Дар мавзӯи рӯз

Неруи барқ сарфакорона истифода мешавад

№8 (4270) 21.01.2021

skmcsse7qhqrxykrДар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва баланд бардош­тани маданияти истифодаи он миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён дорад. Дар вилояти Хатлон низ гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, корҳои зиёдеро ба иҷро расониданд.

 Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, соли сипаригардида ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят 2,9 миллиард киловатт/соат неруи барқ ба маблағи 679,7 миллион сомонӣ дода шуда, ҷамъоварии он мутаносибан 85,4 ва 87,6 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 1,23 фоиз ва ё 68,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, ба аҳолӣ соли 2020 ба маблағи 295,7 миллион сомонӣ қувваи барқ дода шуда, ҷамъоварии маблағи он нисбат ба соли 2019-ум 2,31 фоиз ва ё 42, 3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бо андешидани тадбирҳои судманд дар сатҳи вилоят қарзи маб­лағи неруи барқи истифодашуда бо дарназардошти солҳои пеш нисбат ба соли 2019 аз ҳисоби аҳолӣ 6372,2 ҳазор сомонӣ ва қарзи соли 2020-ум ба маблағи 12111,4 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Ҷайҳун, Қубодиён, Панҷ, Дӯстӣ, Кӯшониён, Хуросон, Носири Хусрав, Ховалинг ва Данғара кам гардид. Инчунин, қарзи дебиторӣ аз ҳисоби солҳои пеш дар шаҳру ноҳияҳои Левакант 1,6 миллион сомонӣ, Вахш – 0,5 ва Хуросон 2,7 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15-уми декабри соли 2020 оид ба оқилонаю сарфакорона истифодабарии неруи барқ дар сатҳи вилоят ду ва дар шаҳру ноҳияҳо 175 гурӯҳи корӣ ташкил шуд. Аз ҷониби онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то 5-уми январи соли ҷорӣ 138 ҳазору 502 мулоқоту вохӯрӣ бо фарогирии 1 миллиону 211 ҳазору 581 нафар сокинон баргузор гардид.

Муайян карда шуд, ки аз 18-уми декабри соли 2020 то 6-уми январи соли ҷорӣ муштариёни барқ 273,6 миллион киловатт/соат неруи барқро истифода карда, зиёда аз 7 миллион киловат/соат барқро сарфа намуданд.

Инчунин, бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва ба ин васила баланд бардоштани маданияти истифодаи самараноки он миёни аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо озмуни «Беҳтарин сарфакори барқ» эълон гардида, дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҳамчунин, иттилоъ доданд, ки бо дастури Пешвои миллат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба вилоят се ҳазор тонна ангишт кумак расонида шуда, бо мақсади сарфаи неруи барқ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсим гардид, ки барои гарм нигоҳ доштани қисмати зиёди коргоҳҳо мусоидат мекунад. Ба иттилои масъулин, ба ҳар як шаҳру ноҳия мувофиқ ба маҳал аз 40 то 230 тонна ангишти хушсифат дастрас шуд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

 

- Бо мақсади татбиқи Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» дар ноҳия корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро вусъат бахшида, 163 гурӯҳи ташвиқотӣ ташкил намудем, ки қариб ҳар рӯз бо сокинон дар маҳалли зисташон вохӯриҳо доир менамоянд, — гуфт зимни суҳбат раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода ва афзуд, ки кормандони идеологии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ходимони дин, олимон, шахсиятҳои шинохта, дар маҷмӯъ 763 нафар, шомили гурӯҳҳо мебошанд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИМҲД-и ноҳия Парвиз Халифазода, ки роҳбари гурӯҳи тарғиботист, гуфт, ки бовар дорад, минбаъд таъминот бо неруи барқ душвор нахоҳад гашт. Зеро, ба қавли ӯ, сокинон мақсади муроҷиатномаро хуб дарк карда, ваъда доданд, ки минбаъд қувваи барқро сафакорона истифода мебаранд.

Инчунин, илова ба гурӯҳҳои тарғиботӣ, ба 11 деҳот ва як шаҳраки ноҳия гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ, ки ба он устодони мактабҳои олии вилоят ва сохторҳои давлатии он шомиланд, сафар карда, моҳияти муроҷиатномаро шарҳ доданд.

Натиҷаи вохӯрии гурӯҳи вилоятиро аз сардори Идораи шабакаи барқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Искандар Юнусов пурсон шудем. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:

- Дар ноҳия 3000 муштарӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҷорӣ шудани маҳдудият ва оғози пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ сарфи шабонарӯзии қувваи барқ 2 млн. 600 ҳазор киловатт/соатро ташкил медод. Рӯзҳои аввал сарфи шабонарӯзӣ ба 2 млн. 400 ҳазор киловатт/соат фаромад ва ҳоло ба 2 млн. 200 ҳазор киловатт/соат кам шуд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Истиқлол, ки бино ба гуфти муовини якуми раиси он Муқаддас Алабердиён, қариб 18 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад, шаш гурӯҳи тарғиботӣ таъсис ёфта, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Ба қавли сардори Идораи шабакаи барқи шаҳр Баҳодур Бойматов, то ҷорӣ шудани маҳдудият ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ сокинони шаҳр ва корхонаву идораҳо шабонрӯз 84 ҳазор киловатт/соат қувваи барқ сарф мекарданд. Ҳоло он то ба 68 ҳазор киловатт/соат расидааст.

- Ба ҷуз он, ки гурӯҳҳои тарғиботии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, назоратро аз болои истифода нашудани лампочкаҳои сӯзон пурзӯр намудем, — гуфт Б. Бойматов. — Истифодаи лампочкаҳои сӯзон дар 100 ҳавлӣ ошкор ва истифодаи минбаъдаи он манъ гардид.

Дар радифи гуфтаҳои боло, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истиқлол барқчиён корҳои назоратиро баҳри пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ вусъат бахшиданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»

 

Фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ ҷиҳати тавзеҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба сокинон дар бораи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ бе натиҷа намонд. Фарҳанги истифодаи неруи барқ дар миёни аҳолӣ, хусусан дар фасли замистон, боло рафта, нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардид.

Зимни вохӯриҳо бо сокинон зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, дар баробари бунёди иншооти бузурги тавлиди неруи барқ, ба таҷдиди иншооти энергетикии мавҷудаи кишвар эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Дар натиҷа дар ҳудуди ноҳия таҷдиди неругоҳҳои «Андарбаг», «Техарв», «Ванҷ-1» ва «Пойи мазор» анҷом ёфт.

Ба гуфти намояндаи Идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Ванҷ Файзалӣ Нодулёбов, ҳоло шабакаҳои барқи ноҳия бо зеристгоҳҳо таъмин буда, аҳолӣ ба неруи барқ дастрасӣ доранд.

- Соли гузашта дар ноҳия 11 миллиону 767,390 кв энергияи барқ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2019-ум 249,683 кв зиёдтар буд. Пас аз баргузории вохӯриҳо бо аҳолӣ пардохти ҳаққи истифодаи барқ беҳтар гардида, 57 ҳазор сомонӣ пешпардохт низ шудааст, ки гувоҳи дуруст дарк кардани масъала аз ҷониби аҳолӣ мебошад, — гуфт Файзалӣ Нодулёбов.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

 «Садои мардум»