Тибқи иттилои сомонаи Думаи вилояти Маскав, муҳоҷирони меҳнатии машғули кор дар вилояти Маскав дар муқоиса ба соли 2017 аз моҳи январи соли 2018 барои дарёфти патент 300 рубл зиёдтар маблағ пардохт мекунанд. Тавре зикр шудааст, арзиши патенти якмоҳа аз 4 ҳазор рубл то ба 4 ҳазору 300 рубл боло меравад. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо патенти солона кор мекунанд, лозим меояд, ки ба ивази 48 ҳазор рубл 51,6 ҳазор рубл маблағ пардохт намоянд.
Ин муқаррарот дар Қонуни вилояти Маскав «Дар бораи муқаррар кардани нишондиҳанда (коэффисиент)-и таҷассумгари аломатҳои хоси бозори кори вилояти Маскав барои соли 2018», ки чанде пеш вакилони Думаи вилояти Маскав баррасӣ ва қабул карданд, ворид шудааст. Бино ба гуфти муаллифони қонун, қабули санади мазкур ба таъмини мунтазами воридоти маблағ ба буҷети вилояти Маскав аз ҳисоби андоз аз даромади муҳоҷирони меҳнатӣ имкон фароҳам месозад. Тибқи тағйиру иловаи қаблан ба қонунгузории Федератсияи Россия воридгардида, агар шахси дар ин мамлакат ҳузурдошта ин ҳуҷҷатро надошта бошад, ӯро ҷарима то 7 ҳазор рубл, ихроҷ аз кишвар ва манъи вуруд ба Россия ба муҳлати аз 3 то 10 сол интизор аст. Барои корманди бе патент корфармо ҷаримабандӣ ва фаъолияташ то 90 шабонарӯз боздошта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, вазири рушди иҷтимоии вилояти Маскав Ирина Фаевская моҳи майи соли ҷорӣ дар иҷлосияи Думаи вилоятӣ омори ҷолиберо дар бораи саҳми муҳоҷирон дар иқтисоди минтақа ироа кард. Ба гуфти ӯ, аз ҳисоби он ки як маркази асосии сабти ном ва таҳияи асноди муҳоҷирон дар вилояти Маскав дар шаҳраки Сахарово воқеъ шудааст, соли 2016 буҷаи вилояти Маскав аз фурӯши патент ба муҳоҷирон 6,2 миллиард рубл ё 110 миллион доллар фоида ба даст овард. Ба ғайр аз ин, вазири рушди иҷтимоии вилояти Москва эътироф кард, ки муҳоҷирон пеши роҳи коҳиши теъдоди аҳолиро дар минтақа гирифтанд. Соли 2015 аҳолии вилояти Маскав аз ҳисоби муҳоҷирон 88 ҳазор ва дар соли 2016 ба 104 ҳазор нафар афзуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, муҳоҷирони хориҷӣ танҳо 13,7 дарсад аз ҷамъи 3,1 миллион ҷойи корӣ дар вилояти Маскавро ишғол кардаанд ва асосан корҳоеро анҷом медиҳанд, ки сокинони маҳаллӣ ба далели камии маош аз онҳо ҳазар мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, Ирина Фаевская даъвои миллатгароёнеро, ки мегӯянд, муҳоҷирони хориҷӣ мавқеи аҳолии маҳаллиро дар бозори кор танг мекунанд, бепоя номид. Вазири рушди иҷтимоии вилояти Маскав гуфт, муҳоҷирон фишоре ба бозори кори минтақа надоранд, чунки танҳо 1 фоизи онҳо мутахассисони баландихтисос буда, боқӣ машғули корҳои сиёҳ мебошанд. Далелҳо ҳокианд, ки 93 фоизи муҳоҷирон дар вилояти Маскав аз кишварҳои шӯравии собиқ буда, 28 дарсади онҳо аз Ӯзбекистон, 22 дарсад аз Украина ва 20 дарсад аз Тоҷикистон мебошанд.
Мунтазам афзоиш додани пардохтҳои ба муҳоҷирон рабтдошта дар зеҳн андешаеро тақвият медиҳад, ки қонунгузорони ин кишвар дар симои муҳоҷирон киро медида бошанд? Қаблан Сергей Собянин, мири шаҳри Москва низ эътироф кард, ки аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷаи шаҳри Маскав ҳар сол то 14 миллиард рубл ё қариб 300 миллион доллар ворид мешавад. Номбурда гуфт, «ҳарчанд бовар нокарданист, вале саҳми муҳоҷирон дар буҷаи шаҳри Маскав хеле бештар аз саҳми ширкатҳои нафтӣ мебошад». Дар маҷмӯъ, ҳар сол ба Буҷети давлати Федератсияи Россия аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон то 45 миллиард рубл ё қариб 900 миллион доллар ворид мешавад.
Таҳияи Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»