Мавзӯи рӯз

Ниҳолро вобаста ба ҷой дуруст интихоб бояд кард

№23 (3973) 28.02.2019

9d1b3acb0a811d9b19e39177a31d2fbfЯпонҳо мақоле доранд: «Агар фоидаи яксола хоҳӣ, шолӣ бикор, агар фоидаи даҳсоларо дар назар дошта бошӣ, боғ бунёд кун ва агар фикри садсоларо карданӣ бошӣ, таълиму тарбияи насли нав­расро дуруст ба роҳ мон».

Дарвоқеъ, фоидаи ниҳолшинониро даҳсолаҳо дидан мумкин аст. Шинонидани ниҳолу онро ба воя расонидан дар дини мубини ислом «садақаи ҷория» (савобаш давомдор) шумурда мешавад. Дар ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: «Касе ниҳоле бишинонаду аз меваи он одамӣ, паранда ва ё чорвое бихӯрад, барояш садақа мебошад». Аз ин рӯ, бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки дар сабзу хуррам гардонидани талу теппаҳо ҳисса гузоранд.

Тирамоҳи соли 2017 ва оғози зимистони соли 2018 ҳаво хушку бебориш омад, вале иродаи ҷангалпарваронро шикаста натавонист. Ба гуфти директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода, кандани чуқурӣ, тайёр кардани майдончаҳо, нарм кардани замин ва шинонидани ниҳолҳо тирамоҳи соли 2017 дар шароити хеле вазнин, яъне, набудани намигарӣ ва нисбатан сахту хушк будани замин амалӣ шуд. Кормандони ҷангал дар мавзеи «Сайёд»-и ноҳияи Данғара барои сабзонидани ниҳолҳо аз масофаи дур бо даст об кашонида, ба бехи ниҳолҳо рехтанд. Аз моҳи ноябри соли 2018 то феврали соли ҷорӣ дар мавзеъҳои «Лучоб», «Корхонаи сементбарорӣ», «Боғи Ғалаба», «Оромгоҳи Шоҳмансур» — и шаҳри Душанбе, шафати роҳҳои Душанбе — Ваҳдат, Ваҳдат — Роғун, Норак- Данғара ва шаҳри Норак 30 328 бех ниҳоли дарахту буттаҳои ҳамешасабз, ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонида шуд. Соли гузашта дар 478,6 гектар ҷангал бунёд гардид. Илова бар ин, бо роҳи шинонидани ниҳоли дарахтони себ, нок, зардолу, чормағз, бодом, шулаш, ақоқиё ва ғайра 1414,7 гектар ҷангал барқарор шуд.

Тибқи иттилои шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли гузашта дар мамлакат 2851,2 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Бо мақсади амалисозии «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» дар назар аст, ки соли ҷорӣ майдони боғу токзорҳои нав аз соли гузашта бештар гардад.

Дар шаҳрҳои мамолики пешрафта ба хотири тоза кардани ҳаво «майдони сабз»- ро зиёд мекунанд. Масалан, дар шаҳри Венаи Австрия ба ҳар як сокини шаҳр 36 метри мураббаъ «майдони сабз» рост меояд. Дарахтон на танҳо гази карбонат ва чангу ғуборро ба худ мегиранд, балки мағал ва шавқунро низ кам менамоянд. Аз ин рӯ, олимони соҳа тавсия медиҳанд, ки дар канори шоҳроҳҳо «девор» — и сеқабатаи муҳофизатии дарахтон бунёд карда шаванд: қатори якум дӯлона, қатори дуюм сияҳхор ва қатори сеюм дарахтони ҳамешасабз.

Ба гуфти доктори илмҳои химия Шамс Назаров, дарахтон яке аз таъминкунандагони асосии башарият бо гази оксиген мебошанд.

- Як гектар дарахтзор дар як соат ба ҳисоби миёна ду кило гази карбонатро «фурӯ» мебарад. Ин миқдор газро 200 нафар зимни нафасбарорӣ ихроҷ мекунанд. Аз рӯи маълумоти Ташкилоти озуқавории Созмони Милали Муттаҳид (FAO) ҷангалҳои ҷаҳон соле 2,1 миллиард тонна гази карбонатро «фурӯ» мебаранд, — мегӯяд Шамс Назаров.

Шоху барги дарахтон барои 2,4 миллиард сокини сайёра, ки ба газу барқ дастрасии доимӣ надоранд, сӯзишворӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, алҳол 40 фоизи энергияи барқароршавандаи ҷаҳонро дарахтон ташкил медиҳанд. Дар миқёси ҷаҳон талабот ба биоэнергетика торафт афзуда истодааст.

Баъзеҳо аз он шиква мекунанд, ки ниҳоли шинонидаашон бо вуҷуди сари вақт ғизо додану обёрӣ кардан дер ба ҳосил медарояд ё дуруст ҳосил намедиҳад. Маълум мешавад, ки онҳо дар интихоби ниҳол тавсияи мутахассисро нагирифтаанд.

Назар ба қавли директори Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Ҳикматулло Назиров, шахсе, ки мақсади бунёди токзорро дорад, бояд қаблан бо дастурамалу тавсияномаҳои олимони соҳа шинос гардад. Ҳар минтақа шароити обу хок ва иқлими хос дорад. Мувофиқи таҷрибаҳо дар қисмати ҷанубии мамлакат, алалхусус ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусрав, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷу Ҷайҳун шинондани ниҳолҳои донакдор – зардолу, шафтолу, гелос, дарахтони субтропикӣ (бодом, анҷир, чормағзи пекан, анор) ва ситрусиҳо (лимӯ, афлесун) ба мақсад мувофиқ аст.

- Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии баландтар аз 1000 метр аз сатҳи баҳр асосан ниҳолҳои меваҳои тухмакдор, мисли себу нок ва қисман донакдор, ба монанди олу, гелос, олуболу ва чормағз шинондан лозим. Дар водиҳои Ҳисору Рашт, ноҳияҳои Ховалингу Муъминобод ва Ш. Шоҳин ба миқёси калон шинонидани ниҳолҳои зардолуву шафтолу тавсия дода мешавад, — мегӯяд Ҳикматулло Назиров.

Номбурда тавсия медиҳад, ки бинобар мусоид будани иқлим дар вилояти Суғд дарахтони зардолуву шафтолу ва гелос ҳосили хуб медиҳанд. Дар ноҳияҳои Шаҳрис­тону Деваштич, Исфара ва водии Зарафшон васеъ намудани боғҳои себу ноку чормағз бамаврид аст. Зимни интихоби ниҳоли ток низ хусусиятҳои дар боло зикршударо ба инобат бояд гирифт. Масалан, дар водиҳо парвариш кардани токҳои навъи «кишмиши сиёҳ» ва «ҳусайнии сафед» ба мақсад мувофиқ аст. Дар мавзеи Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ва атрофи он токи навъи «ҷавз» ҳосили хуб медиҳад ва сифаташ низ баланд мешавад. Минтақаи Алмосии шаҳри Ҳисор бошад, бо навъи «тойфии гулобӣ» бештар шуҳрат дорад.

Ба инобат гирифтани нозукиҳои ниҳолшинонӣ ва сари вақт озуқаю об додани ниҳолҳо имконият медиҳад, ки боғу токзори бунёднамуда серҳосил гардад. Бо мақсади берун аз кишвар содир намудани меваю ангур бояд ба сифати маҳсулот низ диққат диҳем. Бинобар ин, мутахассисони масъули соҳаҳои боғу токпарварии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва тавсияи олимон ба боғу токпарварон усулҳои самарабахши нигоҳубини боғу токзорро фаҳмонанд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»