Оби мусаффо ва хуштаъми Тоҷикистон бозорҳои Кувайтро «забт» мекунад

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

Лого-конференциz_навБаргузории  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) самараҳои аввалини худро ба бор овард

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 9- 11- уми  июни соли равон дар заминаи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт. Давоми рӯзҳои фавқуззикр раванди чорабинӣ аз ҷониби зиёда аз 400 журналистони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ таври густурда инъикос гардида, кишварамон бори дигар  ба сифати  давлате, ки Роҳбараш яке аз ташаббускорони асосии ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, муаррифӣ гардид.

Омили дигаре, ки ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшид, ин иштироки роҳбарони воломақоми мамлакатҳо ва ташкилоту созмонҳои муътабари  байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Шояд барои «баъзе» — ҳо ин омил низ чун  ҳамешагӣ чандон  муҳим набошад, вале ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки иштироки қисмати аъзами роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид дар ин ё он  чорабиниҳои сатҳи баланд, ҳатто дар кишварҳои пешрафта, на ҳама вақт имконпазир аст. Биноан, боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки дар Конфронси мавриди назар Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, роҳбари Барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк, муовини дабири кулл — котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Кристиан Фрис Бах, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Шамшод Ахтар ва дигар ашхоси соҳибмақоми  СММ ширкат доштанд. Дар ин росто, аз кишварҳои гуногун ҳайатҳои бонуфуз бо роҳбарии  сарвазирон ва дигар масъулини баландпоя дар кори конфронс иштирок намуда, ба ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд доданд.

Нуктаи муҳим он аст, ки кулли иштирокчиёни конфронс  ташаббусҳои арзишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони  Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об — барои рушди устувор» ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Дар ин росто, зимни мулоқотҳои Роҳбари мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо як идда иштирокчиёни конфронс  масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба  баррасӣ шуданд.

Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки ин мулоқотҳо ба густариши ҳамкориҳо мусоидат намуда, дар баъзе самтҳо марҳилаи сифатан навро оғоз бахшиданд.Манзур мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо вазири об ва неруи  Давлати Кувайт Аҳмад ал-Ҷассор мебошад. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки муносиботи ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Кувайт маҳз дар заминаи муносиботи хуби дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ беш аз пеш тавсеа ёфта истодаанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва илму техника баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи амалии санадҳои миёни ду кишвар имзошуда, аз ҷумла натиҷаҳои ду сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кувайт ва сафари вазири корҳои хориҷии Кувайт ба Тоҷикистон зоҳир гардид.Ҷалби сармояи давлатӣ ва хусусӣ аз Кувайт барои татбиқи лоиҳаҳои пурсуди Тоҷикистон, аз ҷумла барои азхуднамоии захираҳои фаровони обию энергетикӣ ва интиқоли оби тозаи ошомиданӣ аз кишвари мо ба давлатҳои араб,  яке аз роҳҳои муҳими густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ номида шуд.

Аҳмад ал – Ҷассор паёми хаттии Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуда, изҳор дошт, ки «ҷониби Кувайт омода аст сармоягузорони худро барои рушди ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон ташвиқ намояд». Ҳадаф аз овардани ин нукот аз он иборат аст, ки ба хонандагон дар пасманзари  онҳо иттилои хушро бобати роҳ ёфтани обҳои мусаффо ва хуштамъи кишварамон ба бозори Давлати Кувайт расонем. Сухан сари он меравад, ки шурӯъ аз моҳи июли соли ҷорӣ,  ҳар моҳ 20 тонна нӯшокиҳои ташнашикан ва оби нӯшокии истеҳсоли Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» ба Давлати Кувайт содирот мегардад. Масъулини ҶСП «Оби Зулол» муътақиданд, ки маҳсулоти корхона, ки ҷавобгӯйи талаботи байналмилалӣ буда, бо ҷоизаҳои марбутаи сифат қадрдонӣ шудааст, дар бозорҳои Кувайт ҷойгоҳи худро меёбад. Тибқи иттилои дастрасшуда, алҳол мақсад аз  амалинамоии  иқдоми мазкур аз ҷониби роҳбарияти ҷамъият ба даст овардани фоида набуда, асос он аст, ки маҳсулот дар бозори Кувайт ҷойи худро пайдо намояд.

Маросими имзои қарордоди дахлдор бобати роҳандозии иқдоми фавқуззикр дар радифи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005 — 2015) сурат гирифт ва онро метавон яке аз самарҳои аввалини ин чорабинӣ арзёбӣ намуд. Итминонамон комил аст, ки пайомадҳои  конфронси зикршуда дар мисоли чунин падидаҳои мусбӣ  раванди муттасил хоҳанд буд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»