Тилло аз ҷумлаи металлҳои қиматбаҳо маҳсуб ёфта, давоми асрҳо арзишу манзалат гум накардааст. Дар қадим сармояи инсонҳо ва кишварҳои алоҳида аз рӯйи ҳаҷми ин металли гаронбаҳо ҳисоб карда мешуд. Дар ҷаҳони муосир низ тилло ҳамчун муайянкунандаи сатҳи иқтидори иқтисодии мамлакатҳо боқӣ мондаву буҳронҳои молиявии чанд соли охир арзиши онро бамаротиб боло бурд.
Инсонҳо низ кӯшиш мекунанд, ки аз он ороишот харидорӣ намуда, ба ин васила завқи зебоипарастӣ ва имконоти молиявии хешро намоиш диҳанд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дастрасии мардум ба маснуоти заргарӣ саҳлу осон набуд. Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар мамлакат фурӯши ин маснуот ба роҳ монда шуд. Акнун ҳама метавонанд дар доираи имконоти молиявӣ онро дастрас намоянд. Мутаассифона, бо маҳсулоти баландсифати заргарӣ, маснуоте низ ба харидорон пешниҳод мегардад, ки сифати он ҷавобгӯйи талабот нест. Барои мисол, дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба харидорон пешниҳод намудани тиллои «низкий», «туркӣ», «арабӣ» ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст. Харидорон низ аз «бренд»-ҳо ба таври мунтазам ва дар ҳаҷми зиёд харидорӣ намуда истодаанд. Ҳол он ки аксари ин маснуот, агар зебоии зоҳириашонро сарфи назар намоем, оҳанпорае беш нестанд.
Тибқи муқаррарот, назорати коркард, истифода, нигаҳдошт, баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродие, ки ин фаъолиятро пеш мебаранд, ба зиммаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ назорати иёргирӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истифодакунандагони маснуоти заргарӣ ва маснуоти дигари маишие, ки аз металлҳои қиматбаҳову сангҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, ҳимояи истеҳсолкунандагони ин маснуот аз рақобати носолим ва ҳимояи манфиати давлат ба роҳ монда шудааст.
Тибқи моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» қисми 14 илова гардида, бар ивази андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ, пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти як грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло ҳаждаҳ сомонӣ ва барои воридоти як грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра се сомониву шаш дирам муқаррар карда шудааст. Натиҷаҳои татбиқи қонуни мазкурро аз сардори Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи мамлакат Дилшод Саидзода пурсон шудем.
Номбурда ёдовар шуд, ки пештар (то мавриди амал қарор гирифтани қонун) вазъи бозори маснуоти заргарӣ ташвишовар буду воридоти он бо дарназардошти талаботи иқтисодиёт ва рушди соҳибкорӣ такмил ва дастгирии давлатиро тақозо менамуд. Таҳлили нишондиҳандаҳои барасмиятдарории маснуоти заргарӣ дар солҳои охир аз он шаҳодат доданд, ки ҳангоми воридоти маснуоти заргарӣ, бо сабаби баланд будани пардохтҳои давлатӣ, ки бо дарназардошти хароҷоти интиқолӣ аз 40 то 42 дарсади арзиши моли воридкардаро дар бар мегирифт, ба таври қочоқ воридшавии маснуоти мазкур тамоюли афзоишро касб намуд. Табиист, ки ҳолати мазкур сабаби рушди бозори пинҳонии харидуфурӯши маснуоти заргарӣ шуда, омилҳои коррупсиониро ба миён овард.
Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду сол қабл зимни суханрониашон дар Форуми байналмилалии соҳибкории «Душанбе-2015» оид ба «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» зикр намуданд, ки дар нуҳ моҳи соли 2015 аз Ҷумҳурии Туркия тавассути хатсайри ҳавоӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба кишвар 700 кг маснуоти заргарӣ, танҳо тилло ворид гардидааст, ки дар асл аз он 15 кг ба таври расмӣ аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, ҳамагӣ 2,1 фоизи ҳаҷми умумии молҳои воридгардидаро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи ба расмияти гумрукӣ надаровардани 685 кг маснуоти заргарии бо роҳи қочоқ воридгардида ба ҳисоби миёна зиёда аз 39,7 миллион сомонӣ ё ин ки 5,9 миллион доллари ИМА пардохти гумрукӣ ба Буҷети давлатӣ ворид нагардидааст. Ин танҳо рақамҳои оморӣ буда, вазни хоси соҳибкории пинҳонӣ ба инобат гирифта нашудааст.
- Муҳимтар аз ҳама, ҳар сол дар раванди таҳияи қисми даромади Буҷети давлатӣ аз рӯи меъёрҳои муайянгардидаи пардохтҳои ҳатмии гумрукӣ воридшавии маблағи калон аз ин намуди фаъолияти соҳибкорӣ ба нақша гирифта мешуданд, ки мутаассифона, иҷрои он бо ҷурми омилҳои зикршуда таъмин намегардид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар сурати 2 доллари ИМА муқаррар кардани меъёри барасмиятдарории маснуоти заргарӣ (тиллоӣ) аз 700 кг маснуоти зикршуда бояд 8,9 млн. сомонӣ ё 1,4 млн. доллари ИМА ворид мегардид. Бояд зикр намуд, ки ин таҳлилҳо ба воридоти расмии маснуоти заргарӣ аз Туркия алоқаманд аст, ҳол он ки ин намуди маснуот аз Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб, кишварҳои ИДМ ва ғайра низ ворид карда мешавад. Агар аз Туркия дар 9 моҳи соли 2015-ум 700 кг маснуоти тиллоӣ ворид шуда бошад, ин нишондиҳанда дар як моҳ ба 77,7 кг, солона ба 932,4 кг баробар хоҳад буд. Ба илова, агар воридоти ин намуди маснуотро аз дигар кишварҳо дар вазни 2,5 кг ба инобат гирем, дар маҷмӯъ 962,4 кг маснуоти зикршуда ба мамлакат ворид гардидааст. Тибқи тартиб ва меъёри муқарраршуда бояд 54,1 млн. сомонӣ, дар ҳолати бо арзиши гумрукии 58 000 сомонӣ ба расмият даровардани 1 кг. маснуоти заргарӣ, ба Буҷети давлатӣ ворид мешуд. Мутаассифона, ин нишондиҳанда соли 2015 ҳамагӣ 1,5 млн. сомониро ташкил додааст. Бегуфтугӯ, дар сурати риоя нагардидани талаботи қонуни мазкур вазъияти баамаломада ба иқтисодиёти кишвар халал ворид сохта, боиси густариш пайдо намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, ғайриқонунӣ пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ, поймол гардидани ҳуқуқи истеъмолкунандагон, аз назорати мақоми ваколатдори давлатӣ дур мондан ва ба муомилот ворид шудани маснуоти ғайристандартӣ мегардид, — афзуд Дилшод Саидзода.
Маълум, ки дилхоҳ қонун дар заминаи таҳлили амиқу доманадор таҳия шуда, зарурати он зимни пешниҳод ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории мамлакат асоснок карда мешавад. Омӯзиши масъала якҷо бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти гумрук нишон дод, ки аз ҳаҷми умумии маснуоти заргарии дар гардиш қарордошта 97,5 фоизи онро маснуоти истеҳсоли хориҷӣ ташкил медиҳад. Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки ба шарофати қонуни зикршуда миёни истеҳсолкунандагони маснуоти заргарии ватанӣ рақобати солим роҳандозӣ ва баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба кишвари содиркунандаи ин намуди маҳсулот табдилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина фароҳам шуд.
- Аз қабули қонуни мазкур (4 июли соли 2016 то моҳи ноябри соли ҷорӣ), новобаста аз таъсири буҳрони молиявӣ, ки дар натиҷаи он қобилияти харидории маснуоти заргарӣ аз ҷониби аҳолӣ бамаротиб суст шудааст, ба кишвар 1315 кг маснуоти заргарӣ ва аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 8 миллиону 423 ҳазор сомонӣ ворид шуд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба солҳои пеш хеле баланд аст. Омили мазкур далели возеҳи он аст, ки татбиқи қонун боиси ғановати буҷет ва пешрафти соҳа гардид, — мегӯяд Дилшод Саидзода.
Ҳамсуҳбатам аз мавҷудияти заминаи мукаммали қонунгузорӣ барои фаъолият дар ин самт изҳори қаноатмандӣ карда афзуд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи тасдиқи Феҳристи корҳое, ки аз онҳо ҳаққи иёр рӯёнида мешавад», «Тартиби иёр гирифтан ва тамға задани маснуоти аз металлҳои қиматбаҳо сохташуда» ба пешрафти кор мусоидат намуданд. Инчунин, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ бори аввал ба кишвар таҷҳизоти махсус ва маводи лаборатории истеҳсоли давлатҳои хориҷӣ ворид карда шуд. Дар маҷмӯъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» ба пешрафти соҳа ва ташкили низоми шаффофи пардохтҳои давлатӣ дар иртибот ба гардиши маснуоти заргарӣ заминаи боэътимод гузошт.
Далер Мерганов,
«Садои мардум»