Сокинони Бартанг ғамхориҳои Пешвои миллатро арҷгузорӣ мекунанд

№43 (3523) 31.03.2016

Худоеров ХудоерБар асари заминларзаи сахте, ки 7 декабри соли 2015 дар водии Бартанг ба амал омад, даҳҳо хонаи истиқоматӣ, биноҳои маъмурӣ ва роҳу кӯпрукҳо вайрон шуданд.

Аз рӯзҳои нахустини ин ҳодиса бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чораҳои зарурӣ андешида шуда, мардуми ҷабрдида бо сарпаноҳ ва хӯрокворӣ таъмин шуданд. Кумаку дастгирӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин сокинони зарардида то ҳанӯз ҳам идома дорад. Мутаассифона, дар расонаҳои хабарӣ баъзан андешаҳое ба табъ мерасанд, ки аз ҳақиқат дуранд. Аз ин рӯ, зарур донистем, ки матлаби зерро ба хонандагони рӯзнома пешкаш намоем, то худ хулоса бароранд.

Рушди водии Бартанг  ҳамеша дар маркази диққати Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳанӯз моҳи марти соли 2013 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №82 Дар бораи тасдиқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон» ба тасвиб расид. Ин ҳуҷҷат аз 66 банд иборат буда, самтҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ, энергетика ва саноат, инфрасохтор, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳиро пурра дар бар мегирад.

Муҳлати иҷрои нақшаи чорабиниҳо солҳои 2013 — 2017 муайян шудааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон бо дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли охир баҳри амалӣ намудани «Нақша — чорабиниҳои оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанг» корҳои муайянеро анҷом доданд.

Аз рӯи таҳлилҳо аз 66 банд 19 банд пурра (29 фоиз) иҷро гардида, муҳлати иҷрои 9 банд қисман (14 фоиз) то моҳи январи соли 2017 мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2014 барои азхудкунии заминҳои нав дар деҳоти «Бартанг» дар майдони 30 гектар аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 380,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, то 1 январи соли 2015 маблағи мазкур пурра истифода шуда, соли 2015 боз 120,0 ҳазор сомонии дигар маб­лағгузорӣ шуда, азхудкунии заминҳо идома дорад. Таъмири ҷӯйбори деҳаи Бопасор, соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаҳои Емс, Висав, Сипонҷ, Разуҷ ва Рошорв бо маблағҳои давлатӣ ва сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 732,2 ҳазор сомонӣ анҷом дода шуд.

Дар соли 2014 дар деҳаҳои Япшорв, Рошорв дар майдони ду гектар ва Хиҷезу Равмед дар майдони як гектар боғ бунёд гардид. Дар мавзеи «Қоқчангал»-и деҳаи Савноб 30 гектар ҷангалзор ва дар деҳаҳои водии Бартанг панҷ гектар боғи куҳна аз нав эҳё шуд. Ин корҳо тавассути ёрдами Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон амалӣ шуд.

Соли 2013 барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 70 гектар чарогоҳҳои мавзеи Ақташи водии Бартанг корҳои барқарорсозии ҷӯйбори асосӣ ва обтақсимкунакҳо дар ҳаҷми 30,0 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, мавриди истифода қарор  гирифтанд.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ роҳи мошингард аз Рӯшон то Басид ва аз Мускул то Рошорву Япшорв мавҷуд буду халос. Яъне, агар ба Ғудара рафтанӣ бошӣ, аз Басид то он ҷо пиёда мерафтӣ ё тариқи роҳи Рӯшон –Хоруғ-Мурғоб-Мускул-Ғудара, ки қариб 300 км-ро дар бар мегирифт. Дар даврони истиқлолият роҳи мошингард аз маркази ноҳия то Ғудара кушода шуд.

Бо мақсади сохтмон ва таҷдиди роҳу кӯпрукҳо аз соли 2013 то 2015 барои водии Бартанг 2160,0 ҳазор сомонӣ ҷудо ва аз худ карда шуд. Аз ин маблағ панҷ кӯпруки роҳи автомобилгарди Хиҷез- Равмед сохта шуда, мавзеъҳои хавфноки  роҳи Рӯшон-Басид бехатар гардонида шуданд.

Солҳои 2013-2015 барои ин водӣ аз тарафи Вазорати нақлиёт як боркунаки фронталӣ ва як экскаватор ҷудо карда шуд. Баъди заминларзаи моҳи декабри соли 2015 бо супориши Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чор трактори тамғаи ДТ-75 барои водии Бартанг фиристонида шуд.

Дар маҷмӯъ, барои таҷдид, сох­тмон ва нигоҳдории роҳи Рӯшон — Савноб 3013,5 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Дар баробари ин, се соли охир алоқаи мобилӣ то Ҷамоати Савноб (деҳаҳои Савноб, Рошорв, Япшорв, Нисур) дастрас аст ва рӯзҳои наздик деҳаҳои Ғудара, Рухч, Пасор ҳам ба он дастрасӣ пайдо менамоянд.

Феълан дар деҳоти водии Бартанг намоиши барномаҳои телевизионии Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон» пахш мегарданд.

Танҳо се соли охир дар водӣ ба маблағи 3130,6 ҳазор сомонӣ сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ анҷом дода шудааст. Дар соли 2015 сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и деҳаи Ғудара бо маблағи 1360,0 ҳазор сомонӣ ба итмом расид. Барои бунёд ва хариди таҷҳизоти синфхонаҳои иловагии мактаби №26 деҳаи Разуҷ 1060,0 ҳазор сомонӣ ва таъмири мактаби №40 деҳаи Бопасор 200,0 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои таъмирӣ ба сомон расиданд.

Аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳакашии мактаб-интернати деҳаи Сипонҷ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 деҳаи Рошорв оғоз шуда, сохтмони онҳо соли равон шурӯъ мешавад. Баъди заминларзаи шадид мактабҳои деҳаҳои Нисур ва Рухч аз истифода баромаданд. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ мактаби деҳаи Нисур ва бо маблағгузории зодагони водии Бартанг, ки алҳол дар вилояти Твери Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, мактаби деҳаи Рухч аз нав сохта мешаванд.

Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири ҷории табобатхонаи минтақавии Басид 52,6 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, таъмир ба анҷом расид. Ба табобатхонаи минта­қавии Савноб бошад, аз тарафи вазорати мазкур автомашинаи ёрии таъҷилии тамғаи «УАЗ» тақдим гардид.

Барои азнавсозии НБО — и «Пасор» аз ҷониби  Оҷонсии Япония оид ба рушд 147,0 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд ва ин маблағ мақсаднок аз худ гардид.

Дар деҳаи Сипонҷ сохтмони бинои филиали БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо маблағи 70,0 ҳазор сомонӣ ба анҷом расида, ҳозир дар хизмати мардум аст. Инчунин, қубури обгузари деҳаи Равивд ба маблағи 57,7 ҳазор сомонӣ ва сохтмони кӯпруки пиёдагарди деҳаи Ҷизеви водии Бартанг ба маблағи 58,2 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар водии Бартанг ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ диққати хоса дода мешавад. Ҷӯроббофӣ, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, палосу гилембофӣ, табақу қошуқтарошӣ имрӯз хеле ривоҷ ёфтааст.

Дар деҳаи Бардара коркарди пашм роҳандозӣ шуда, дар ин коргоҳ 12-15 нафар занони маҳаллӣ кор мекунанд. Дар ҷамоатҳои водии Бартанг курсҳои омӯзиши калонсолон ташкил шудааст. Солҳои 2013-2015 ба ин курсҳо 130 нафар ҷалб шуда, касбҳои ошпазӣ, бофандагӣ, кор ба компютер ва забони англисиро аз худ намуданд. Умуман, барои рушди водии Бартанг дар се соли охир зиёда аз 10 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларза дар ноҳияи Рӯшон ба 132 хонаводаи манзили истиқоматиашон пурра вайроншуда 7000 сомонигӣ ва 421 хонавода, ки манзилашон қисман вайрон шудааст, 3000 сомонӣ пули нақд дода шуд. Аз ҳисоби маблағҳои суғуртавӣ 132 оилаи хонаҳояшон пурра валангоршуда 2000 сомонигӣ ва 421 оилаи қисман харобшуда 500 сомонигӣ кумаки яквақта гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, ба 553 хонаводаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон ба маблағи 3 миллиону 276 ҳазору 500 сомонӣ кумаки яквақта расонда шуд.

Оилаҳои зарардида таъҷилан тавассути чархбол ба маркази ноҳияи Рӯшон интиқол дода шуданд. Мардуми деҳоти Савноб дар муддати кӯтоҳтарин бо ҷои зисти муваққатӣ, маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ, либоси гарм ва дигар лавозимоти рӯзгор таъмин гардиданд. Фарзандон барои идомаи таҳсил ба интернати ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои ҷамоатҳои деҳоти Рӯшон ва Н. Додхудоев фаро гирифта шуданд.

Барои оилаҳои бесарпаноҳмонда дар маркази ноҳия ва деҳоти ба номи Н. Додхудоев шароити хуб муҳайё гардид. Бо мақсади дастгирии зарардидагон ва бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намудани онҳо, кашонидани масолеҳи сохтмонӣ барои сохтмони манзили нав корҳои муайяне анҷом дода шуданд.

Ба сокинон маҳсулоти хӯрока ва пӯшока, аз ҷумла орд — 73327 кг, нон – 1389 адад, шири хушк — 955 кг, шакар — 8656 кг, равған — 6248 кг, маска -1421 кг, биринҷ -10056 кг, макарон – 10078 кг, марҷумак -1655 кг, перловка — 4500 кг, картошка — 34635 кг, пиёз — 2070 кг, сабзӣ — 1700 кг, намак — 1731 кг, консерваҳои ҳархела — 5870 қуттӣ ва лӯбиёгӣ — 993 кг, болопӯш — 4094 дона, хайма — 10 адад, рахти хоб – 200 дона, таксарӣ — 393 дона, матрас — 570 дона, пӯшоки духтарона — 44 адад, мӯзаи резинӣ — 419 дона, курткаи бачагона 181 дона ва ғайраҳо сари вақт дастрас ва тақсим шуд.

Дар давраи зимистон барои онҳо 426955 кг ангиштсанг, 506 адад печка, 1377 адад дудбаро ва ғайра дастрас гардид.

Ҳамаи ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми водии Бартанг арҷгузорӣ менамоянд ва барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳояш саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Худоёр ХУДОЁРОВ, раиси ноҳияи Рӯшон