Сохтмон — муҳаррики соҳаҳои дигар

№108 (3588) 18.08.2016

Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 августи соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоишгоҳи масолеҳи сохтмонии корхонаҳои ватанӣ ва дастовардҳои соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аҳмадзода Ҷамшед зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ рушди соҳаи сохтмон ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя дар ин самт мебошад. Зикр шуд, ки дар натиҷаи тадбирандешиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур дар кишвар рушд намуда, биноҳои зиёд сохта шуд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор дошт, ки дар муддати на чандон тӯлонӣ бунёдкориву созандагӣ ҷараёни тоза гирифт. Гувоҳи ин гуфтаҳо ҳар сол ба истифода додани садҳо бинову иншооти таъиноти гуногун мебошад. Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки ягон соҳаи хоҷагии халқ бе сохтмон инкишоф намеёбад, аз ин рӯ баргузории чунин чорабиниҳо муҳим аст. Иброз шуд, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи сохтмон шароити мусоид фароҳам шуда, сарфи назар аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ инкишоф дорад.

Дар намоишгоҳ корхонаву ташкилотҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ, аз қабили ҶСК «Шаҳрофар», ҶСК «Корезлоиҳа», ҶДММ «ГМ ва Партнёрҳо», ҶСК «Селтехпроект», КВД «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ», КВДҶ «Нурофар», ҶДММ «Хорои Хуҷанд», ҶДММ «Сипар-пласт», ҶСК «Авиценна», ҶДММ «Корвони аср» ва  ғайра иштирок намуда, намунаи лоиҳа ва маҳсулоти истеҳсолкардаашонро ба маъраз бароварданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»