Парвози ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Тошканд барқарор шуд

№11(3648) 01.02.2017

somonair_samaletЁдовар мешавем, ки аз соли 1992 инҷониб парвози ҳавпаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қатъ гардида буд. Инак, бо хатсайрҳои Душанбе –Тошканд, Тошканд – Душанбе парвозҳои мунтазам аз 20 феврал оғоз меёбанд.

Барои хатсайрҳои зикршуда фурӯши чипта шурӯъ гардид ва Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ин рисолатро ба зима дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ширкати мазкур  иҷрои парвозҳо аз Душанбе ба пойтахти Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд дар мавсими зимистон ҳафтае як маротиба — рӯзи душанбе ба роҳ монда мешавад. Дар мавсими тобистон анҷоми парвоз ҳафтае ду маротиба- рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе дар назар дошта шудааст. Вақти парвоз аз шаҳри Душанбе соати 10 ва аз шаҳри Тошканд соати 12-и нисфирӯзӣ муқаррар шуда, 45 дақиқаро дарбар хоҳад гирифт.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»