Нақлиёт

Рӯзгорамонро чӣ гуна пеш барем?

№45 (3682) 27.04.2017

Мерс1Таваққуфгоҳи рӯ ба рӯи РБДА

Мо — ронандагони хатсайри №204 Душанбе — Айнӣ — Ҳисор солҳои зиёд аст, ки ба мусофирон хизмат мерасонидем. Роҳкиро арзон ва мусофирон қаноатманд буданд. Мутаассифона, аз 1 марти соли равон истгоҳи охирини моро аз назди Раёсати БДА-и ҷумҳурӣ ба бозори «Балх»-и ноҳияи Рӯдакӣ бурданд, ки боиси сарсонии мусофирон ва мушкил гаштани хизматрасонии мо гардид.

Дар хатсайри мазкур қариб 60 мик­роавтобуси «Газел» ва «Старекс» хизмат мерасониданд. Роҳкиро аз шаҳри Ҳисор то саршавии маҳаллаи 33-юми пойтахт, ки 18 километрро ташкил медиҳад, 2 сомонӣ буд. Ҳол он ки дар дохили пойтахт роҳкирои баъзе аз хатсайрҳо 2 сомонӣ мебошад. Аз ин рӯ, донишҷӯёну кормандони идораҳои буҷетӣ асосан ба микроавтобусҳои хатсайри №204 менишастанду мо хеле кам дар навбат меистодем. Ҳоло бошад, донишҷӯён ва шахсоне, ки аз деҳаҳои шаҳри Ҳисор ба пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ меоранд, маҷбуранд то бозори «Балх» 2 сомонӣ дода, барои то маҳаллаи 33 омадан ба хатсайрҳои №55 ё 13 нишаста, боз 1 сомонӣ диҳанд. Яъне, хароҷоти ҳаррӯзаи роҳкирои донишҷӯён 2 сомонӣ зиёд шуд. Акнун аксари мусофирон барои аз шаҳри Ҳисор то ба пойтахт расидан ба дигар нақлиёт савор мешаванд. Баъди нисфирӯзӣ низ онҳо то бозори «Балх» наомада, аз наздикии БДА ба нақлиёти дилхоҳашон нишаста, ба хонаашон мераванд. Мо бошем, соатҳо дар бозори «Балх» интизори мусофир менишинем. Ду-се мусофири ҷамъшуда низ оқибат дилтанг шуда, ба ягон мошини сабукрав менишинанд. Ҳар кадоми мо – ронандагон дар оила 4 — 5 нафарӣ фарзанд ё падару модари пиронсол дорем. Ҳар моҳ бояд ҳаққи андозу дигар хароҷотро пардохт намоем. Илова бар ин, роҳи мазкур хеле хароб мебошад ва таъмири он акнун оғоз шудааст. Роҳи вайрон мошинро зуд фарсуда ва таъмирталаб мекунад. Бо ин аҳвол рӯзгорамонро чӣ гуна пеш барем?

Илоҷи ҳалли ин мушкилот мавҷуд аст. Соли ҷорӣ дар рӯ ба рӯи РБДА якчанд таваққуфгоҳ ба истифода дода шуд. Агар масъулини шаҳр ба мошинҳои хатсайри №204 иҷозати аз ин таваққуфгоҳҳо гирифтани мусофиронро медод, мушкили мо ва мусофири хатсайри мазкур осон мешуд. Дар ин сурат маблағи мусофирон, алалхусус донишҷӯёну афроди камбизоат, сарфа ва роҳи омадурафти онҳо кӯтоҳтар мегардид.

Аз таваққуфгоҳи мазкур гирифтани мусофирон ба ҳеҷ ваҷҳ боиси тамбашавии роҳ намегардад, зеро мавзеи зикр­шуда дар канори пойтахт ҷойгир аст.

Бо эҳтиром

Ҳ. Саидов, И. Саломов,

Н. Баротов, А. Ёров, ҷамъ 25 имзо