Арзу тӯли иқтисод

Раванди ноустувории пули миллӣ кӯтоҳмуддат аст

№53 (3847) 01.05.2018

bank-bonk-milliБонки миллии Тоҷикистон қурби хариду фурӯши доллари ИМА ва рубли русии нақдро барои ташкилоти қарзӣ муайян намекунад. Қурби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайяншаванда қурби расмии асъори хориҷӣ буда, танҳо бо мақсади ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет, пардохтҳои гумрукӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ истифода шуда, бо он хариду фурӯш анҷом дода намешавад.

Қурби хариду фурӯш ва табдили асъори хориҷии нақд аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилӣ, бо дарназардошти хароҷоти нақдӣ ва амалиётии ташкилоти қарзӣ муқаррар мешавад ва аз қурби расмии асъори хориҷӣ фарқ мекунад.

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат» соли ҷорӣ бо дарназардошти гузариш ба реҷаи «ҳадафгирии таваррум» дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ, сиёсати қурбии ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асосёфтаро амалӣ карда истодааст.

Тибқи ин реҷа, қурби пули миллӣ дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар мегардад. Талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ бештар хусусияти мавсимӣ дошта, ҳамеша дар оғози сол талабот ба хариди он зиёд ва пешниҳоди он барои фурӯш кам мешавад. Коҳишёбии қурби пули миллӣ ва баландшавии қурби асъори хориҷӣ, бахусус қурби доллари ИМА — и нақд асосан зери таъсири ҳамин омил сурат мегирад.

Моҳҳoи январ — апрели соли 2018 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА устувор боқӣ монда, 0,8 фоиз коҳиш ёфт. Ин рақам дар ҳамин давраи соли 2017 ба 7,6 фоиз баробар буд.

Қурби фурӯши доллари ИМА — и нақд дар бозори ғайрирасмӣ асосан дар нимаи дуюми моҳи апрел баланд шудааст. Ин омил бинобар якуякбора паст рафтани қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА дар он рӯзҳо (то 11,2 фоиз) ва аз таъсири омилҳои мавсимӣ ба амал омад.

Мубодилаи рубли русӣ ба доллари ИМА яке аз манбаъҳои асосии дарёфт кардани асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилоти қарзӣ имконият медод, ки муназзам доллари ИМА — ро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Россия харидорӣ карда, талаботи мизоҷонро ба он қонеъ намоянд.

Тағйирёбии  якбораи қурби рубли русӣ дар чанд рӯзи охир фаъолияти низоми мазкурро халалдор намуда, боиси бамаротиб зиёд гаштани талабот ба доллари ИМА — и ғайринақдӣ аз ҷониби мизоҷони ташкилоти қарзӣ — субъект­ҳои хоҷагидорӣ (аз 16,6 млн. то ба 21,1 млн. доллари ИМА) ва доллари ИМА — и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолӣ гашт.

Инчунин таъсири омили равонӣ, дар навбати худ ба фаъол гаштани бозори ғайрирасмии асъор, баланд шудани қурби фурӯши доллари ИМА сабаб гашт.

Тағйирёбии қурби пули миллӣ дар рӯзҳои охир хусусияти мавсимӣ дошта, ба вазъияти моҳи апрели соли 2017 баамаломада шабоҳат дорад.  Фарқият танҳо дар он аст, ки соли 2017 коҳишёбии қурби пули миллӣ аз аввали сол оғоз гашта, нисбат ба коҳишёбии имсолаи моҳи апрел бамаротиб зиёдтар буд.

То 26 апрели соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон аз бозори дохилӣ (байнибонкӣ) 21,7 млрд. рубли русӣ харидорӣ ва дар он 19,9 млрд. рубли русиро фурӯхта, дар бозори беруна амалиёти вогардонии (конверсияи) асъори хориҷиро анҷом дода истодааст.

Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикис­тон бо мақсади танзими ҳаҷми пули миллии дар муомилотбуда, ҳаррӯза амалиёти барориши (фурӯши) қоғазҳои қиматнокро анҷом дода истодааст, ки аз аввали сол 5,3 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти мусбат будани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ба тағйирёбии қурби пули миллӣ таъсиррасонанда, метавон гуфт, ки раванди ноустувории қурби пули миллӣ кӯтоҳмуҳлат буда, бо барқарор шудани фаъолияти муназзами механизми мубодилаи рубли русӣ ва оғози дахолатҳои асъории бевосита бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудбуда (фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ) бартараф хоҳад шуд.

Шуъбаи матбуоти БМТ