Қурби асъор барои он фарқ мекунад, ки…

№54 (4474) 04.05.2022

0D78DBB8-EAEA-4BA8-8E0C-276E0AF065C3_cx15_cy13_cw79_w1200_r1Аз охири моҳи феврали соли равон қурби асъори хориҷӣ дар кишвар борҳо тағйир ёфта, қурби рубли русӣ якбора аз 150 сомонӣ (1000 рубл) то ба 80-90 сомонӣ паст шуд. Доллари ИМА бошад, баръакс аз 1130 сомонӣ (барои 100 доллар) дар аввали март то 1300 сомонӣ боло рафт.

Бо гузашти як моҳ рубли русӣ мавқеашро дар бозори арз устувор намуда, то 170 сомонӣ баланд шуд. Он замон коҳишёбии қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ба мушоҳида мерасид. Ташкилотҳои қарзиву молиявии кишвар дар охири моҳи март 100 доллари ИМА — ро бо 1150 сомонӣ иваз мекарданд. Ин дар ҳолест ки қурби пули мазкур дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон 12,96 сомонӣ нишон дода шуда буд.

Чун фарқи қурби асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзиву молиявӣ бо қурби расмӣ ҳанӯз ҳам ба назар мерасад, барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудем.

Тавре аз шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ иттилоъ доданд, қурби расмӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва инъикоси асъори хориҷӣ бо сомонӣ дар тавозуни муҳосибии субъектҳои хоҷагидорӣ, ба сомонӣ боз­гардонидани маблағи пардохтҳои ҳатмии давлатие, ки бо асъори хориҷӣ ифода ёфтаанд, ҳисобу таҳлили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ истифода мешавад. Яъне, қурби расмӣ бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоб намудани маблағҳои пардохтҳои гумрукӣ муқаррар мешавад.

Таъкид гардид, ки қурби расмӣ қурби харид ва ё фурӯши асъор набуда, Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадор нестанд, ки бо ин қурб асъори хориҷиро харанд ё фурӯшанд.

Ҳамчунин, қурби мазкур барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар муайян кардани қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз (ба) мизоҷонашон асос шуда наметавонад. Аз ин рӯ, байни қурби расмӣ ва қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ фарқ ҷой дорад.

Лозим ба қайд аст, ки бо мақсади гирифтани даромад ташкилотҳои қарзии молиявӣ амалиёти бонкӣ ва дигар аҳдҳоро анҷом медиҳанд. Вобаста ба ин, яке аз амалиёте, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ анҷом медиҳанд, мубодилавӣ мебошад, ки дар асоси он ташкилотҳои қарзии молиявӣ асъорро бо як қурб харида, бо қурби дигар мефурӯшанд.

Мутобиқи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат», сиёсати қурбии пешгирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон намудани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асос ёфта, тибқи он, қурби хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ мустақилона дар асоси таносуби талабот ва таклифот ба асъор дар бозори дохилии асъор муқаррар карда мешавад.

Бонки миллии Тоҷикистон тибқи реҷаи мазкур, танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз ҷумла лаппишнокии аз ҳад зиёди қурбӣ, метавонад ба бозори дохилии асъор дахолат намояд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»