Судҳо дар беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ саҳмгузоранд

№ 04.06.2022

Ин нуктаро раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавлуда Қаландарзода дар ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми сармоя­гузорон дар рушди саноат: баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он», ки 26 майи соли 2022 доир гардид, зикр кард.

Воқеан, дар даврони Истиқлолияти давлатӣ беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи мустақим ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар табдил ёфт.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода иброз дошт, ки воситаи асосии вусъат бахшидан ба соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам намудани фазои мусоиди ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин рӯ, мунтазам амалӣ намудани тадбирҳои судманд ба баланд гардидани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар рейтингҳои байналмилалӣ оид ба пешбурди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ замина гузош­та, ҷумҳурӣ дар ин раддабандӣ соҳиби мақоми баланд аст. Дар ин самт содатар гардонидани ҳуҷҷатгузорӣ, баррасию ҳалли муроҷиати соҳибкорону сармоягузорон тавассути ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ ба мақсад мувофиқ мебошад, — афзуд ӯ.

Ҳамоиш дар ду қисм  идома ёфта, дар маҷмӯъ, беш аз 70 намояндаи вазорату кумитаҳо, донишгоҳҳо, корхонаю бонкҳо ва ширкату ҷамъиятҳо иштирок ва маърӯза карданд.

Аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, таҳияи кодекси сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, дар баъзе ҳолат сари вақт баррасӣ нашудани муроҷиатҳои соҳибкорон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, мудири шуъбаи ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Абдуҷалилов аз баррасӣ нашудани зиёда аз сад арзу шикояти баъзе аз соҳибкорон ва шаҳрвандон, ки тӯли 12 сол давом дорад, изҳори нигаронӣ намуд.

Мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дониёр Сангинов дар бораи таҳияи кодекси сармоядорӣ ва соҳибкорӣ ибрози андеша кард, ки ҷолиб буду баҳсбарангез.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»