Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар: вазъ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо

№64 (4647) 15.05.2023

Чанде пеш бо ин ном дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муасси­саҳои дахлдори давлатӣ, олимони муассисаҳои илмию таълимӣ, коршиносон, соҳибкорон ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд. Ҳадафи баргузории конференсия таҳлили ҳолати кунунӣ, дарёфти роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳибкории истеҳсолӣ арзёбӣ гардид.

Конференсияро директори Маркази тадқиқоти стратегии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуд. Номбурда қайд кард, ки агар аз ҷониби бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон қарзҳои имтиёзнок зиёд пешниҳод шавад, суръати рушди соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ афзуда, сатҳи зиндагӣ, баланд гардида, монеаҳо бартараф хоҳад шуд. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 декабри соли 2022) чунин таъкид намуданд:  «Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» вазифадор карда мешавад, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин, бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намояд».

 Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегӣ Амин Одинаев дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар: дастовард ва мушкилот» маърӯза кард.

 Иштирокдорон мавзӯъҳои дигар, аз ҷумла «Дастгирии рушди соҳибкорӣ дар низоми бонкӣ», «Кодекси андоз дар таҳрири нав ҳамчун механизми дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ», «Нақши сода гардондани раванди барасмиятдарории гумрукӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда дар рушди соҳибкории кишвар», «Соҳибкории истеҳсолӣ — омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ» ва «Ҳадафи мо – рушди фаъолияти соҳибкорӣ» — ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»