Шаҳри ваҳдату ягонагӣ

№110-111 (4693-4694) 08.09.2023

шахри вахдатИмрӯз симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ тағ­йир ёфта, он яке аз марказҳои калонтарини саноатию кишоварзии мамлакат ба ҳисоб рафта, дорои таърихи бой ва ёдгориҳои наҷиб мебошад.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикис­тон ноҳияи Орҷоникидзеобод ба Кофарниҳон табдили ном кард. Бо заҳмату талоши зиёди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федерат­сияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикис­тон ба имзо расида, дар Тоҷикис­тон сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид. Ба муносибати ин рӯйдоди муҳим бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Кофарниҳон ба Ваҳдат номгузорӣ шуд.

Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки аксари минтақаҳои ин диёр, ба монанди деҳаҳои Симиганҷ, Панҷикон, Дияҳмон, Бакарон, Чорбоғ, Пчев, Лошғарф, Арху, Вистан, Лифиғар, Ёс, Чӯянгарон, Ромит таърихи беш аз ҳазорсола доранд. Баъдтар дар ин ҷо деҳаҳои Фриштӣ, Роҳатӣ, Тангаӣ, Ғешӣ, Арбобдара, Мачитон, Гулистон ва Камонгарон арзи ҳастӣ карданд. Дар мавзеи Симиганҷ, аниқтараш дар деҳаи Шодмонқалъа, маконе бо номи «Қалъаи Бостонӣ» мавҷуд аст, ки таърихи куҳантар дорад. Бинобар гуфтаи донишмандон, ин ду мавзеъ бо шаҳрҳои қадимаи Вашгирд ва миригарии Ҳисор алоқаи тиҷоратӣ доштаанд. Тибқи кофтукови археологӣ маълум гардид, ки мавзеи «Қалъаи Бостонӣ» ҳанӯз асрҳои IV — II пеш аз милод вуҷуд доштааст. Дар натиҷаи кофтукови бостоншиносон дар деҳаи Хушон қалъаи «Посбонҳо» ва дар деҳаи Коху қалъаи «Ҳисорак» маълум шуд, ки пайдоиши онҳо ба асри X — XII рост меояд.

Тайи солҳои охир ба шарофати соҳиб­истиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат 55 ёдгории таърихию фарҳангӣ эҳё ва мақбараи Мавлоно Юсуфи Ҳамадонӣ таъмиру тармим шуда, ба зиёратгоҳи меҳмонони дохилию хориҷӣ табдил ёфт.

Соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ шаҳри Ваҳдатро сарсабзу хуррам гардонид. Иншооти муосири бо усули замонавӣ, хиёбонҳои ба тариқи нав бунёдшуда шаҳрро ба мавзеи диданию дилрабо табдил додаанд. Доманакӯҳҳои Симиганҷу Ромит ва қаторкӯҳҳои Ҳисор, майдонҳои васеи киштзор ва дарёҳои Кофарниҳону Элок барои меҳнати аҳлонаи заҳматкашони шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат мусоидат мекунанд.

Бинобар мавҷудияти мавзеъҳои истироҳатию инфрасохтори сайёҳӣ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 358 аз 18-уми сентябри соли 2000 дараи Ромит минтақаи истироҳатӣ ва туризм эълон гардид. Имрӯз дар ин дара оби шифобахши «Зайрон», «Резервати биосферии Ромит», 61 истироҳатгоҳ мавҷуд мебошад. Инчунин, 210 хонаи истироҳатӣ, 15 меҳмонхонаи замонавӣ, 4 ҳомстей, 36 ошхона, 4 мағозаи фурӯши армуғон, беш аз 100 дӯкони ҳунармандон, 25 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 25 банкомат ва 30 маркази хизматрасонии автомобилӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имконият фароҳам овардааст.

Манзараҳои нотакрор ва обу чашмаҳои мусаффои мавзеи Симиганҷу дараи Ромит, боғу токзори деҳоти «Чорсу», меваҳои боғоти хоҷагии «Сомонӣ»-и деҳоти ба номи А. Абдулвосиев, хоҷагии деҳқонии «Ёқут»-и деҳоти ба номи Карим Исмоилов, сабзавоту полезиҳои хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Чӯянгарон», «Симиганҷ», «Гулис­тон» ва ба номи Б. Бурунов, гӯсфандони хоҷагии «Меҳнат-Роҳат»-и деҳоти «Ромит», хоҷагиҳои моҳипарварии деҳоти «Баҳор» ва «Ромит» низ аз ифтихороти мардуми шаҳри Ваҳдат мебошанд.

Дар 32 соли истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Дар ҳашт моҳи соли равон истеҳсоли ғалла, сабзавот, картошка ва полезӣ нисбат ба 10-12 соли гузашта даҳҳо маротиба афзуд.

Имрӯз дар шаҳри Ваҳдат қасри фарҳанг, боғи фарҳангу фароғатӣ, осорхона, кохи маърифат, 6 хонаи маданият дар деҳот, китобхонаи марказӣ, 46 филиали китобхонаи марказӣ дар ҷамоати деҳот, мактаби бачагонаи санъат, мактаби бачагонаи рассомӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Бахшида ба ҷашну идҳои давлатию миллӣ дар китобхонаи шаҳр ва деҳоти он озмуну конфронси хонандагон, маҳфилҳои адабӣ, мусиқӣ ва намоиши китоб баргузор мешаванд.

Хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат, новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта, рушд ёфта, сатҳи зиндагии мардум баланд ва некуаҳволиашон беҳтар мегардад. Шаҳри Ваҳдат аз канданиҳои фоиданок низ бой аст. Захираҳои ангиштсанг (кони ангишти Сайёд), гази сӯзанда, флюорит, масолеҳи бинокорӣ, (гаҷ, гил, рег ва шағал), сангҳои ороишӣ, тилло, ашё барои истеҳсоли семент ба рушди соҳаи саноат мусоидат мекунад. Дар ин ҷо кони тиллои Покрӯд воқеъ аст. Аз баракати фаъолияти бонизому пурсамари ин коргоҳҳо ва дигар корхонаҳои саноатии мавҷуда мардум зиндагии осудаҳолона доранд.

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2003 таҳти №503 «Дар бораи Консепсияи рушди саноати Тоҷикистон» сохтмони корхонаҳои нав, азнав­созӣ ва барқарорсозии хатҳои нави технологӣ пешбинӣ шудааст. Айни замон дар шаҳри Ваҳдат беш аз 50 фоизи корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият доранд. ҶДММ «Хишти Ваҳдат», ҶДММ «Ганҷ-2000», ҶДММ «Ваҳдат-Хуалун», ҶДММ «Шуҳрати Ҷаҳонгир», ҶДММ «Кирамзит», ҶДММ «Исфанҷ-2019», ҶДММ «Тилло-Жило», ҶДММ «Уктам», ҶДММ «Беҳтарин Кола» ва ҶДММ «Зилол» аз ҷумлаи онҳо буда, хатҳои технологии корхонаҳои номбурда нав карда шуданд.

DSC_0673Ширкатҳои сохтмонӣ низ дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори зиёди ободониро ба анҷом расониданд. Аз ҳисоби маблағгузориҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва соҳибкорон 20 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои баландошёнаи 50-ҳуҷрадор, маркази савдои замонавӣ (дар шоҳроҳи Ваҳдат-Файзобод), ҳаммоми замонавӣ ва маркази савдо (дар кӯчаи Сомониён) ва якчанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ ва дигар нуқтаҳои савдо, ки дорои шароити зарурӣ мебошанд, аз иншооти калони ҷашнӣ ба ҳисоб мераванд. Корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии беш аз 50 мағозаю муассисаҳои маишӣ, иншооти истеҳсолӣ, коммуналӣ низ дар арафаи анҷомёбист.

Сию ду соли соҳибистиқлолӣ дар қиёс ба таърихи чандинҳазорсолаи давлату давлатдории миллати тоҷик фосилаи чандон тӯлонӣ нест, аммо дар сарнавишти ин миллати куҳанбунёд 32 сол ҳамчун давраи озмоиши ҷиддии таърихӣ дар дуроҳаи ҳас­тию нестӣ, марҳилаи аз вартаи азбайнравӣ нигоҳ доштан ва эҳё гардидан арзёбӣ мешавад. Он имтиҳони бузурги садоқат, қаҳрамонӣ, бунёдкорӣ аст.

 Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»