Таъкиди Сарвазир оид ба зарурати сохтмони роҳи оҳан барои Тоҷикистон

№25-26 (3010-3011) 01.03.2013

Санаи 26 феврали соли ҷорӣ дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид ба вусъат бахшидани сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат –Ёвон машварати корӣ доир шуд.

Оқил Оқилов зарурати сохтмони роҳи оҳани мазкурро барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва беҳдошти ҳаҷми боркашонӣ махсус таъкид карда, изҳор дошт, ки анҷоми бомуваффақи корҳои сохтмонӣ дар қитъаи мазкур метавонад қисмати ҷануби мамлакатро аз хизматрасонии роҳи оҳан ҳар чӣ бештар баҳравар гардонад.

Тавре таъкид шуд, айни ҳол сохтмон дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат –Ёвон мувофиқи нақша идома дошта, як қатор корҳои аввалиндараҷа аллакай анҷом ёфтаанд.

Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро вазифадор кард, ки лоиҳаи камхарҷи сохтмони роҳи оҳани мазкурро баррасӣ намуда, суръати пешбурди сохтмонро афзун намоянд ва барои бастани қарордод бо сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дарёфти манбаъҳои маблағгузории сохтмони роҳи оҳан тадбирҳои зарурӣ андешанд.