Рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳоро чӣ гуна бояд таъмин намуд?

№50 (4000) 04.05.2019

Сиюми апрели соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯи «Ҷанбаҳои стратегии рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақаҳои кишвар» конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карданд.

Муовини директори маркази мазкур Парвиз Муҳаммадзода зимни ифтитоҳ гуфт, ки дастовардҳои замони соҳибис­тиқлолӣ нишон медиҳанд, ки роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо тадбири зиёд андешидаанд. Бахусус, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин масъала мавриди таҳлилу таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Зеро баҳри гузариши кишвар аз шакли аграрӣ — индустриалӣ ба индустриалӣ — аграрӣ ва саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ минҳайси ҳадафи чоруми стратегӣ замина мегузорад.

- Илова бар ин, ҷиҳати беҳтар кардани инфрасохтор, ба талаботи муосир мувофиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд.

Барои фароҳам овардани шароити хубтар баҳри васеъ намудани доираи истеҳсолот истифодаи бештари иқтидори иқтисодӣ, афзоиши воридоти маблағ ба буҷа, азнавсозии фондҳои истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо ва амалӣ намудани барномаҳои соҳавии рушд зарур мебошанд, — зикр кард ӯ.

Инчунин, зикр шуд, ки бо дастгирии шарикони рушд айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 лоиҳа ба маблағи умумии 41,9 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Манбаи маблағгузории лоиҳаи мазкур асосан  Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ, Бонки саудии рушд, Бонки олмонии рушд маҳсуб мешаванд.

Муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода зикр кард, ки тамоюли рушд дар шароити ҷаҳонишавӣ тағйирёбии нақши минтақаҳоро дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ инъикос менамояд. Дар бист соли охир дар иқтисодиёти Тоҷикис­тон тағйироти куллии марбут ба ивазшавии самти истеҳсолот ва механизми фаъолияти минтақаҳо ба амал омад.

Номбурда афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди пешбурди сиёсати иҷтимоӣ ба ташаккул додани се ҷанбаи асосӣ — мусоидат ба таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли муносиб, танзими муносибати корфармо ва корманд ва баланд бардоштани музди меҳнат, эътибори ҷиддӣ медиҳад. Муҳим он аст, ки «Стратегияи бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019» мавриди амал қарор доранд.

- Мусаллам аст, ки суръати баланди афзоиши аҳолӣ яке аз сабабҳои зиёд гардидани шаҳрвандони қобили меҳнат мебошад. Солҳои 2012-2017 захираҳои меҳнатии кишвар ҳар сол 1,8 – 2 дарсад афзоиш ёфта, аз 4596 ҳазор нафар  ба 5396 ҳазор нафар расид. Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ, чунин суръати афзоиш дар солҳои 2020-2021 низ идома меёбад, — зикр кард Э. Сангинзода.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед доир ба ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, ки тараққиёти минтақаҳо дар заминаи рафъи мушкилоти иҷтимоӣ таъмин шуда, дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва барномаҳои соҳавӣ инъикос гардидааст.

Дар суханронии муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиёр Шарифов вазъ ва дурнамои соҳаи саноати кишвар баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки қонуну санадҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳаматарафа ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорони минтақавию хориҷиро, новобаста аз шакли моликият, таъмин карда, барои ҳамгироии иқтисодиё­ти ҷумҳурӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ шароит муҳайё сохтанд.

Номбурда рушди соҳаи саноатро барои инкишоф додани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ карда, афзуд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ соли ҷорӣ зиёда аз 200 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад.

Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода аз пешниҳоди имтиёзҳо ва ташкили раводиди электронӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар доираи мавзӯъ, инчунин намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон суханронӣ намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»