон дар қитъаҳои ҳамшафати роҳ нуқтаҳои фурӯши молҳои чаканаро, ки умуман ҷавобгӯйи ягон меъёри ҳуқуқӣ ва талаботи бахши соҳибкорӣ нест, таъсис додаанд. Нуктаи муҳим он аст, ки аксари иншооти ин соҳибкорон ба одитарин муқаррароти меъморӣ, санитарӣ-гигиенӣ, бехатарӣ ва ғайра ҷавобгӯй нестанд. Барои мисол, нуқтаҳои шустушӯйи воситаҳои нақлиёт на танҳо қитъаҳои ҷудогонаи роҳро валангор месозанд, балки оби дар ин раванд истифодашуда ҳамроҳ бо партовҳо ба дарёи Варзоб ҷорӣ мешаванд, ки онро мардуми пойтахт истеъмол менамоянд. Нафарони огоҳ хуб медонанд, ки таъсиси нуқтаҳои шустушӯйи автомобил махсусият ва талаботи хоси худро дорад ва дар сурати риоя нагардидани онҳо пайомадҳои ногувор ба бор оварда метавонад. Дар ҳоле ки дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии дигари кишвар масъулин дар доираи қонунгузорӣ бар зидди чунин қонуншиканӣ муборизаи беамон мебаранд, пас чаро ноҳияи Варзоб аз ин раванд дар канор мондааст?
Дар маҷмӯъ, мақомоти дахлдор бояд муайян намоянд, ки то кадом андоза арзиши хизматрасонии муассисаҳои истироҳатӣ ва дигар номгӯйи хизматрасониҳо дар ин минтақа ба талаботи қонунгузорӣ ва имконоти шаҳрвандон ҷавобгӯй аст. Ин аст ҳадафи иншои матлаб ва мутмаинем, ки он «ба гӯши кар азон гуфтан» нахоҳад буд .
Далер Мерганов,
«Садои мардум»