Ҳифзи муҳити зист

Ҳушдори моҳӣ

№123 (4706) 09.10.2023

Environment pollutionАз пайроҳаи назди ҳавлӣ гузаш­та ба роҳи калон баромадам. Дар паҳлуи ин роҳ наҳри начандон калони деҳа қарор дорад. Он аз об пур буд, вале на оби софу зулол. Мушоҳида кардам, ки оби наҳр ноором буду аз дохили он садоҳои аҷиб мебаромад.

Оби наҳр баланд шуду он садоҳо баландтар гаштанд, акнун ғулғулаи ҳавл­ноке ба гӯш мерасид. Қалбам каме такон хӯрд, тарсидам, зеро наҳр серобтар мешуд ва оби ифлос ва бӯйнок ба рӯи роҳ баромад. Хостам қадамҳоямро тезтар монам, то ҳар чӣ зудтар гузарам, вале баръакс ҳис кардам, ки роҳ гаштан бароям душвор мешавад. Чанд қадами дигар мондам, ки селоб роҳро пурра иҳота кард ва аз дохили наҳр ҷонварони моҳирангу вале бадҳайбат берун шуда, рӯи об ва роҳро пур карданд. Дар ҷоям шах шудам, атрофам низ торику ғуборолуд гашт ва дар наздикиҳо касеро намедидам, ки ба ёрӣ даъват кунам. Мехостам садо баланд кунам, дод гӯям, вале овозам дар гулӯям дармонд…Чашмонамро пӯшидам, то он ҷонваронро набинам. Яке аз моҳиҳо, ки калонтару ба ман наздиктар буд, бо забони одамӣ ба сӯям бонг зад:

- Ҳой инсон, чашмонатро кушо, ба сӯям нигоҳ кун. Ин чизеро, ки мебинӣ кори дасти худат ҳаст. Ту ҳикмати рӯзгорро фаромӯш кардаӣ: «Ҳар чӣ ки киштӣ, ҳамон даравӣ». Ту моро ба ин ҳол овардӣ. Дар ҳоле ки мо бароят безарар будем, балки аз мо манфиат мебурдию мебарӣ. Худованд моро халқ карду дар дарё макон дод. Мо, моҳиҳо, ба шумо инсонҳо, ки дорои ақлу заковат ва ҳиссиёти баландед, хизмат мекунем. Ҳатто оби ҷонбахшу ҳаётбахшро ҳамеша тоза нигоҳ медорем, ҳашароту алафҳои зараровару обифлоскунандаҳоро нест ва барои хушҳолии шумо рақсу бозӣ мекунем… Аммо шумо бар ивази ин қадар ғамхориҳо моро азоб медиҳед, заҳролуд месозед, бераҳмона нест мекунед. Дар дарёҳои калон бо шиддати барқу доруҳои заҳролуд миллионҳо ҳамҷинсонамонро қир кардед, онҳое, ки ҷон ба саломат бурданд гурехта, худро дар наҳру дарёчаҳои хурди дохили деҳаҳо хостанд пинҳон кунанд, вале ин ҷо низ бароямон дӯзах гардид, зеро дигар ин обҳо низ бар асари порую ахлот, пластмассаю оҳан, памперсу зарфҳои пластикӣ заҳролуд шудаанд.

Ба моҳии калон дигар ҳамҷинсонаш ҳамроҳ шуда, ба сӯям бонг заданд: — Эй инсонҳо, шумо чаро ба мо зулм мекунед, чаро ношукред, аз ғазаби Офаридгор наметарсед?

Нафасгир шудем. Дигар тобу тоқатамон намонд. Акнун дигар бо шумо дӯстӣ карда наметавонем. Шумо моро қир кардед!

Ин садоҳо чунон баланд буданд, ки бо дастонам гӯшҳоямро маҳкам кардам, дигар намехос­там ин садоҳоро шунавам, вале боз ҳам ҳавлангезтару баландтар мешуданд. Чашмонамро пӯшидам, вале яке аз моҳиҳо маро маҷбур кард, ки ба чашмони суп-сурху милкҳои сиёҳу кабудгаштааш нигоҳ кунам ва ба ман гуфт:

- Ту, журналист, рав, бонги хатар зан! Аҳволи моро ба мардум расон! Ҳоло ҳам фурсат ҳаст. Ба худ биёед, эй инсонҳо, қабри худ­ро бо дасти худ наканед, вагарна мисли мо баданатон заҳролуд, рӯзгоратон тираю тор мегардад, нафастанг мешавед…

Илоҷе карда, худро каме ҷунбондам, хостам худро бедор кунам. Хоби афсункор маро раҳо намекард. Наметавонам…вой…вой…оча…ҷон…о..оо. Якбора такон хӯрда, бедор шуда, худро ғарқи обу арақ дар бистар дидам, каме нафас кашидам, арақи сару рӯямро пок карда, базӯр худро ба берун задам. Дар берун аллакай субҳ дамида, шамолаки маҳин мевазид ва гӯё сару рӯямро сила мекард. Оҳиста-оҳиста нафаскашиам сабук шуд ва аз ҳамсарам хоҳиш кардам, каме об диҳад. Пиёлаи оби овардаашро ба даҳон бурдам. Чӣ қадар гуворою ҳаловатбахш, ба ҷонам гӯё рӯҳи тоза дамид. Худоро шукр…Одамӣ аз оби ширину гуворо ҳаловат мебарад. Фикр кардам, охир моҳиҳо ҳам мавҷуди зиндаанд, об барояшон ҳаёт аст.

Баъд аз тараддудҳои саҳарӣ ва наҳорӣ кардан либосҳои кориамро пӯшида, аз дарвоза берун шуда, аз пайроҳаи назди ҳавлӣ гузашта, ба роҳи калон баромадам. Наҳри паҳлуи роҳ камоб буд. Аз он мисли ҷӯйча об ҷорӣ мешуд. Вақте наврас будем, ин наҳр пур аз моҳӣ буд. Аз ҳар як ҷӯе, ки аз наҳр ба дохили ҳавлиҳо ҷорӣ мегардид, одамон то ҳафт-ҳашт ва зиёдтар ширмоҳӣ мегирифтанд, вале дер боз дигар чунин манзара ба чашм намехӯрад. Ба дохили наҳр назар карда, хостам ақаллан моҳичаеро бубинаму аз ҳаракатҳояш хушҳол шавам, вале аз даруни об калламуше гурехту маро тарсонд. Қадамзанон дохили наҳрро наззоракунон пеш рафтам. Ба ғайр аз моҳӣ дар дохили наҳр тамоми чизҳои дигар буд. Як халтаи даҳонбастаи ифлос дар як кунҷи наҳр, паҳлуи хори хушкшуда руст шуда буд. Дар ҳар як ваҷаб ду-се зарфи пластикӣ, памперсҳои варамкарда, себу нокҳои пӯсида, пучоқи картошкаю пиёз ва боз дигар ифлосиҳо ба мушоҳида расид. Вале аз моҳӣ, ҳатто моҳичаяке дарак набуд.

Ин манзара ва хоби пурдаҳшати шаб дидаам маро ба андеша бурда, хаёлкунон роҳ мерафтам, ки ин замон мошини сафеди «ҶИП»-е босуръат аз наздам гузаш­ту чангу хокро ба ҳаво бардошт. Каме дуртар рафта, аз тирезаи он банкаи холишудаи «Горилла» ба дохили наҳр партофта шуд ва сафи «моҳиҳо»-ро пурра кард…

Эй, бародар, — гӯён даст афшондам, хостам ба он мошинсавор ин амали ноҷояшро фаҳмонам, вале вай ба ман аҳамияте надода, ­сур­ъати мошинро боз ҳам баландтар кард…

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»