«Равонбахш» маъюбонро ба кор ҷалб мекунад

№53 (3533) 23.04.2016

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Соли дуюм аст, ки дар деҳаи Файзободи деҳоти «Дашти Гуло» ташкилоти ҷамъиятии маъюбон — «Равонбахш» фаъолият мекунад, ки дар он 20 нафар марду зани маъюб ба кор таъмин шудаанд. Муассис ва роҳбари ин ташкилот маъюби дараҷаи якум Зайнулло Муродов аст. Бист сол қабл дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ пойҳои ӯ  аз ҳаракат монд. Бо вуҷуди мушкилоти ҷисмоние, ки  дорад, саъй менамояд барои ҷомеа хизмат кунад. Бо ин мақсад, бо маслиҳату дастгирии раиси деҳоти «Дашти Гуло» Маҳдӣ Орифзода, бахусус масъулони «Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб», 16 дастгоҳи дарздӯзии замонавӣ дастрас карда, корхонаи дӯзандагӣ ташкил намуд. Дар корхона, асосан рахти хоб ва ҷиҳози арӯсӣ тайёр мекунанд.

- Корхонаи мо алҳол дар як бинои муваққатӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, мақсад дорем, ки рӯзҳои наздик бо кумаку дастгирии ашхоси саховатманду сокинони деҳа сохтмони бинои корхонаро бо усули ҳашар шурӯъ кунем. Бо ин роҳ метавонем фаъолияти истеҳсолиамонро васеъ намоем, — гуфт Зайнулло Муродов.

 Темуршоҳи Файзалӣ, «Садои мардум»