Шаҳри саноатӣ

№61 (3362) 28.04.2015

Танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ дар  шаҳри Исфара 32 корхонаи саноатӣ таъсис ёфтааст

Саноат ҳамеша такондиҳандаи иқтисодиёт аст. Аз ин ҷост, ки дар тамоми ҷаҳон барои рушди он пайваста кӯшиш менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ баробари корхонаҳои саноатии мавҷуда боз даҳҳо чунин корхонаву заводҳо сохта, ба истифода дода шуд. Ғайр аз ин, бо ворид намудани техникаву технологияи нав иқтидори корхонаҳои амалкунанда зиёд карда шуд. Дар шаҳри Исфара, ки минтақаи саноатӣ ба ҳисоб меравад, ба ин соҳа аҳамияти хоса медиҳанд. Исфара дорои канданиҳои зиёди фоиданок, нефту газ, металлҳои ранга ва ғайра  буда, пеш аз Иттифоқи Шӯравӣ низ машҳур буд. Тавре маълум аст, дар кони ангишти «Шӯроб» охирҳои асри XIX истихроҷи ангишт ба роҳ монда шуда буд. Баъдан, солҳои чилуми асри гузашта, корхонаи «Филиз» ба фаъолият шурӯъ намуд, ки давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ маҳсулоти барои фронт лозимаро истеҳсол менамуд. Имрӯз низ ин корхона фаъолият дошта, молҳои ниёзи мардумро аз алюминий истеҳсол мекунад.

Айни замон дар  миқёси  шаҳри Исфара  50  корхонаи саноатии хурду миёна ва азим фаъолият дорад. Аз ин шумора 32-тои он дар замони соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтааст. Зикр кардан ҷоиз аст, ки корхонаҳо асосан ба истихроҷи ангишт, нефту газ, истеҳсоли семент, хишт, гаҷ, маҳсулоти кулолӣ, матоъ, мизу курсии мактабӣ, лампаҳои каммасраф, маҳсулоти ширӣ, спирти этилӣ, молҳои талаботи мардум аз алюминий, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ, консерваи сабзавоту мева, дару тирезаҳо аз чӯб ва пластик машғуланд. Бино ба гуфти мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Мақсудҷон Мамадҷонов, аҳли заҳмати шаҳр дар  зарфи се моҳи соли 2015 фаъолиятро дар заминаи қарору фармонҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории тарҳрезигардида, сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва нақлиёт, дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Исфара ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас  ноил гаштанд.

-Соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятнок буда, доимо таҳти назорати  роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дошта, бо мусоидат ва кӯшишу талошҳои  раиси шаҳр ва масъулини соҳа рушди ин соҳа нисбатан беҳтар  таъмин шуда  истодааст,- гуфт дар суҳбат номбурда.

Мавсуф дар идома афзуд, ки давоми се моҳи соли ҷорӣ саҳми корхонаҳои саноатӣ  дар рушди соҳаҳои гуногун — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба таври устувор равона гардида, ба маблағи    58,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии  пулакӣ ба анҷом расонида шуд, ки 124,2 фоизи нақшаро нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ташкил медиҳад.

Фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, ба монанди  ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ», «Тамохуш-ЗГМИ», ҶСК «Ангишт», ҶМ ДММ «Петролеум Суғд», ҶСК «Заводи спиртбарорӣ», ҶСК «Нилуфар», ҶДММ «Нони Исфара», ҶДММ «МОБ» (масолеҳи оҳану бетонӣ), КТИ «Нобиноён» (корхонаи таълимиву истеҳсолӣ) ва ҶДММ «Баракат Исфара» қобили зикр мебошад.

Масалан, ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» фаъолияти судмандро роҳандозӣ намуда, дар  давраи ҳисоботӣ  маҳсулоти  истеҳсолшударо ба 10,2 миллион сомонӣ расонидааст, ки  нисбати ҳамин давраи соли 2014-ум  4,02 миллион сомонӣ  зиёд аст. Саҳми корхона дар ташаккули буҷет ва пардохтҳои давлатӣ назаррас мебошад.

ҶСК «Ангишт»  низ истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷударо ба роҳ монда, истихроҷи ангиштро дар ин давра ба 3,1 млн. сомонӣ расонид, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта  0,15 миллион сомонӣ бештар аст. Бояд гуфт, ки ин корхона дар таъминоти муассисаҳои буҷетӣ ва аҳолӣ бо сӯзишворӣ, инчунин дастгирии  оилаҳои камбизоат, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ  саҳми сазовор гузошта истодааст.

Ҷамъияти муштараки дорои масъулияти маҳдуди «Петролеум-Суғд» низ  фаъолиятро беҳтар роҳандозӣ намуда,  ба маблағи 6,1 миллион сомонӣ  нефту газ  истихроҷ кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,5 миллион сомонӣ зиёд  мебошад.

Заводи сементбарории ба номи Б. Самадов дар  се моҳи соли 2015 ба маблағи 1,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,028 миллион  сомонӣ  зиёд  мебошад. Қобили зикр аст, ки сохтмони як заводи сементбарории дигар дар шаҳри Исфара бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз як миллион тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст ва моҳҳои наздик бояд сохтмони он шурӯъ мегардид.

Корхонаи масолеҳи оҳану бетонӣ нишондодҳои  худро боло бардошта, дар  ин муддат ба маблағи  65,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки нисбати соли гузашта  6,6 ҳазор сомонӣ бештар аст. Мақсудҷон Мамадҷонов изҳор дошт, ки тайи моҳҳои охир роҳбарият ва масъулини КТИ «Нобиноён» тадбирҳои амалӣ андешида, барои рушди соҳа талош варзида истодаанд. Аз ин ҷост, ки дар зарфи се моҳи аввали соли равон истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 маротиба афзоиш  ёфтааст.

Ҳамсуҳбатам фаъолияти ҶДММ «Баракат»-ро дар миқёси шаҳр барои рушди   соҳибкорӣ, фаъолияти самараноки корхонаи муштарак намунаи ибрат хонда, зикр кард, ки ин корхона дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ   ба маблағи  1,05 миллион сомонӣ хизматрасониро ба анҷом расонидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта  4,3 баробар ё 809 ҳазор  сомонӣ бештар аст.

Бино ба гуфти мавсуф, дар раванди амалигардонии барномаҳои мавҷуда ва таъмини дурнамои рушди истеҳсолот бахши саноат, энергетика ва нақлиёти  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дастгирии истеҳсолотчиёни ватанӣ, ҷалби сармояҳои мақсаднок ба истеҳсолот, дарёфти роҳҳои пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ, тағйири сохтори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, татбиқи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ дар хоҷагии халқ ва дар ин замина таъмин намудани пешрафти назарраси соҳаи саноат, энергетика ва нақлиёт кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»