Навъҳои маҳаллии меваю сабзавот.

№8 (4270) 21.01.2021

DSC_8995Кӣ бояд кафолати ҳифзи онҳоро таъмин кунад?

Хӯҷавалӣ Мирзоеви 91-сола, ки солҳои зиёд дар идораҳои ҷамъи­яти матлуботи ҷумҳурӣ ронанда буд, мегӯяд, ки вақтҳои охир дар фасли тобистон помидори ба табъи дил пухта расидаро нахӯрдааст.

- Помидоре, ки пеш истеъмол мекардем аз дарунаш ҳам суп-сурх буд. Ҳоло помидори сурхро мехарӣ, дарунаш сап-сафед аст. Маҷбур мешавӣ, нисфи помидори бо нархи гарон харидаро бурида партоӣ. Дидам, ки баъзеҳо онро мисли себ пӯст карда, баъд истеъмол мекунанд. Кош он ҳам лаззат дошта бошад, — гилаомез гуфт ӯ.

Гап дар сари он аст, ки тадриҷан тухмии навъи маҳаллии сабзавоту мевагиҳо аз байн рафта истодааст. Дар сархати Феҳристи давлатии навъҳои тиҷоратӣ ва ҳифзшавандаи растанӣ омадааст: «Бо баробари ба қайд гирифтани навъи нави растанӣ кафолат дода мешавад, ки он ба талаботи маҳаллии истеҳсолоти кишоварзӣ ҷавобгӯ буда, нисбат ба дигар навъҳои парваришшаванда аз ҷиҳати аломатҳои муфид афзалият дорад».

- Солҳои 60-80–уми асри ХХ, — иброз медорад академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Тухтабой Ахмедов, — дар соҳаи навъсозӣ (навъофарӣ) як қатор олимони номдори ҷумҳурӣ, аз қабили А. И. Филов, Г. О. Земан, В. В. Триппель, З. Козлова, А. Воҳидов, М. Сулангов, Т. Ахмедов, Ғулом Шамсов ва дигарон дар асоси муайян кардани намуду навъҳои зироат дар миқёси ҷумҳурӣ ва ба «Феҳристи навъҳои зироатҳои сабзавотӣ» ворид кардани онҳо ба офаридани якчанд навъи зироати сабзавотӣ: пиёз – «Ленинободии кулчаи сафед», «Самарқандии сурх — 172», «Сурхпиёзи маҳаллӣ», «Пешпазак», «Дӯстӣ», «Ҳисорӣ», «Испанӣ – 313»; помидор-«Файзободии сурх», ки офаридаи Гулом Шамсов мебошад, «Падорок», «Волгаград 5\95, «Ракета». «Восток», «Утро»; бодиринг-«Тоҷикӣ-118», «Ҳисорӣ-132», «Марғелонӣ-822», «Парад», «Беназир»; карам — «Душанбегии дерӣ», «Июнӣ-30», «Слава» ноил гаштанд, ки ҳосилнокӣ ва сифати истеъмолии хуб доштанд ва боиси шуҳрати олимони тоҷик гардида буданд.

Дар муқоиса ба гуфти олими соҳа, мушоҳида ва таҳлилҳо нишон доданд, ки навъҳои хушсифату хушмазаи сабзавоту полезӣ ва меваҷот, ки пештар истеҳсол мекарданд ва кас аз истеъмоли он ҳаловат мебурд, кам парвариш ёфта, ҷойи онҳоро, мутаассифона, ­навъҳои хориҷӣ ишғол карда истодаанд. Онҳоро чунон муаррифӣ карданд, ки дили деҳқонро бурд.

DSC_8994Деҳқон фикр кард, ки акнун маҳсулоти фаровони хушсифат мерӯёнад. Ба ин мақсад ноил гашта бошад ҳам, аммо дид, ки маҳсулоти истеҳсолкарда таъму лаззати навъҳои маҳаллиро надоранд ва боварӣ ҳосил кард, ки гирифтани тухмӣ, хусусан аз анвои дурагаҳо, ғайриимкон аст. Пайдо кардани тухмиҳои дар маҳал мутобиқшуда ё бобоӣ бошад, аз он ҳам мушкилтар.

Анвои бештари маҳсулоти кишоварзии ниёзи мардум, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешуд, таъму бӯй ва лаззати хос дошт ва аз онҳо ҳар сол тухмии хушсифат мегирифтанд. Ҳоло навъҳои хуштаъму хушбӯ дар ҳоли аз байн рафтан аст. Масалан, баъзе аз навъҳои гандуми маҳаллӣ, ки деҳқон бевосита аз он тухмӣ мегирифт, кам вомехӯранд. Дар истеҳсолоти кишоварзӣ кишту парвариши навъҳои гуногуни зироат ва меваю сабзавоти қисман бурунмарзӣ ба роҳ монда шудааст. Ин, аз як ҷиҳат, гувоҳи рушду инкишофи соҳа бошад, аз тарафи дигар, боиси нигаронӣ аст, зеро вақте ки кас вориди бозор мешавад, меваю сабзавоти дилхоҳро пайдо карда наметавонад. Ба ибораи дигар, дар бозор фурӯшанда ҳайрон асту дар киштзор деҳқон. Харидорон бошанд, ба як чиз одат кардаанд – ба қаноат, чунки дигар ҷойи почасп надоранд.

Воқеан, чаро навъҳои маҳаллии саб­завот кам парвариш карда мешаванд? Масъулини соҳа, ки барои ба навъҳои хубтару беҳтар таъмин кардани истеҳсолоти кишоварзӣ саъй карданд, бояд ҳароина навъҳои маҳаллиро ҳифз намоянд, чунки ин рисолати кори онҳост.

Баъзе аз навъҳои гандум, ки деҳқон аз он тухмӣ мегирифт, аз байн рафтанд. Ҳоло деҳқон тухмии гандуми «Шӯхак», «Сафедак», «Сурхак» (бобоӣ) ё навъи сирпиёзи маҳаллии бунафш ё «Душанбегии — 2»-ро, ки назираш набуд, пайдо карда метавонад? Ғиёсиддин Ҷазоирӣ дар китоби «Забони хӯрокиҳо» аз номи сирпиёз чунин овардааст: «Ман ранги рухсорро боз мекунам. Таъсири ман дар фурӯ бурдани варамҳо ва хурд кардани санги гурда қатъӣ аст». Дар ҳақиқат, исбот шудааст, ки сирпиёз бактерияҳои сирояткунандаро нобуд мекунад, одамон барои пешгирӣ аз сироятҳо ба гарданашон ҳамели сирпиёз меовехтанд. Оё ҳамин сирпиёзи сафеди бурунмарзӣ ҳамаи хосияти сирпиёзи гуфтаи мутафаккири бузургро дорад, ки он ҷойи сирпиёзи тоҷикии маъмулро танг карда, хеле серистеъмол гаштааст? Ҳоло сирпиёзи тоҷикиро дар бозор бо душворӣ пайдо мекунед.

DSC_8996Мусаллам аст, ки меваю сабзавот ба ғайр аз аҳамияти ғизоӣ, хосияти шифоӣ ва парҳезӣ доранд. Маҳз, хосияти шифоӣ ва парҳезии онҳоро ба инобат гирифта, дар тибби халқӣ тавсия медиҳанд. Олими навъофар (селексионер) муваззаф аст кафолат диҳад, ки баъди дурагакунии мева ё сабзавот хусусияти шифобахшӣ ё хосияти табиии он ҳамчун навъи мева ё сабзавот гум намешавад. Он на танҳо баъди дурагакунӣ ё пайвандкунӣ хосияти ғизоӣ ва шифоиашро нигоҳ дорад, балки бартарии истеъмолӣ низ дошта бошад. Мисоли одӣ: Ангур меваи шаҳдбори ғизоӣ, манбаи витаминҳои барои организм зарур мебошад. Дар таркиби он миқдори зиёди қанд (18-25 фоиз), карбогидратҳо, туршиҳои органикӣ ва витаминҳо мавҷуд аст. Дар таркиби мавизи он бошад, то 70 фоиз карбогидратҳо, кислотаҳои органикӣ ва витаминҳо ҷой доранд. Магар дар таркиби ангури навъҳои бурунмарзӣ, ки хеле маъмулу бозоргир аст, ҳамин миқдор ферментҳо ҳастанд? Дар Тоҷикистон аз рӯйи маълумоти расмӣ зиёда аз 193 навъу дурагаҳои ангур парвариш меёбад. Сабаб чист, ки маҳз, ҳамин навъ ангурҳо маъмул гардиданд ва чаро аз онҳо мавиз истеҳсол карда намешавад? Барои он ки ферментҳое, ки дар таркиби дигар навъи ангурҳои маҳаллӣ, масалан ангури сиёҳи калондона, сиёҳи ҳисорӣ, ҳусайнӣ, тойифӣ, кишмишҳо мавҷуданд, дар ангури навъҳои хориҷӣ нест. Навъҳои хориҷӣ хушхӯр нестанд, гарчанде дар бозор нархи қимат дошта, назаррабоянд. Яъне, ангуре, ки нисбат ба дигар навъҳои парваришёбанда аз ҷиҳати аломатҳои фоиданокӣ бартарӣ надорад, то дараҷае дар истеҳсолот паҳн гардидааст. Дар бораи баъзе аз навъҳои бурунмарзии нок, зардолу, гелос низ баҳсҳои зиёд вуҷуд дорад.

Аз мутахассиси собиқадори соҳа- Файзалӣ Шарифов, ки солҳо ба парвариши помидор машғул аст, дар бораи навъҳои он пурсидам. Ӯ аз помидорҳои навъҳои таомбоб «Файзободии сурх», «Утро», «Новичок», «Ракета», «Восток», «Подарок», «Титан», ки хеле хуштаъму писандида буданд, ёдовар шуда, ба онҳо баҳои баланд дод. — Дурагаҳои бурунмарзӣ, — гуфт ӯ, — «Скиф-Ф1», «Шеби-леби Ф-1», «Султон Ф-1», ки нархи як килограмм тухмиашон дар дӯконҳои тухмифурӯшӣ ҳоло то ба 6 ҳазор сомонӣ ва аз он ҳам зиёд дакка хӯрдааст, барои деҳқон гарон мебошад. Аз ин мушкилтар, касе кафолати нешзании пурра ва неруи сабзиши онро дода наметавонад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки расм ва нишондодҳои навъе, ки дар қуттиҳои тухмиҳо нишон дода шудаанд, мувофиқат намекунанд. Вақте ки тухмиҳои истеҳсоли бурунмарзиро бо нархи гарон харида, кишту нигоҳубин мекунед, вале баъди чанд муҳлат мебинед, ки на помидор, балки ба таъбири халқӣ «олучапомидор» мебандад ё ба ҷойи турб чизи кадумонанди хафак рӯидааст, ноумед мешавед. Албатта, ин сардаргумии дигари деҳқон ҳангоми хариди тухми зироат мебошад.

Ҳеҷ кас ба васеъ кардани майдони парвариши навъу дурагаҳои гуногун зид нест, вале дар маҷмӯъ, инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки маҳсулот кафолати таъм дошта, ҳосили хушсифатро таъмин намояд, то ки лаззати даҳони мардумро набарем. Кас мехоҳад маҳсулоти дилхоҳро на ба хотири тиҷорат, балки барои таъмин намудани ниёзи хонавода ба он истеҳсол кунад, вале тухмии писандидаро пайдо накарда, «рӯ ба раҳми Худо» ба замин тухми зироат мекорад, ки дар натиҷа аз маҳсули меҳнаташ бенасиб мемонад. Бояд тазаккур дод, ки навъҳо як ҷузъи фарҳанги кишоварзӣ маҳсуб меёбанд ва ҳифзи онҳо ҳифзи рукни кишоварзии миллист.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки қаб­лан, дар навоҳии ҷумҳурӣ 3 — 4 навъи карам истеҳсол мешуд, ки қабатковоки хушмаза буданд. Ҳоло дар бозорҳои кишвар як ё ду навъ аз ин намуди маҳсулоти маъмул фурӯхта мешавад, ки тухмии истеҳсоли хориҷианд. Илова бар он, кӣ мегӯяд, ки ҳолиё бодиринг, гашнич, райҳон, шибит, ниёзбӯю қаламфур накҳату бӯйи хоса ва хосияти шифобахшро гум накардааст? Ҳол он ки мақсад аз селексия, бояд афзалият бахшидан ба навъ ва зоти зироату наботот бошад ва он аз дигар навъҳои парваришёбанда аз ҷиҳати аломатҳои фоиданокӣ бояд фарқ кунад, балки ин кафолатро навъсоз (навъпарвар) ё селексионер бояд дода тавонад.

DSC_8998Дар собиқ хоҷагии ба номи С. Амиршоеви ноҳияи Кӯлоб, ки солҳои 1980 — 1997 сабзавоткорӣ рушд ёфт, аз навъҳои дар маҳал мутобиқгаштаи зироатҳо, аз ҷумла, аз як гектар помидори навъи «Волгоград-595» — 500 сентнер ҳосил мегирифтанд. Дар он хоҷагӣ аз пиёзи навъи «Испанӣ- 313» — 700, лаблабуи хӯроки чорво — 900, ҷуворимаккаи ­навъи югославӣ — 97 ва аз гандуми навъи «Шарора» ва «Бахт» 50-80 — сентнерӣ ҳосил мебардоштаанд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин арзёбӣ мешуд.

Солҳост, ки дар кишоварзӣ кишти навъҳои гуногуни лаблабу ба ғайр аз лаблабуи сурх, кам ба чашм мерасад ва дар бозор ҳам пайдо кардани он, ҳатто барои парҳезӣ душвор шудааст. Ҳол он ки аз ҳар гектар лаблабуи навъи «Бордо» ё «Дунган» 900 — сентнерӣ ҳосил гирифтани кишоварз ҳанӯз ҳам дар ёдҳост. Пас чаро ин таҷрибаву собиқаро пеши рӯ намеоранд? Ҳоло нақши олимони соҳаи кишоварзӣ кам ба назар мерасад ва мушкилоти дастрасии тухмии навъҳои маҳаллӣ ва ҳифзи онҳо сари касеро ба дард намеоварад ва масъалаи ҳалталаби рӯз гардидааст.

- Солҳои навадуми асри гузашта ва аввали асри ХХI, аз ҷумла, хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи тухмипарварӣ таҷдид шуданд. Он замон тухми зироат дар асоси «нақша-талабот» истеҳсол шуда, харидори муайян дошт ва фурӯши он ба воситаи Иттиҳодияи «Тоҷиксортсемовощ» амалӣ мегашт.

Дар гузашта пирони рӯзгордида ҳар сол барои талаботи хоҷагидориашон аз ҳар намуду навъе мехостанд, аз маҳсулоти парваришнамудаашон ба қадри кофӣ тухмӣ мегирифтанд ва ҳатто мефурӯхтанд. Ҳоло онҳо фикр мекунанд, ки дар дӯконҳо ҳамон помидорҳои гулобӣ ё бодиринги «Марғелонии 822» ё «Таджикский ранний -118» фурӯхта мешавад, ки замоне мардум аз он тухмӣ мегирифтанд. Агар мефаҳмиданд, ки имрӯз он навъҳои хушмаза ва хушбӯй гум мешаванд, ғофил намемонданд.

- Барои дар сатҳи баланд нигоҳ дош­тани сифати истеъмолии маҳсулоти парваришёбанда истеҳсоли он мувофиқи шароити хоку иқлими минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, дар асоси риояи талаботи биологии онҳо бояд ба роҳ монда, дар муҳлатҳои зарурӣ парвариш карда шавад. Барои дар шароити баҳрабардорӣ бо маҳсулоти аз ҳама ҷиҳат аълосифати истеъмолӣ бошад, таъмин кардани хоҷагиҳои гуногун, фикри ба истеҳсоли тухмии ватании зироатҳо ва меваҷот дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистонро бо дарназар­дошти кафолати фурӯши тухмию ниҳоли парваришшуда амалӣ кардан вазифаи олимону мутахассисон мебошад. Барои ҳалли масъала бояд, ташкили хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи тухмипарвариро ба роҳ монд. Чаро аз шаклҳои маъмулии таҷрибаю собиқадошта даст кашида, ­худро дастнигару муҳтоҷи дигарон кунем? Мо бояд дар ин самт маҳсули донишро вобаста ба шароити минтақа ба кор барем, — иброз дошт академик Турсунбой Ахмедов.

Ба ақидаи ӯ масъалаи нигоҳдории захираҳои генетикии навъҳо кори заҳматталаб, вале ояндадори олимону мутахассисони соҳа мебошад. Таваҷҷуҳи ҷиддии мутахассисону деҳқонони собиқадор ба ин раванд боиси васеъ намудани парвариши намуду навъҳои гуногуни зироатҳои маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ гардида, ояндаи соҳаро нек хоҳад гардонд.

Нигоҳдории навъу намунаҳои ин зироатҳо ва ғанӣ гардонидани номгӯйи онҳо бо роҳи интродуксиякунӣ (мутобиқкунӣ), яке аз роҳҳои васеъ кардани номгӯйи маҳсулоти истеъмолии парваришшаванда ба ҳисоб меравад.

Бояд ёдрас шуд, ки дар ҳайати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Маркази миллии нигоҳдории захираҳои генетикӣ растаниҳо фаъолият дорад ва он ба ғун кардани намуду навъҳои маҳаллию интродуксионии зироатҳои истеъмолӣ ва нигоҳдории онҳо вобаста шудааст. Ҳоло дар захирагоҳи муассисаи мазкур зиёда аз 12 ҳазор номгӯйи ин навъҳо гирд оварда шудааст, ки боигарии давлат маҳсуб меёбанд. Вале бояд ворид кардани намуду навъҳои бурунмарзӣ ба ғанигардонии номгӯйи онҳо барои истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси омӯхтани сифату хусусиятҳои онҳо ва дар истеҳсолоти кишоварзӣ ҷорӣ намудан, ба истиснои аз байн рафтани захираҳои генетикии анвои истеъмолии парваришшавандаи маҳаллӣ, амалӣ гардонида шавад.

Дар маҷмӯъ, масъулини соҳаро лозим меояд, таҷрибаю собиқаи мутахассисони соҳибтаҷрибаро сармашқи кор қарор дода, дар баробари рушди навъҳои хориҷӣ, навъҳои минтақабандишудаи қаблиро, ки ба шароити иқлим мутобиқ гардида буданд, барои дастрас кардан ба деҳқон осон намоянд, то кишоварз тавонад маҳсулоти хости дилро парвариш ва истеъмол намояд. Ин масъулиятро нигоҳбони ваколатдор — идораҳои зерсохтори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон — раёсатҳои растанипарварӣ ва тухмипарварӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо», бар дӯш доранд, агар ин масъулиятро, ончунон, ки ҳаст, ба ҷо оранд. Ҳамчунин, стансияҳою қитъаҳои навъсанҷии собиқро дар ҳама минтақа эҳё намудан ба нафъи кор дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»