Табиби ман - ҳабиби ман

Норасоии мутахассис — мушкили № 1

№54 (4474) 04.05.2022

Солҳои охир соҳаи тандурустӣ дар ноҳияи Рашт рушд ёфта, мутахассисон бо воситаҳои техникии муосир таъмин мегарданд.

- Шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рашт фаъолиятро тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ мондааст, — иброз дошт сардори он Муҳсиддин Мирзоқурбонов.

Ба гуфти ӯ, дар тобеияти ин сохтор маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 маркази саломатии деҳотӣ, 49 бунгоҳи тиббӣ дар 3 минтақа (минтақаи марказӣ 45 муассиса, минтақаи Ҳоит 6 муассиса, минтақаи Навобод 18 муассиса) иборат буда, ба 135 220 нафар аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд.

Дар онҳо  55 табиб ва 244 корманди миёнаи тиб фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳифзи сиҳатии мардум дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад.

Аз он қаноатмандӣ изҳор гардид, ки соли гузашта сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаи Зарифии деҳоти «Тагоба», деҳаҳои Кочон, Ғарми боло, Қалъаи Шайх ва Ниширёни деҳоти «Навдӣ» ба нақша гирифта шуд. Айни ҳол эъмори бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаи Зарифии деҳоти «Тагоба» ва деҳаи Кочони деҳоти «Навдӣ» анҷом ёфта, бунёди се бунгоҳ дар марҳилаи ниҳоӣ қарор доранд. Аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Тоҷикис­тон» соли 2021 сохтмони бинои Маркази саломатии деҳоти «Нимич» оғоз гардида, дар арафаи таҷлили Ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Дар деҳаҳои Санги кар, Меҳнатобод ва Рувози деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода бино барои бунгоҳи тиббӣ аз тарафи аҳолӣ сохта шуд. Барои таъмин намудан бо таҷҳизоти тиббӣ унвонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ирсол шудааст.

Мушкилоти асосие, ки ба фаъолияти пурсамари муассисаҳо монеа эҷод мекунад, нарасидани мутахассисони дорои маълумоти олӣ, аз ҷумла табибони бемориҳои рӯҳӣ — ду нафар, саратоншинос, табиби бемориҳои сироятӣ — дунафарӣ, гинеколог ва нарколог мебошад. Норасоии таҷҳизоти тиббӣ, аз қабили ЭКГ, ултрасадо ва автоклав аз мушкилоти дигар маҳсуб мешаванд.

- Бовар дорем, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии но­ҳияи Рашт  ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти мавҷуда бартараф мешавад, — гуфт дар хотимаи суҳбат М. Мирзоқурбонов.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»