Бонги изтироб

Пластика дар киштзор чӣ мекунад?

№ 20.11.2022

38eb1e67af558eb4759f0fb020ba5e78Аз рӯи маълумоти омор ҳар сол дар сайёра 2 миллиард тонна партови маишӣ ҷамъ мешавад. Ин рақам сол то сол афзуда, хатари ба як партовгоҳи бузург табдил ёфтани хонаи умумии инсоният — Заминро бештар мекунад. Боиси таассуф аст, ки миқдори ками ин партовҳо мавриди коркард ё истифодаи такрорӣ қарор мегиранд. Қисми зиёди онҳо бе коркард истода, замин, (хок) об ва ҳавои сайёраро ифлос месозанд. Ҳол он ки партовҳои дар партовгоҳ солҳо бекорхобида метавонанд ашёи хоми арзон барои истеҳсолот бошанд. Масалан, аз 400 банкачаи алюминии нӯшобаҳо метавон як велосипеди кӯдакона сохт. Аз 25 зарфи пластикӣ як курткаи кор, истеҳсол кард. Як кило  рӯзномаи кӯҳнаро метавон ба даҳ рулон коғази ташноб  табдил дод. Аз як  шинаи автомобил метавон як метри  мураббаъ рӯйкаши майдончаи варзишӣ сохт.

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки коркарди дубораи коғазу картон, шиша, пластика, алюминий, оҳан ва ғайра масрафи энергияро кам мекунад. Чунончи, ҳангоми коркарди такрории маҳсулоти алюминӣ масрафи неруи барқ то 90 дарсад кам мешавад.

Хушбахтона, дар ҷумҳурии мо низ дар пайравӣ ба кишварҳои мутараққӣ коркарди такрории партовҳоро ба роҳ монда истодаанд. Масалан, дар бисёр  корхонаҳои хурд коғази ташнобро аз коғазпора истеҳсол мекунанд. Яъне, тавассути ҷамъ карда, ба нуқтаҳои қабули коғазпора супурдани рӯзномаю маҷаллаҳо, коғазу картон ва варақҳои нолозим садҳо дарахтро  аз буридан эмин нигоҳ медорем.

Дар шаҳри Турсунзода бошад, аз партовҳои  пластикӣ истеҳсоли лӯлаҳои  обкаширо ба роҳ мондаанд. Аз ин рӯ, шахсони  алоҳида партовҳои пластикиро аз ноҳияҳои атроф ҷамъ оварда, ба ин корхона  месупоранд. Бо ин роҳ ҷӯю дарёча ва заминҳои  кишт аз партовҳои пластикӣ  тоза мешаванд. Дар акси ҳол партовҳои пластикӣ аз 100 то 500 сол замин (киштзор)-у об ва ҳаворо ифлос намуда, ба саломатии  одамон ва дигар  мавҷудоти зинда зарар мерасонанд.

Бо мақсади пок сохтани муҳити зист аз партовҳои маишӣ, алалхусус пластикӣ, бояд дар шаҳрҳо ва  маркази  ноҳияҳо усули ба навъҳо ҷудо кардани партовҳоро ба роҳ монд. Масалан, дар он  қуттӣ танҳо партовҳои мепӯсидагӣ (пӯчоқи меваю сабзавот, пасмондаҳои ғизо), дар қуттии дигар қоғазу картон ва матоъ (лисбоҳои кӯҳна, латтапора) ва дар қуттии сеюм зарфҳои  шишагину пластикиро рехтан лозим.

Хуб мешуд, ки корхонаҳои коғазбарорӣ ва ё истеҳсоли маснуоти пластикӣ бо муассисаҳои  коммуналӣ  шартномаи ҳамкорӣ баста, аз онҳо коғазпораю партовҳои пластикиро бихаранд.

Усули дигари кам кардани партовҳо ба роҳ мондани нуқтаҳои хариди партовҳои пластикӣ мебошад. Агар дар ҳар як шаҳру маркази ноҳияҳо нуқтаҳои қабули партовҳои  пластикӣ, коғазпора, зарфҳои шишагӣ ва ғайра таъсис дода, онҳоро аз баъзе навъҳои андоз озод намоем, ашхоси бекор зарфҳои пластикию шишагин ва ғайраро ҷамъ оварда, ба  ивазаш маблағи муайян мегиранд. Ин гуна ҳавасмандкунӣ пеши роҳи минбаъд ифлосшавии муҳити зистро гирифта метавонад.

Баъзе аз ашхоси маърифати экологиашон паст дар деҳот маснуоти пластикиро дар ҳаммом ҳамчун сӯзишворӣ истифода бурда, ба муҳити зист ва саломатии худу  атрофиён зарари калон мерасонанд, зеро ҳангоми сӯхтанашон ашёи  пластикӣ ба фазо моддаи заҳрноки диоксин, бисфенол А, винилхлорид, фталатҳо, кадмий ва дигар пайвастагиҳои зарарнок хориҷ мекунанд.

Дар натиҷаи ҳамин гуна рафтори ғайриоқилона имрӯз моддаҳои заҳрноки таркиби пластика тавассути об, ҳаво, маҳсулоти ғизоӣ ва ҳатто пӯст ба организми инсон ворид шуда, ба саломатӣ хатар эҷод мекунанд. Нафас кашидан аз дуди партовҳои пластикии сӯхтаистода, истеъмоли маҳсулоте, ки дар замини хокистари пластика рехташуда рӯёнда шудааст ва нӯшидани обе, ки дар  манбаи он заррачаҳои ноаёни пластика мавҷуданд, боиси авҷ гирифтани бемориҳои саратонӣ, системаи асаб, мутатсия, ақибмонии инкишофи организм ва ғайра мешаванд.

Аз ин рӯ, бояд дар боғчаю мактаб, корхонаю муассиса ва ҷойҳои ҷамъиятӣ  маърифати экологиро тарғиб намуда, ба ҳамватанон тарзи дурусти  муносибат ба партовро, алалхусус ашёи пластикиро,  фаҳмонем, зеро ба манбаъҳои об, канори роҳ, заминҳои кишт  ҳаво додани зарфҳои пластикӣ ё сӯзонидани онҳо теша ба решаи худ задан аст.

 Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».