Тоҷикистон ва Хитой: 200 санади дуҷониба тавсеабахши ҳамкориҳоянд

№№6(3643) 21.01.2017

Тибқи ёддошти тафоҳуми ба имзорасонидаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Пажӯҳишгоҳи стратегӣ — тадқиқотии «Роҳи абрешим»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой, моҳи майи соли 2017 Форуми сармоягузории Пекин — Душанбе дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор мегардад.

Дар ин бора аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Мақсад аз баргузории чунин форумҳо, пеш аз ҳама, ҷалби бештари сармоя ба иқтисоди кишвар мебошад. Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон шароити мусоиди фаъолият дар ҳама самт мавҷуд аст. Имтиёз ва дастгириҳои давлатӣ дар самти сармоягузорӣ дар сатҳи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд. Воқеан, новобаста аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ҳаҷми воридоти сармоя ба кишвар афзоиш ёфтааст. Агар соли 2015 ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 405,9 млн. доллари амрикоӣ танҳо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид шуда бошад, пас дар нуҳ моҳи соли 2016 ин рақам 429, 4 млн. доллари амрикоиро ташкил намуд. Бояд қайд кард, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат аз соли 2007 то 9 моҳи соли 2016 — ум 7,3 млрд. доллари ИМА — ро ташкил додааст, ки ҳиссаи сармояи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар он 25 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 4 январи соли 1992 барқарор шудааст ва заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишварро тақрибан 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти махзани Низоми иттилоотии идоракунии кумаки беруна, то 1 январи соли 2016 кумаки бебоз­гашти Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 216,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

Ҷумҳурии Халқии Хитой солҳои охир ба воситаи Бонки воридоту содирот (ЭксИмБонк) ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад. Барои татбиқи лоиҳаҳои «Хатти интиқоли барқи 500 кВ «Ҷануб-Шимол», «Хатти интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор-Хатлон», «Сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ «Ҳуҷанд — Айнӣ», «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок» ва «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Данғара» бонки мазкур 959,6 млн. доллари ИМА қарз додааст.

Панҷ лоиҳаи дигар, аз қабили «Таҷдиди зеристгоҳи «Регар — 500 кВ», «Сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», «Сис­темаи автоматикунонии идораи нақлиёти шаҳри Душанбе», «Сохтмони нақб дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон» ва «Сохт­мони заводи креолит ва флюрорити «Талко» низ ба маблағи 568,25 млн. доллари ИМА аз ҳисоби қарзҳои ЭксИмБонк амалӣ гаштааст.

Ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ зиёд аст ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»