Созишномаҳои тасдиқнамудаи парлумон. Оё татбиқи онҳо имконпазир аст?

№ 05.04.2016

get-blog-imageТасдиқи созишномаҳои гуногун яке аз салоҳиятҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар заминаи  тасдиқу татбиқи онҳо рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа тавсеа бахшида мешаванд.

Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба шарофати татбиқи чунин созишномаҳо иқдомоти зиёд  ҷиҳати расидан ба  аҳдофи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ –  таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодаанд. Бо дарназардошти он ки энергетика яке аз соҳаҳои афзалиятноку муҳим дар иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад, солҳои охир барои инкишофи он як қатор тадбирҳои муассир, аз ҷумла азнавсозиву барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ амалӣ шуда истодаанд. Барои мисол, соли 2014 агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 220 мегаватт ба кор дароварда шуд. Сохтмони навбати дуюми он оғоз гардида, соли 2017, бо дарназардошти навбати аввал, бо иқтидори 400 мегаватт ба истифода дода мешавад.

Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати кишвар корҳои лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб», «Нуробод-1», «Нуробод- 2», «Айнӣ», «Фондарё», «Санобод» ва «Себзор» идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва бунёду барқарорсозии зиристгоҳҳои барқии онҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин, таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» идома дошта, корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои барқи обии «Қайроққум» ва «Сарбанд» шурӯъ мегарданд. Ин омилҳо ба рушди соҳаи энергетика ва истеҳсоли иловагии қувваи барқ мусоидат менамоянд. Табиист,  ки ҷалби сармояи хориҷӣ ба ин раванд  зарур ва ногузир аст. Дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ  босуръат идома доштани корҳои барқароркунӣ дар НБО-и «Роғун» аз ҷумлаи чунин иқдомот буда, рӯз то рӯз  густариш меёбад. Ҳамрадиф бо ин омилҳо,   татбиқи лоиҳаи минтақавии «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA – 1000), ки идомаи мантиқии корҳои басомонрасида дар самти таъмини истиқлолияти  энергетикӣ  буда, татбиқи  ҳар чӣ зудтари он  ба манфиати кор аст, босуръат ҷараён дорад.

Тавре болотар зикр намудем,  дар ин раванд нақши парлумони мамлакат ба сифати мақоми олии намояндагиву  қонунгузори кишвар ва  фароҳамоварандаи фазои мукаммали ҳуқуқӣ дар ҷомеа  назаррас аст. Чанде пештар чандин созишномаҳо,  аз ҷумла  Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ», Созишномаи лоиҳавӣ байни Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ», Қарордоди молиявӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо оид ба лоиҳаи «Ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон», Созишномаи қарзӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба «Ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ», Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Байниминтақавии тиҷорати неруи барқ» — ро,  ки ба татбиқи   лоиҳаи минтақавии CASA – 1000 рабт дошта, аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ  пешниҳод гардида буд,  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуданд. Дар ҳоле ки буҳрони ҷаҳонии  молиявӣ бемайлон доман паҳн намуда истодааст, оё  татбиқи чунин созишномаҳо, ки бо маблағгузории ташкилоту созмонҳои молиявии байналмилалӣ бояд амалӣ шаванд зери суол намеравад?  Бо ин суол ба муовини якуми вазири молияи мамлакат  Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон муроҷиат намудем. Бино ба гуфти ӯ, барои татбиқи созишномаҳои  мавриди назар тамоми имконият  мавҷуд буда, ба ҳеҷ ваҷҳ ба раванди  амалӣ намуданашон латма ворид нахоҳад гашт. Ташкилоту созмонҳое, ки дар якҷоягӣ бо онҳо бояд созишномаҳо татбиқ шаванд, аз муассисаҳои бонуфузи  молиявии сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, уҳдадориҳояшонро дар доираи ин созишномаҳо сари вақт ба ҷой оварда истодаанд. Кормандони масъули вазорат мунтазам ба нафарони зидахли ин ташкилоту созмонҳо дар иртибот буда, барои дар муҳлати пешбинишуда амалӣ шуданашон аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда истодаанд. Вобаста ба зарурати пешниҳод ва қабули  созишномаҳои зикршуда  ҳамсуҳбатам зикр намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ имконияти истеҳсоли барзиёди неруи барқ дар тобистон дида мешавад, дар ҳоле ки давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳамин фасли сол аз норасоии қувваи барқ танқисӣ мекашанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои зикргардида  имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, татбиқи ислоҳоти заруриро дар ин самт амалӣ намуда истодааст. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ лоиҳаи минтақавии «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA – 1000) таҳия ва ҷонибдорӣ карда шуд. Мақсади лоиҳаи мазкур интиқоли барқи изофаи давраи тобистона ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Ҳамчунин, лоиҳаи мазкур ба коркарди механизмҳои ташкили бозори минтақавии неруи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат хоҳад кард.  Айни замон дар мамлакат дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои байналмилалии молиявӣ 63 лоиҳаи сармоягузорӣ  ба маблағи умумии 2,6 миллиард доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Соли гузашта ҳаҷми умумии маблағҳои азхудгардида дар доираи лоиҳаҳои мазкур 1,3 миллиард сомонӣ, аз ҷумла маблағҳои  қарзӣ 194,8 миллион сомонӣ, грант 1 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 80,74 миллион сомониро ташкил медиҳад.  Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки шартҳои пешниҳоднамудаи қарз дар доираи созишномаҳои фавқ  пурра ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ мутобиқат менамояд, зеро элементи грантии он зиёда аз 35 фоизро ташкил медиҳад.

- Нуктаи муҳим он аст, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи созмону ташкилотҳои мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муназзам рушдёбанда тамоюли афзоишро касб намудааст. Аз  тарафи дигар, омили мазкур далели возеҳи аз ҷониби чунин ташкилоту созмонҳо эътироф гардидани  мамлакати мо буда, аз эътимод маншаъ гирифтааст, — гуфт дар фарҷом ҳамсуҳбатам.

 Далер Мерганов, «Садои мардум»